Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 11-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон

08.09.2002 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромиқадр!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳоло мо дар лаҳзаҳои фарорасии ду ҷашни фархундаи миллатамон - рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва даҳсолагии таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон қарор дорем.

Дар арафаи ин ҷашнҳои муборак қалбҳои мардуми кишварамон ва дӯстони мо дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон аз шодиву фараҳ лабрез гардидаанд ва фаро расидани ин рӯзи саидро ҳар кадоми мо бо нишоти хоса интизор будем.

Ин бесабаб нест, зеро истиқлолият оғози зиндагии нави халқамон ва ибтидои марҳилаи тозаи ҳаёти сиёсии давлати миллии тоҷикон аст. Ба ибораи дигар, ҳар соли ҳаёти сиёсии мамлакатамон аз рӯзи Истиқлолият оғоз мегардад ва мо ҳар кореро, ки дар давоми сол анҷом медиҳем, ба номи истиқлолият ва ба хотири таҳкими истиқлолият аст.

Дар ин толори пурҷалол чеҳраҳои маъруф ва шахсиятҳои машҳури кишварамон, дӯстони азиз ва меҳмонони арҷманди Тоҷикистон аз мамлакатҳои гуногуни олам ҳузур доранд.

Қадами хар кадоми шумо ба рӯзи шодии тоҷикон муборак бошад!

Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад. Зеро ёздаҳ соли истиқлолияти мо ва хусусан солҳои нахустини он давраи озмоишҳои сахту сангини тақдири таърихии миллат ва имтиҳони ҷиддитарини ҳаёт буд, ки дар ин имтиҳон масъалаи будан ё набудани миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҳамчун саволи ягона қарор дошт. Ба ин маънӣ, ҳар соли истиқлолияти мо ҳам аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам бо ҳаҷму андозаи фоҷиаи тақдир, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст. Зеро тифли раҳомӯзи истиқлолияти мо ҳанӯз дар ибтидои роҳи худ ба фоҷиаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки таърихи қадимаи миллатамон чунин фоҷиаро кам дар ёд дорад.

Вале бар хилофи хостаҳо ва нақшаҳои коргардонҳои ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ истиқлолияти мо побарҷо монд, чунки миллати тоҷик ба зудӣ ҳадафҳои ғаразноки душманонашро фаҳмид ва ба шарофати ақлу заковати азалиаш ба мухолифати мусаллаҳона хотима бахшид.

27-уми июни соли 1997, яъне рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба таърихи сарзамини мо ҳамчун санаи пирӯзии ақли солим ва хиради сулҳхоҳии миллатамон дохил гардид, ки имсол панҷсолагии онро дар фазои ваҳдати комил ва оромиву самимият таҷлил кардем. Дар ин робита мехоҳам бори дигар таъкид намоям: нуқтаи назаре ҳаст, ки сулҳи тоҷикон гӯё хизмати ин ё он шахс, гурӯҳ ё доираҳои муайяни сиёсӣ бошад. Лекин ман барқарор гардидани сулҳро дар Тоҷикистон хизмати таърихӣ ва қаҳрамонии беназири хурду бузурги халқи тоҷик медонам, ки сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати худро дастгирӣ намуда, дар татбиқи амалии он бо дили гарм ва иродаи қавӣ заҳмат кашиданд.

Дар ин лаҳзаҳои пурсаодат дар назди миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва сулҳпарварамон бори дигар сари таъзим фуруд меорем.

Ҳанӯз дар асрҳои гузашта, олимону муаррихони бузурги ҷаҳон, пеш аз ҳама муҳаққиқони маъруфи рус хислатҳои фарзонаи миллати моро ҳақбинона ба мушоҳида гирифта, дар асарҳои худ таърихи пурфоҷиа ва дар айни замон пурифтихори моро барои ҷаҳониён баён карда буданд. Масалан, дар рисолаи Александр Шишов, ки бо номи «Тоҷикон» ҳанӯз соли 1910 чоп шудааст, чунин сатрҳои академик Миддендорфро мехонем: «Тоҷикон дар сайёраи мо намунаи олитарини миллати ҷонсахтанд, ки бо вуҷуди аъмоли душманонаи тӯли садсолаҳо зидди онҳо идомадошта боз ҳам барои худ роҳ кушода метавонанд».

