Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими кушодашавии форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза

30.08.2003 12:00, шаҳри Душанбе

Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!

Бори дигар шуморо аз номи халқи тоҷик ба сарзамини меҳмоннавози мо хайра мақдам мегӯям. Фикр мекунам, барои ҳамаи ширкаткунандагони мӯҳтарами ин Форум зарурати баргузории чунин як ҷамъомади бонуфуз возеҳу равшан аст.

Сиёсатмадорон ва ходимони давлатӣ, олимон ва мутахассисону коршиносои вақтҳои охир аз минбарҳои гуногун доир ба проблемаи танқисии рӯзафзуни оби тоза дар рӯйи замин бо изтироб сухан меронанд. Чунонки маълум аст, имрӯз аз ҳар даҳ сокини олам чор нафар мунтазам аз беобӣ ё камбуди об азият мекашанд. Мувофиқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ оби тозае, ки барои инсон қобили истеъмол аст, ҳамагӣ як фоизи тамоми захираҳои оби сайёраи моро ташкил медиҳад.

Ба ақидаи мо муваффақ шудан ба рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ вазифаи аввалиндараҷа аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳад, то барои ҳалли ин масъала дар асри XXI тадбирҳои чиддӣ, бетаъхир ва муассир андешида шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ иштирокчии фаъоли муҳимтарин чорабиниҳои байналхалқӣ оидбаҳифзи табиат аст.

Кишвари мо, ҳарчанд ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад ва соҳиби беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад. Зеро бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мо низ бо ин проблема рӯбарӯ ҳастем.

Гузашта аз ин, мо аз он дар ташвиш ҳастем, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надорад.

Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо - мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем.

Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои ҷиддӣ, ки Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷӯҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба проблемаи таъминот бо оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, ба масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад.

Сабаби асосии соли байналмилалии оби тоза эълон шудани соли 2003-юм, ки ташаббускори он Тоҷикистон мебошад, ҳамин аст. Ин қарор имкони хуб медиҳад, ки мо дар татбиқи барномаи соли гузашта дар Йоҳаннесбург қабулгардида қадамҳои ҷиддӣ бардорем. Вақте ки аввали октябри соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми Созмони Милали Муттаҳид ман бори нахустин ақидаи Соли байналмилалии оби тоза эълон доштани соли 2003-юмро пешниҳод намудам, аксарият гумон надоштанд, ки мавзӯи захираҳои об аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ташкилоту сохторҳои ғайриҳукуматӣ ба ин андоза дастгирии ҳамаҷониба меёбад.

Вале чунон ки шумо медонед, ин пешниҳод аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирии пурра ёфт ва дар ин хусус Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул кард.

Дар натиҷа проблемаи захираҳои об ба ќатори се мавзӯе ворид гардид, ки ҳамчун масъалаҳои асосӣ барои баррасӣ дар бахши якуми корҳои Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор дар солҳои 2004-ум ва 2005-ум пазируфта шуданд.

Мантиқан хеле дуруст аст, ки сарварони кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мавзӯи об таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд, зеро масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, яъне масъалаҳое, ки асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд, маҳз ба ҳамин захираи стратегӣ, ки манбаи ҳаёт дар рӯйи замин аст, иртибот доранд.

Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти гизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо мебошад.

Ба ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад ва дар чорчӯбаи воқеияти имрӯзаи иҷтимоиву иқтисодӣ идора карда шавад. Аз ин рӯ, дар назди иштирокчиёни Форуми имрӯза вазифае меистад, ки бешак хусусияти глобалӣ дорад. Ин вазифа аз он иборат аст, ки кӯшишҳои давлатҳои ҷаҳон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби тоза дар минтақаҳои гуногуни олам муттаҳид карда шуда, минбаъд ба як маҷро ва самти зарурӣ равона гарданд.

Вакилон ва меҳмонони форум имконияти хуб доранд, ки доир ба ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои татбиқи барномаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири то соли 2015-ум ду баробар кам намудани шумораи одамони аз оби тоза маҳрум табодули назар намоянд.

Дар миқёси ҷаҳон бехатарии об ва захираҳои он маънои сулҳ, пешравӣ ва суботро дар кишварҳо дорад. Амалан мо ба дараҷаи кофӣ об дорем, то ин ки бехатарӣ ва дигар масоили марбут ба таъминоти обро таъмин намоем. Вале муваффақият дар ин самт танҳо дар сурате даст медиҳад, ки мо шакл ва усулҳои маъмулии танзиму истифодабарии захираҳои оби тоза ва инкишофи онҳоро пурсамар гардонем.

