Ҳикматов Фирӯз Бобоевич
Мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 майи соли 1960 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1983 факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И Ленинро бо ихтисоси филолог-шарқшинос хатм кардааст.
Солҳои 1984-1990 дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ҶШС Тоҷикистон ба ҳайси роҳбалади калон, и. в. Директори павилйони марказӣ ва роҳбари гурӯҳи роҳбаладон кор кардааст.
Солҳои 1990-2011 дар вазифаҳои сармуҳаррири гурӯҳи таҳриру нашр, мутахассиси дараҷаи 1, сармутахассиси шӯъбаи иттилоот ва тарҷума, муовини мудири шӯъбаи умумии Мудирияти корҳои Шӯрои Вазирон, муовини мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2011 инҷониб мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии мебошад.
Бо ордени «Ситораи сурх», медали «Хизмати шоиста» ва медалҳои ҷашнӣ мукофотонида шудааст.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оиладор, падари ду фарзанд мебошад.