Ё худ муҳаққиқи маъруфи рус Николай Павлов ҳамчунин дар ибтидои асри гузашта аз ҷумла чунин менависад: «Дар ҷаҳон кам миллате вуҷуд дорад, ки бо вуҷуди зарбаҳои сахти зиёд мисли тоҷикон зинда монда бошад. Баъди чунин зарбаҳо ба тоҷикон андак фурсат кофист, ки аз нав эҳё гарданд».

Воқеан ҳамин ақлу хиради азалӣ ва сабру таҳаммули беназири мардуми мо буд, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва фоҷиабори охири асри гузашта - вақте ки хатари пароканда шудани миллат, аз байн рафтани низоми давлатдорӣ ва аз харитаи олам нест гардидани давлати тоҷикон ба миён омада буд, моро наҷот бахшид.

Пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маҳз натиҷаи талошу муборизаи фарзандони фарзонаи Ватан, шарофати ақлу хирад ва кӯшишу ғайрати миллати солору сарбаландамон аст. Аз ин рӯ, меарзад, ки бо чунин халқ ифтихор кунем ва ин гуна миллатро тоҷи сар намоем! Зеро чунин миллати шикастнопазир, сарбаланд ва хирадманд арзандаи самимитарин муҳаббату эҳтиром ва сазовори мақоми шоиста дар ҷомеаи башар аст.

Вобаста ба ин, мехоҳам як мавзӯъро хотирнишон созам: ақидае вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар натиҷаи пош хӯрдани он давлати абарқудрат ба истиқлолият расид. Ба ибораи дигар, кишвари мо гӯё ба осонӣ соҳиби мустақилият гардид.

Ин ақида шояд зоҳиран дуруст бошад. Вале агар мо ба моҳияти масъала ва ҷавҳари бунёдии он назар андозем, баръало мебинем, ки истиқлолият ва озодӣ дар давоми садсолаҳо маънии таърихи халқи мо будааст. Яъне расидан ба озодии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, соҳибихтиёрӣ дар корҳои давлатдорӣ аз ҷумлаи талошҳои тӯлонӣ ва ҳамешагии миллати мо дар давоми ҳазорсолаҳо буд.

Маҳз ҳамин талоши озодӣ ва соҳибихтиёрӣ буд, ки ҳатто баъди таназзули давлати муқтадир ва мутамаркази Сомониён услуб ва сохтори давлатдории онҳо ҳамоно боқӣ монда буд ва худи миллати тоҷик рисолати олии хеш, яъне тамаддунсозиро бо сарбаландӣ идома дод. Ва имрӯз, ки мо давлати соҳибистиқлол дорему бо такя ба арзишҳои волои башарӣ ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин равона ҳастем, фарҳанги кадимаи аҷдодонамон, ақлу хиради наҷотбахш ва анъанаҳои неки давлатдории ниёгони сарбаландамон ҳамоно сарчашмаи нерӯбахши мо мебошанд.

Фикр мекунам, ки хотирнишон сохтани ин суханон махсусан имрӯз, дар ин анҷумани пуршукӯҳ бисёр бамаврид ва рӯҳафзо аст. Зеро боз ҳам самара ва натиҷаи хиради миллӣ ва фарҳанги қадимаамон буд, ки моҳи сентябри соли 1992 - дар рӯзҳои ҷашни нахустин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон созмоне бо номи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таъсис дода шуд ва имрӯз аз он санаи таърихӣ расо даҳ сол гузашт.

Ба ин муносибат, ҳамчун Раиси ин анҷуман, тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро самимона табрик карда, ҳамаи меҳмонони арҷмандро бори дигар ба хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон - Тоҷикистони соҳибистиқлол хайра мақдам мегӯям ва ба ин созмони ҳамватанону ҳамзабонон умри миллати қадимаи тоҷикро орзу менамоям.

Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон ба як ҷавонмарди хушсимову хушсадое табдил ёфтааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ натанҳо ҳамчун субъекти комилҳуқуқ эътирофаш мекунад, балки ба суханаш гӯш меандозад, таҷрибаашро меомӯзад ва истифода менамояд. Ба ин маънӣ, бо ифтихор метавонем гӯем, ки имрӯз Тоҷикистони мо Ватани сулҳрез ва мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ мебошад.