Дар марҳилаи ҳозира мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ барои садҳо миллион нафар аҳолии сайёра дастрасӣ надоштани онҳо ба оби тоза мебошад.

Алалхусус дар соҳаи кишоварзӣ танқисии об мушкилот ва монеаҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Аз бисёр ҷиҳат ин натиҷаи азхудкунии бенизоми заминҳои нав ва истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об мебошад.

Бисёр кишварҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон солҳои охир гирифтори хушксолӣ ва обхезиҳои шадиди пайдарҳам гардида истодаанд. Ҳамаи ин натиҷаи афзоиши эҳтиёҷот ба захираҳои об мебошад, ки ҳаҷми онҳо маҳдуд аст.

Дар айни замон баҳру дарёҳо, кӯл ва пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии таъминоти об ҳастанд, мисли дигар сарватҳои табиат аз ҷониби одамон беназардошти оқибатҳои ногувори фардо истифода мешаванд. Масоҳати онҳо торафт маҳдуд мегардад, сифати об бад мешавад, миқдори обе, ки барои таъминоти зарурати инсон лозим аст, низ сол ба сол кам мегардад.

Дар чунин як форуми бонуфузи бахшида ба масъалаи захираҳои об мо наметавонем оид ба ду проблемаи глобалии экологӣ, ки барои мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, сухан наронем.

Ман проблемаҳои марбут ба Кӯли Сарез ва Баҳри Аралро дар назар дорам. Кӯли Сарез қариб як аср пеш дар баландии 3262 метр дар натиҷаи канда шудани кӯҳпора ва баста шудани маҷрои дарёи Мурғоб дар макони серзилзила пайдо гашта, ҳафтод километр дарозӣ, қариб якуним километр бар ва беш аз шонздаҳ миллиард метри мукааб оби тозаи нӯшокӣ дорад. Бо чунин захираи об тамоми аҳолии сайёраро дар давоми як сол бо оби аълосифати нӯшокӣ таъмин кардан мумкин аст.

Вале дар сурати канда шудани сарбанди табиӣ қаламрави бузурге, ки дар он зиёда аз 5 миллион одам умр ба сар мебарад, метавонад зери об монад ва қариб тамоми минтақа хароб гардад.

Табиист, ки мо ҳама кори зарурро анҷом хоҳем дод, то чунин фоҷиа пешгирӣ карда шавад, вале комилан мусаллам аст, ки Тоҷикистон ба танҳоӣ ва ҳатто тамоми кишварҳои минтақа дар якҷоягӣ ин проблемаи глобалии экологиро ҳал карда наметавонанд ва ниёзманди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мутахассисон ва коршиносони варзидаи дунё ҳастанд.

Проблемаи дигар марбут ба нестшавии Баҳри Арал аст, ки дар натиҷаи ба он рафта нарасидани оби дарёҳои Ому ва Сир ба вуҷуд омадааст ва хавфи шӯршавии заминҳои минтақаро ба миён овардааст.

Ман ҳамчун Раиси Фонди Арал бо истифода аз фурсат мехоҳам бори дигар таваҷҷӯҳи оламиёнро ба проблемаи Баҳри Арал ҷалб намоям, зеро он фақат проблемаи минтақавӣ нест. Хушкида аз байн рафтани Баҳри Арал барои иқлими тамоми сайёра оқибати бад дорад, ки ин батадриҷ дар тамоми гӯшаҳои замин эҳсос мегардад.

Солҳои охир гарм шудани иқлими сайёра идома дорад ва ин барои Тоҷикистон боз як хатари нав ба вуҷуд овардааст, ки он бо суръати ғайримуқаррарӣ об шудану торафт кам гардидани майдони мавҷудаи пиряхҳо дар кӯҳистон мебошад. Агар ба ин раванд дараҷаи баланди афзоиши аҳолиро, ки ба Осиёи Марказӣ бештар хос аст, зам кунем, пас тасаввур намудан душвор нест, ки масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби тоза дар оянда то чӣ андоза шадидтар хоҳад шуд.

