Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми телевизионӣ ба муносибати иди Фитр

13.11.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Моҳи шарифи Рамазон – моҳи хайру сахо ва мағфирати гуноҳҳо ба охир мерасад. Ва мо бо қалбу рӯҳи пок аз ҳама гуна ақидаву андешаҳои носолиму носавоб ва бо дилу нияти нек иди саиди Фитрро пешвоз мегирем.

Бояд гуфт, ки рӯза доштан як падидаи диниву фарҳангие мебошад, ки ба таърих ва ҳаёти амалии бисёр халқҳо тааллуқ дорад. Қуръони карим таъкид менамояд, ки он ба қавмҳои пеш аз исломӣ низ фарз будааст. Аз ин рӯ, моҳи шарифи Рамазон ҳамчун рамз ифодагари пайванди таърихии халқҳо буда, фарҳанг ва фалсафаи он ҷавҳари умумиинсонии тамаддуни исломиро ташкил медиҳад.

Парҳез кардан аз худхоҳиву нафспарастӣ ва дар ниҳоят худоҷӯйиву инсонпарварӣ дарси моҳи шарифи Рамазон, дарси мактаби ислом аст.

Ва таърих гувоҳ аст, ки фарзандони фарзонаи миллати тоҷик нафақат аз ин мактаб дарс гирифтаанд, балки дар он дарс ҳам додаанд. Онҳо обрӯву эътибори ин мактабро баланд бардошта, дар инкишофи назария ва фалсафаи исломӣ ба дараҷаҳои баланди озодфикрии гуманистӣ расидаанд. Аз ин рӯ, ислом бояд сарчашмаи муҳими ташаккули худшиносии таърихӣ ва миллии мо гардад.

Фарҳанги халлоқонаи гузаштагони мо қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи имрӯзаву ояндаи мо мебошад. Худшиносии саҳеҳи таърихӣ моро водор месозад, ки бо ҳаёт ҳамқадам бошем ва дар ҳама соҳаҳои ҷаҳони муосир, чи дар сиёсату иқтисодиёт ва чи дар фарҳангу илму техника, саҳми арзанда гузорем.

Тақво ин ҷанбаи маънавӣ ва рӯҳонии рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аст. Барои мо ин аз ҷумла чунин маъно дорад, ки мардуми Тоҷикистон анъанаҳои динии худро азиз ва муқаддас медонад. Вале ҳамзамон дар стратегияи инкишофи миллӣ ва дар мактаби Рамазон дарси парҳезгорӣ омӯхта, бояд аз ҳар гуна идеяву ғояҳои бегона ва майлонҳои идеологии зиддимиллӣ худдорӣ намоем.

Суиистифодабариҳо аз ислом, таърих ва ҳуқуқу озодиҳои динӣ оқибатҳои нек надорад. Ҳувияти динӣ, виҷдони динии мо мегӯяд, ки мо набояд фирефтаи ҳидоятҳои қувваҳои гуногуни экстремистии дохилӣ ва байналмилалӣ шавем.

Имрӯзҳо доираҳои манфиатдор дар сатҳи байналмилалӣ бадқасдона чунин падидаҳои манфии зиддиинсонӣ – ба монанди терроризм ва экстремизмро ба ислом пайванд дода, симои ин дини покро бар хилофи моҳияти гуманистии он манфӣ ҷилва додан мехоҳанд.

Барои он ки ҳақиқати ислом ошкор ва бӯҳтони зиддисломӣ маълум гардад, бояд пеш аз ҳама дар қаламрави кишварҳои исломӣ ягон хел нишона ва унсурҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷой надошта бошанд.

Мо яқин дорем, ки рӯҳи инсондӯстии дини мубини ислом ва рӯҳонияти пешқадами маорифпарвари он печидагиҳои ҳаёти муосирро кушода, дар масири худшиносии мардуми мусулмон ва дар ягонасозии маънавӣ ва ахлоқии башарият нақши сазовор хоҳад гузошт. Ислом барои инсоният аст ва барои тамоми халқҳову миллатҳо хизмат хоҳад кард.

Такрор ба такрор бозгаштҳо ба рӯҳи гуманистии ислом ва фарҳанги созандаи ниёгонамон ба бақову пешрафти миллати тоҷик мусоидат менамояд. Худи калимаи ид маънои бозгаштро дорад.

Аммо чунон бозгаште, ки аз гузашта дарси инсондӯстӣ мегирад ва худро барои хидмат ба инсону инсоният ҳидоят менамояд. Чунин ид ва ин гуна бозгашт хайр аст.

Аз ин рӯ, ҳамватанони гиромӣ, ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям. Ба мардуми Тоҷикистон сулҳу амнияти ҳамешагӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, меҳнати ҳалоли бобаракат ва дастовардҳои тоза орзу менамоям. Умед дорам, ки ҳар як фард ва ҳар як оилаи тоҷик худро дар Ватани аҷдодӣ хушбахт эҳсос мекунад ва барои номи неку пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон тамоми донишу ҳунари хешро сарф менамояд.

Иди саиди Фитр муборак бошад!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520