Даҳ соли таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон фосилаест, ки ба мо имкон медиҳад, то бурду бохтҳои худро дар роҳи ташкили муҳимтарин шохаҳову бахшҳои фаъолиятамон дар тарозуи вақт баркашем ва ба натиҷагириҳои одилонаю оқилона расем. Дар ин даҳ сол, ки барои Тоҷикистони азизи мо, барои миллати тоҷик ва ҳаммиллатону ҳамзабонони бурунмарзиамон солҳои имтиҳону озмоишҳои басо гарон ва пурмасъулият буданд, симои Ватани мо, обрӯи халқи Тоҷикистон, мавқеи давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчунин муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишварамон зина ба зина тағйир пазируфт.

Дар ин раванд, дар баробари мақомоту сохторҳои давлатию ҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии мамлакатамон, нақши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон низ хеле назаррас аст.

Ҳамаи мо хуб дар ёд дорем: ҷаласаи муассисони Анҷуман моҳи сентябри соли 1992 дар шароите баргузор гардид, ки дар кишвари мо муқовимати ақидавии қувваҳои мухталифи сиёсӣ ба муборизаи ошкорои мусаллаҳона табдил ёфта, хатари барҳам хӯрдани якпорчагии давлати тоҷикон, парокандаю парешон шудани миллати тоҷик ба як амри воқеӣ табдил ёфта буд.

Ман аз ҷасорату самимияти иштирокчиёни анҷумани муассисон бо миннатдорӣ ёдоварӣ мекунам, зеро онҳо дар шароити ниҳоят душвор дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ шуда, ҳарфи сулҳу бародарӣ мегуфтанд, оромиву осоиши Тоҷикистон ва ҳамдилии тоҷиконро орзӯ мекарданд. Бо вуҷуди вазъи шадиди сиёсӣ дар ҷаласаи якуми Анҷуман аз 17 кишвари ҷаҳон қариб 400 нафар меҳмонон ширкат варзида, нисбат ба тақдири тоҷикон ва Тоҷикистон бетараф набудани худро собит намуданд, ки мо аз ҳамаи онҳо сипосгузорем.

Имрӯз бо гузашти даҳ сол ва таҳлили холисонаи вазъияти он замон таъсиси чунин як анҷуманро, ки сарҷамъӣ ва муттаҳидии тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонони бурунмарзиро ҳадафи асосии фаъолияти худ қарор дода буд, иқдоми ниҳоят муҳим ва таърихӣ бояд донист.

Ин иқдом моҳиятан бар хилофи он қувваҳое нигаронида шуда буд, ки манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, маҳаллӣ, ҳизбӣ ва ҷоҳталабии худро авлотар аз арзишҳои миллию ватанӣ меҳисобиданд ва мехостанд ба ҳар қимате бошад, ҳатто ба ивази тақсиму пора кардани сарзамини азизи тоҷикон соҳиби ҳокимияти сиёсӣ гарданд. Албатта, чунин қувваҳо дар хориҷи кишвар низ пуштибонҳо доштанд, ки онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекарданд ва воқеаҳои Тоҷикистонро ба нафъи худ тарҳрезӣ менамуданд. Вале, хушбахтона, ҷараён ва натиҷаи ин воқеаҳо нишон дод, ки халқ дар ҳақиқат қувваи бузург ва хиради ӯ мағлубнопазир аст.

Ин ҳақиқат дар ҷаласаи XVI Шӯрои Олӣ, ки мо имсол даҳсолагии онро таҷлил хоҳем кард, бори дигар ба таври барҷаста зуҳур намуд.

Тоҷикистон роҳи рушди худро на ба сӯйи гузаштаи асримиёнагӣ, балки бо эҳтироми бузург ба арзишҳои тамаддуни пешрафтаи инсоният ба сӯйи оянда, ба хотири бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва эҷоди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ интихоб кард.