Аҳолии сайёра низ бо суръат меафзояд ва бо он микдори захираҳои об, ки имрӯз ҳаст, инсоният наметавонад худро бо оби нӯшокӣ пурра таъмин намояд. Дар айни замон таъминоти одамон бо маводи хӯрока, саломатии инсон ва мӯътадилии экосистемаҳо зери хатари ҷиддӣ қарор мегирад. Умуман ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онҳо солҳои охир барои наҷоти аҳли башар аҳамияти бештаре пайдо мекунанд. Сари ин масъалаҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз ҳоло ҷиддӣ андеша кунад.

Мо бояд захираҳои оби худро маҳфуз дорем ва идоракунии пурсамари онҳоро омӯзем, то ин ки дар оянда сатҳи таъминот ва дастрасии инсоният ба оби тоза ва ташкили зиндагӣ аз рӯйи меъёрҳои санитарӣ баланд бардошта шавад.

Коршиносон кайҳо боз ба чунин ақида омадаанд, ки агар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба сифату миқдор ва истифодаи захираҳои обро ҳал накунанд, таъмини рушди устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақа минбаъд душвор мегардад. Бинобар ин, ҳифзи сифати захираҳои об ва истифодаи сарфакоронаву оқилонаи онҳо бояд аз ҷумлаи вазифаҳои умдатарини ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бошанд.

Ба назари мо, ҳалли ин масъала тарзе бояд ба роҳ монда шавад, ки мушкилоти марбут ба нарасидани об барои халқҳои мо на воситаи тафриқаандозӣ, балки омили муттаҳидкунанда гардад. Масъулият барои ин пеш аз ҳама ба зиммаи сарварони кишварҳои минтақа, сиёсатмадорон, мутахассисону коршиносон, аҳли илму фарҳанг қарор дорад, ки бояд роҳи ба низом даровардани ин мушкилотро бо назардошти манфиатҳои тамоми халқҳои таърихан ҳамсоя ҷустуҷӯ ва пайдо намояд.

Ин ҷо ёдрас намудан бамаврид аст, ки Тоҷикистон дорои шабакаи васеи ирригатсионӣ, иншоотҳои муқтадири обрасонӣ ва нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ аст. Аммо имрӯз Тоҷикистон қудрати пурраи нигоҳдорӣ, таъмир ва таъмини фаъолияти мӯътадили онҳоро надорад, зеро ин маблағи калон ва ширкати мутахассисони бисёрро тақозо мекунад. Бинобар ин, мо дар ин масъала низ ба кӯмак эҳтиёҷ дорем.

Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки ба хотири таъмини мувозинати тақсимоти об дар Осиёи Марказӣ мо бояд иқдомоти якҷоя ва ҳамоҳангро татбиқ созем, муносибатҳои оқилона ва нисбат ба табиат дилсӯзонаро эҷод намоем.

Фаромӯш набояд кард, ки оби тоза ба мисли нафту газ ва дигар неъматҳои табиӣ аз ҷумлаи сарватҳои миллии мост ва муносибати хосаро тақозо мекунад.

Умедворам, ки ширкаткунандагони Форуми байналмилалии имрӯза, алалхусус шахсиятҳои баландмақоми кишварҳои гуногун, вазирон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ, олимону коршиносон барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба об кӯмаки зарурӣ мерасонанд.

Ин вохӯрӣ барои давлатҳои гуногуни ҷаҳон минбари бонуфузе мегардад ва онҳо метавонанд назари худро оид ба чораҳои мушаххас ва аввалиндараҷа ба хотири беҳдошти танзим, истифодаи оқилона ва ҳифзи об, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, ки яке аз минтақаҳои сераҳолии дунё аст ва мушкилоти об барои кишварҳои он аз умдатарин масъалаҳо ба шумор меравад, баён кунанд.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам чанд самти муҳимро таъкид намоям, ки мо бояд фаъолияти худро дар навбати аввал ба онҳо равона созем.

Якум. Мо бояд ба ҷавонони тамоми ҷаҳон муроҷиат намоем. Яке аз чорабиниҳои муҳими Соли байналмилалии оби тоза ин таҳия ва дастраси умум гардонидани маводи дорои маълумоти махсус барои кӯдакон ва ҷавонон мебошанд, ки онҳоро ба расидани қадри об ҳидоят мекунанд.

Ширкати байналмилалии WASH (ВОШ) дар мактабҳое, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Шӯрои муттаҳид оид ба об ва санитария ташкил мекунад, ҳамеша аҳамияти дар ҳар мактаб вуҷуд доштани хатти обрасонӣ ва канализатсияро таъкид менамояд.

