Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вализода Одинашоҳ
Мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вализода Одинашоҳ соли 1960 дар ноҳияи Мир Сайиди Алии Ҳамадонӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. 

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб (омӯзгори фанни математика) ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (иқтисодчии соҳаи андоз) мебошад.

Солҳои 1986 - 1997 ба ҳайси муаллими фанни математика кор карда, дар тарбияи насли наврас саҳми муносиб гузоштааст. Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1990) мебошад. Солҳои 1998 - 1999 сардори идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён ва мактаббачагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1999 - 2002 ба ҳайси муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2002 - 2005 мушовири калон-ҳамоҳангсози Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз соли 2005 то моҳи июни соли 2007 дар вазифаи сармутахассис- котиби масъули Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросимҳои миллии шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи июни соли 2007 то моҳи июли соли 2010 муовини сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи июли соли 2010 то моҳи январи соли 2011 ҳамчун Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи январи соли 2011 то моҳи марти соли 2013 ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи марти соли 2013 то имрӯз ба ҳайси мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Номзади илмҳои педагогӣ, дорандаи медали «Хизмати шоиста» ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Оиладор ва соҳиби шаш фарзанд аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520