Хулосаи муҳимтарине, ки дар ҷаласаи соли гузашта таъкид гардид, ин буд, ки сарфи назар аз ҳамаи мушкилоти давраи гузариш муддати начандон тӯлонии истиқлолиятро бо камоли итминон ва ифтихор метавон марҳалаи авҷи худшиносӣ ва бедории миллии тоҷикон номид. Зеро дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем дар роҳи эҷоди ҷомеаи нави демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор бардорем.

Дар ин раванд Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик пайваста дастгирӣ ва хайрхоҳии ҳаммиллатону ҳамзабонони бурунмарзиро эҳсос мекарданд ва имрӯз мавридаш аст, ки ба ҳамаи шумо, инчунин ҳамаи онҳое, ки дар таҳкими робитаҳои дӯстона бо кишвари мо саъю кӯшиш мекунанд, изҳори сипос намоем.

Дӯстони азиз!

Дар тӯли даҳ соли сипаришуда дар Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои фарҳангию илмӣ ва таърихии дорои аҳамияти байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки онҳо дар раванди мӯътадил гардонидани вазъи сиёсию иҷтимоӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва густариши робитаҳои байналмилалии ҷумҳурии мо нақши муҳим бозиданд.

Мо тамоми тадбирҳои заруриро андешидем, ки ҷашнҳои ҳазораи "Шоҳнома"-и Абулқосими Фирдавсӣ, 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии шайх Камоли Хуҷандӣ, 1100-солагии таъсиси Давлати Сомониён, 960-солагии ҳаким Умари Хайём, 2700-солагии «Авесто», 90-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар ҷашну санаҳои таърихӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ бо иштироки ҳарчи бештари аҳли илму фарҳанги мамлакатамон ва меҳмонони олиқадри кишварҳои хориҷӣ баргузор карда шаванд.

Баъд аз ду рӯз халқи Тоҷикистон бо ҳузури мубораки меҳмонони азиз 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшанро таҷлил мекунад, ки ин ҷашн идомаи мантиқии санаҳои таърихии миллатамон хоҳад шуд. Рӯ овардани мо ба таърих пеш аз ҳама бо мақсади гирифтани сабақ ва омӯхтани таҷриба аст.

Мо ҳатто аз гузаштаи начандон дури худ медонем, ки бо сабабҳои маълум ҳофизаи таърихии халқ торафт заиф мегардид ва як қисми анъанаҳои миллӣ ба фаромӯшӣ маҳкум шуда буданд. Бузургтарин сарвати ҳар халқ, ки бе он ягон миллат вуҷуд дошта наметавонад, яъне забони модарӣ, аз мадди назари давлатдорон дур монда, доираи истифодаи он сол аз сол маҳдуд мегашт.

Агар гӯем, ки яке аз омилҳои асосии сар задани ҷанги гражданӣ ҳам дар Тоҷикистон паст рафтани маънавиёт ва ҳисси миллатдӯстӣ буд, хато намешавад. Зеро вақте ки мардум гирифтори ҷаҳолат аст ва қуркӯрона умр ба сар мебарад, ба вай таҳмил намудани мафкураи бегона ва ҳатто ҷанги бародаркушӣ мушкил нест. Бинобар ин, мо аз қадамҳои нахустини истиқлолият рӯ ба таърихи пуршарафи ниёгон овардем, мардумро ба худшиносӣ ҳидоят намудем, дар дили фарзандони миллат шӯълаи меҳри Ватан ва ору номуси ватандориро барафрӯхтем. Зеро бе ин ҳама ягон миллат дар олам соҳибэҳтирому сарбаланд буда наметавонад.

Ҳамчунин аз он ифтихор дорем, ки асолати забонамон дар тӯли беш аз ҳазор сол то замони мо бетағйир расидааст ва имрӯз низ шеъри оламгири қофиласолори адабиёти тоҷику форс устод Рӯдакиро бе ягон луғат мехонему завқ мебарем.