Агар мо хоҳем, ки тарзу усулҳои имрӯзаи истифодаи захираҳои обро тағйир диҳем, бояд корро аз тарбияи кӯдакони худ сар кунем.

Дуюм. Барои он ки талаботи аҳолии ноҳияҳои деҳот ва шаҳрҳо бо об қонеъ карда шавад ва мо ба беҳдошти ҳолати экосистемаҳо муваффақ гардем, тарзу усулҳои нави маблағгузориро дуруст ва аниқ муайян намудан лозим аст.

Истифодаи грантҳои байналмилалӣ ва мақсаднок барои татбиқи лоиҳаҳо оид ба об ва санитария, сафарбаркунии захираҳои асъори маҳаллӣ, пардохти хизматрасонӣ дар соҳаи муҳити зист, ҳамкории зич бо мақомоти ҳукумати маҳаллӣ, равона кардани маблағҳо дар шакли қарз дар сатҳи шаҳру маҳаллаҳо, ҷалби бахши хусусӣ ба таъмини хизматрасонии вобаста ба об аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки бояд анҷом дода шаванд. Барои бомуваффақият фаъолият намудани механизмҳои зикршуда ҳамкории ҳамаи саҳомон ва сармоягузорон аҳамияти бағоят калон дорад.

Мо инро дар мисоли кишвари худамон равшан дида истодаем. Дар даҳ соли охир бо мақсади барқароркунӣ ва рушди шабакаҳои обёриву обрасонӣ, танзими захираҳои об ва таъмини аҳолӣ бо оби тоза аз ҷониби созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар доираи татбиқи 15 лоиҳаи инвеститсионӣ ба кишвари мо ба маблағи умумии 119 миллион доллари амрикоӣ қарз ворид шудааст.

Умуман, аз оғози кор то ба имрӯз аз ҳисоби қарзҳое, ки мо аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ гирифтаем, қариб 200 иншооти обёрӣ ва хоҷагии об барои обшор кардани зиёда аз 30 ҳазор гектар замин, ҳамчунин 34 иншооти обрасонии деҳот барқарор ва ба истифода дода шуданд. Корҳои таъмиру барқароркунӣ дар 36 иншооти обрасонӣ ва дар ҳафт иншооти обтаъминкунии шаҳру деҳот идома доранд.

Сеюм. Масъалае, ки мехоҳам тазаккур диҳам, зарурати ҷалби занҳо ба корҳои идоракунии захираҳои об ва истифодаи онҳо мебошад. Зеро занон дар таъминот, танзим ва истифодаи оқилонаи об ҳамеша нақши бағоят муҳим мебозанд.

Занҳо на танҳо барои саломатӣ ва некӯаҳволии оилаҳои худ масъуланд, онҳо ҳамчунин бо роҳи истифодаи пурсамари об дар осудагии иқтисодии оила саҳми худро мегузоранд. Ҳар сол дар тамоми ҷаҳон ҳукуматҳо ва ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ оид ба идоракунии об, беҳдошти обтаъминкунӣ ва шароити санитарӣ барои миллионҳо одамон кор мебаранд.

Бо ҳамин роҳ онҳо ба беҳтар шудани саломатии аҳли башар, рушди иқтисодӣ ва аз байн бурдани қашшоқӣ мусоидат мекунанд. Ширкати ҳарчи бештари занҳо дар ин раванд метавонад кӯшишҳои онҳоро афзун намуда, суръати тоза бахшад.

Ин принсип бояд дар Душанбе, дар Форуми байналмилалии об низ дар мадди назар бошад.

Чорум. Ин зарурати ҳамкории пурсамар дар бахши ҳавзаҳо ва тақсимгоҳҳои байналмилалии об аст. Тоҷикистон, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошад, дар рушди ҳамкории кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ дар соҳаи истифода ва нигоҳдории захираҳои об, алалхусус дар давраи танқисии об нақши муҳим мебозад. Бо вуҷуди фаровонии дарё, кӯл ва пиряхҳо, чунон ки дар боло гуфтам, мушкилоти таъмин бо оби тоза дар кишвари мо низ эҳсос мегардад.

Дар давоми даҳ соли охир, ки аҳолии пойтахти мо хеле зиёд шудааст, барои пурра таъмин намудани шаҳр бо оби тоза тадбирҳои фаврӣ андешидан лозим меояд. Танзими оби дарё ва шабакаҳои байналмилалии обрасонӣ кори хеле нозук аст ва ҳатто баъзан ба масъалаи ҳассоси сиёсӣ табдил меёбад. Вале мо набояд инро ҳамчун манбаи низоъ арзёбӣ намоем, баръакс, тавре ки таъкид намудам, бояд ҳамчун воситаи такондиҳандаи равандҳои интегратсионӣ ва ҳамкории кишварҳои минтақа баҳо диҳем.

Ҳамкорӣ оид ба танзим ва истифодаи обҳои байналмилалӣ метавонад василаи мушаххаси таҳкими сулҳ, боварӣ ва рушд дар минтақа гардад. Ба назари мо, обро ҳамчун сарвати бебаҳо ва стратегӣ арзёбӣ намуда, масъулиятро барои ҳифзи он ба манфиати наслҳои имрӯза ва оянда ҳамаи давлатҳои ҷаҳон бояд баробар ба ӯҳда дошта бошанд. Мо ҳамкории пурсамарро дар миқёси ҷаҳонӣ дар асри XXI меъёри муҳимтарини сиёсии ин масъала мешуморем.

Мо, ҷомеаи ҷаҳонӣ, бояд аз Созмони Милали Муттаҳид ба сифати миёнарави боэътимод дар кори ба роҳ мондани ҳамкории марбут ба обҳои байналхалқӣ аввал дар сатҳи техникӣ ва баъд дар сатҳи сиёсӣ бештар истифода кунем.

Мӯҳтарам иштирокчиёни Форум!

Соли байналмилалии оби тоза имконияти хуб ба вуҷуд меорад, то кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба масъалаи захираҳои об бештар таваҷҷӯҳ кунанд ва тавсияҳои дар анҷуманҳои бонуфуз, аз ҷумла Форуми байналмилалии об дар шаҳри Душанбе тавлидшударо бо муваффақият ба амал бароранд.

Раванди омӯзиши масъалаҳои рушди устувори захираҳои об ва танзими онҳо ҳамчунин дар ду иҷлосияи Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ин бори дигар бар он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи оби тоза ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ба манфиати наслҳои имрӯза ва ояндаи инсоният ҷомеаи ҷаҳониро то чи андоза ба ташвиш овардааст. Муносибат воқеан ҳам бояд чунин бошад.

Форуми имрӯза имконияти хуб медиҳад, ки ба Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Кофи Аннан, ба роҳбарони бахшҳои Созмони Милали Муттаҳид, ба созмонҳои байналмилалӣ, ба ҳукуматҳои Швейтсария, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Фонди Оғохон, ҳамчунин ба ҳамаи намояндагони давлатҳое, ки баргузор шудани чунин рӯйдоди муҳимро имконпазир гардонданд, самимона изҳори ташаккур намоям.

Мо ҳамкории ҳамаи шуморо бесаброна интизор ҳастем, то ки масъулияти одамон барои ҳифзи сарвати бебаҳо, яъне об ва танзими захираҳои он дар Соли байналмилалии оби тоза ва минбаъд ҳам афзунтар шавад. Фикр мекунам, ки ин ягона роҳи дуруст аст, зеро мушкилоти оби тоза дар зарфи як сол ҳалли худро намеёбад ва дар оянда низ аз чумлаи ҳассостарин масъалаҳо дар сайёра боқӣ мемонад. Бо назардошти ин мехоҳам пешниҳоде кунам ва умедворам, ки шумо, иштирокчиёни Форум, онро дастгирӣ менамоед.

Пешниҳод ин аст, ки аз соли 2005 то соли 2015-ум даҳсолаи байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ин иқдом ҷавобгӯии Эъломияи ҳазорсола оид ба масъалаи оби тоза хоҳад шуд, ки яке аз ҳадафҳои он то соли 2015-ум ду баробар кам кардани шумораи одамони аз оби тоза маҳрум дар ҷаҳон мебошад.

Мардуми тоҷик "Обу ободӣ" ва "Об-рӯшноӣ" мегӯянд. Дар ин ҷумлаҳо рамз ва маънии амиқ, ки аз таҷрибаи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо бармеоянд, таҷассум ёфтаанд. Зеро мардуми мо обро дар радифи хоку боду оташ аз ҷумлаи чор унсуре, ки бунёди ҳастиро ташкил менамоянд, муқаддас меҳисобад.

Бигузор Форуми мо дар ҳамин рӯҳия ва таҳти ҳамин нишони қадршиносии об ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ дар рӯйи замин идома ёбад.

Ба ҳамаатон тандурустӣ ва комёбиҳои бузург орзумандам. Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520