Ин далели он аст, ки ҳанӯз дар асри даҳ забони тоҷикӣ ба авҷи тараққиёти худ расида, ҳамчун забони давлатдорию илму фарҳанг ҷаҳонгир гашта буд. Дар айни замон дар олам бисёр миллатҳои пешрафтае ҳастанд, ки осори ҳатто ду-се аср пеш эҷодкардаи бузургони худро фақат бо ёрии луғат мефаҳманд. Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ на фақат ҷавҳари ҳастии миллати мо, балки нишонаи барҷастаи фарҳанги қадимӣ ва камолоти он аст. Мо ҳамеша бояд ҷидду ҷаҳд намоем, ки покиву асолати забони шевою ширин, забони шеъру адаби тоҷикиро нигоҳ дорем ва ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Вобаста ба ин, мо минбаъд низ кӯшиш хоҳем кард, ки мақоми Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро дар ташкилу гузаронидани чорабиниҳои илмию фарҳангии дорои аҳамияти байналмилалӣ фаъолтар гардонем. Зеро маҳз арзишҳо ва суннатҳои муштараки таърихӣ ва илмию фарҳангӣ метавонанд пояи устувори густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона, ваҳдат ва ҳамдилии мо - тоҷикон ва дигар форсизабонони ҷаҳон бошанд.

Бинобар ин, таъкид менамоям, ки Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, сарфи назар аз он ки номаш ба иттиҳоди халқу миллатҳои ҳамтабор далолат мекунад, ба тамоми арзишҳои писандидаи умумибашарӣ арҷ гузошта, дар роҳи амалигардонии озодӣ, демократия, адолати иҷтимоӣ ва сулҳ бояд фаъолона талош варзад. Аз ин рӯ, мо минбаъд низ бояд кӯшиш намоем, ки дар таҳкими сулҳи ҷаҳон саҳми арзанда гузорем. Зеро таърихан миллати мо бо ҳамин андешаву амалаш машҳур буд, ба мулкеву кишваре дастдарозӣ надошт, яъне вуҷуди миллати мо аз гили сулҳ сиришта шудааст.

Пандҳои бузургони мо - Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Турсунзода ва дигарон дар саросари олам ба нафъи сулҳ, адолат ва ғояҳои гуманистӣ хизмат менамоянд. Бо такя ба хислати сулҳҷӯёна ва хиради сулҳофарини халқамон ман борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону анҷуманҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро даъват карда будам, ки дар ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон амалан иқдом намоянд.

Ташкили «минтақаи амният» дар атрофи Афғонистон аз ҷумлаи тадбирҳои пешниҳодкардаи мо мебошад, ки ҳанӯз соли 1998 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо дода буд. Зимни ин даъватҳо дар баробари назардошти рафъи бӯҳрони Афғонистон ва қатъи ҷанги хонумонсӯз дар ин кишвар моро масъалаи барқарор намудани амният дар минтақа ба ташвиш меовард.

Расо як сол пеш дар ҳамин толор ва дар ҳамин рӯз ба ифтихори даҳсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид карда будам, ки идома ёфтани ҷанг дар Афғонистон ба амнияти нафақат Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Марказӣ ва дунё хатар дорад. Яъне то замоне, ки дар тамоми қаламрави ин кишвар оромӣ таъмин нашавад, дар бораи осоишу амнияти минтақа ва ҷаҳон сухан рондан маънӣ надорад.

Мутаассифона, даъвату пешниҳодҳои мо аз ҷониби давлатҳои абарқудрат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ ба инобат гирифта нашуданд. Нодида гирифтани миқёси хатар ва ҳатто бетафовутӣ нисбат ба қазияи Афғонистон боис гардид, ки террористони байналхалқӣ ба ҷинояти даҳшатноки навбатӣ даст заданд.

Фоҷиаи 11 сентябри соли 2001-ум қалби ҷаҳониёнро ба ларза овард, чунки террористони байналхалқӣ бо ин амали даҳшатангези худ на фақат ба мардуми Амрико, балки инчунин ба ҷомеаи башар зарба заданд, ба арзишҳои умумишабарӣ ва гузашта аз ин, ба амнияти сайёра дастдарозӣ карданд.

Имрӯз, ки аҳли башар дар арафаи яксолагии ин фоҷиаи инсонӣ қарор дорад, мо ба халқи Амрико ва дигар давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо қурбони амали зишти террористони байналхалқӣ шуданд, бори дигар ҳамдардӣ изҳор менамоем.

Фоҷиаи 11 сентябр ҷомеаи ҷаҳониро водор кард, ки бар зидди терроризми байналхалқӣ муттаҳид шавад, дарк намояд, ки терроризм ва экстремизм ба зоти худ падидаҳои сирф миллӣ ва ё минтақавӣ нестанд, балки метавонанд дар ҳар гӯшаи дунё ба амнияти сокинони сайёра таҳдид намоянд. Аз ҷумла ҷомеаи ҷаҳонӣ медонист, ки Толибон зуҳури даҳшатангези терроризм ва экстремизм буда, маҳз бо пуштибонию дастгирии доираҳои иртиҷоии баъзе давлатҳо сарзамини Афғонистонро ба харобазор мубаддал сохтанд, кишварро ба парваришгоҳи террористони байналхалқӣ ва муқтадиртарин тавлидгоҳи маводи мухаддир табдил доданд.

Толибон ба қатли ом, яъне генотсиди баъзе миллату халқиятҳои Афғонистон низ иқдом карда буданд, ки ин хилофи ҳамаи аснод ва ахлоқи башарӣ мебошад.

Бо назардошти ин ва баъзе сабабҳои дигари вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва мавқеи геополитикии Тоҷикистон мо амалиёти зиддитеррористиро дар Афғонистон ҷонибдорӣ намудем. Чунки Тоҷикистон аз нигоҳи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва мавқеи геополитикии худ дар нуқтаи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва системаҳои ба ҳамдигар мухолифи сиёсиву идеологӣ ва иҷтимоӣ қарор дорад. Тоҷикистон аз рӯйи имконияти худ коалитсияи зиддитеррористиро дастгирӣ карда, бо ҳамаи кишварҳое, ки ба анҷоми неки ин мубориза ва барқарор шудани сулҳу осоиш дар Афғонистон манфиатдоранд, ҳамкорӣ менамояд.

Ман фикру мулоҳизаҳоямро дар бораи терроризм ва экстремизм дар ҳамаи намудҳою зуҳуроти онҳо, ҳамчунин оид ба ҷинояткории муташаккил дар суханрониҳои худ дар давоми солҳои охир, аз ҷумла дар иҷлосияи махсуси бистуми Созмони Милали Муттаҳид (Ню-Йорк, июни 1998), иҷлосияи ҳаштуми Комиссияи Созмони Милал оид ба пешгирии ҷинояткорӣ (Вена, апрели 1999), конгресси даҳуми Созмони Милал оид ба ҳамкории байналхалқӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ (Вена, апрели 2000), Саммити ҳазораи Созмони Милали Муттаҳид (Ню-Йорк, сентябри 2000), маросими имзои Конвенсияи Созмони Милал бар зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ (Палермо, декабри 2000) ва қариб дар ҳамаи мулоқоту чорабиниҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва маҷлису машваратҳои дохилии мамлакатамон, аз ҷумла дар машварати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат, ки 31 майи соли ҷорӣ доир гардид, хеле муфассал баён карда будам.

Дар ҷаласаи имрӯза ба масъалаҳои марбут ба ин мавзӯъ рӯй овардани ман аз он сабаб аст, ки Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон низ набояд аз раванди мубориза бар зидди ин падидаҳои хатарнок дар канор бошад. Масалан, ба ҳама маълум аст, ки яке аз манбаъҳои асосии молиявии терроризму экстремизм дар минтақаҳои мо маблағҳое мебошанд, ки бо роҳи қочоқи маводи мухаддир ба даст меоянд. Барои истеҳсол, истеъмол ва интиқоли ин заҳри қаттол бародарону хоҳарон ва ҳатто фарзандони наврасу ҷавони ҳаммиллатону ҳамзабонони мову шумо мавриди истифода қарор мегиранд. Ва тавре ки борҳо таъкид карда будам, ин ҷараёни манфур ба генофонди миллии мо зарбаи даҳшатнок мезанад. Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва ватандории мову шумост, ки ҳар ҷое бошем, дар ин ҷода кори маърифатӣ ва тарбиявиро алалхусус миёни ҷавонону наврасон ба роҳ монем ва густариш диҳем.

Аксари кишварҳое, ки меҳмонони арҷманди имрӯзаи мо аз онҳо намояндагӣ мекунанд, аъзои Созмони конфронси исломӣ мебошанд.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам баъзе андешаҳои худро дар мавриди ин, ки мову шумо дар шароити нави муносибатҳои байналхалқӣ чӣ корҳоро бояд анҷом диҳем, баён намоям.

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки глобализатсияи мушкилот ва проблемаҳо имрӯз ба ҳамаи кишварҳои олам, чи хурду чи бузург, баробар таъсир мекунад. Яъне ҳоло давлатҳои олам дар фазои тамоман нави геополитикӣ ва тавозуни тағйирёфтаи геостратегӣ қарор доранд.

Минбаъд ягон кишвар ба танҳоӣ худро аз хатарҳои нави глобалӣ, аз ҷумла зуҳуроти терроризм, экстремизм, ҷинояткории трансмиллӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, фалокатҳои экологӣ ҳифз карда наметавонад. Масалан, дар Эъломияи қабулкардаи Саммити ҳазораи Созмони Милали Муттаҳид зикр гардидааст: шумораи одамоне, ки дар сайёра бо оби тоза таъмин нестанд, ҳоло ба 1 миллиарду 100 миллион нафар расидааст. Ин рақам 20 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил мекунад. Илова бар ин, 2,4 миллиард нафар дар шароити ғайрисанитарӣ умр ба сар мебаранд. Дар натиҷаи истеъмоли оби ифлос ва зиндагӣ дар шароити ғайрисанитарӣ ҳар сол беш аз ду миллион одам ҳалок мешавад.

Бо назардошти аҳамияти бузурги масъала Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, соли 2003-юмро Соли оби тоза эълон кард. Ҳамчунин масъалаи об дар мулоқоти ҷаҳонии бахшида ба проблемаи рушди устувор, ки 26 августи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо иштироки сарони бештар аз сад кишвари дунё оғоз гардид, яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи мулоқот эълон шуд. Яъне шароит имрӯз зарурати муттаҳид намудани саъю талошҳои қувваҳои солими ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нерӯҳои созандаи ҳамаи миллатҳову кишварҳоро бетаъхир ва ҷиддан пеш гузоштааст. Ва мову шумо бояд дар ин раванд иштироки фаъол дошта бошем.

Тоҷикистон, ки ҳамчун сарҳади ҷанубии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо солҳои тӯлонӣ бо зарари зиёд ҳамчун минтақаи буферӣ зери таҳдиди бевоситаи омилҳои зикршуда қарор дошт, барои минбаъд низ дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ саҳми арзанда гузоштан омода аст. Мавқеи мо дар ин бобат тағйир намеёбад. Лекин бори дигар хотирнишон месозам, ки дар мубориза бар зидди хатарҳои нав, пеш аз ҳама терроризми байналхалқӣ ва экстремизм фақат бо зӯри силоҳ дастболо шудан ғайриимкон аст.

Таҳлилҳои чандсола нишон медиҳанд, ки терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои барои инсоният хатарнок дар минтақа ва кишварҳои ақибмондаву қашшоқ бештар ривоҷ пайдо мекунанд, яъне ақибмондагиву қашшоқӣ заминаи мусоиди авҷи ин падидаҳо мебошад. Давлатҳои абарқудрат ва пешрафта набояд ин омилро нодида гиранд. Зеро маълум аст, ки тамоми кишварҳои олам аз ҳамдигар вобастагии зич доранд. Масалан, бе захираҳои табиӣ ва инсонии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ давлатҳои пешрафта ба сатҳи имрӯзаи тараққиёташон расида наметавонистанд.

Аммо мамлакатҳои мутараққӣ имрӯз барои кӯмак ба кишварҳои ақибмонда ҳамагӣ 0,12 фоиз маблағ ҷудо карданианду бас ва ҳанӯз сари ин рақам низ баҳсҳо идома доранд. Аз ин рӯ, мо эътимоди комил дорем, ки роҳи аз ҳама пурсамари мубориза бар зидди ин падидаҳои хатарнок ҳамоно ҳамкории кишварҳои мутараққӣ бо кишварҳои ақибмонда дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳои муассир дар таъмини пешрафти онҳо мебошад.

Дуюм, вобаста ба амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон доираҳои муайяни сиёсӣ ва воситаҳои иттилооти оммаи як қатор кишварҳо баъзе фондҳои хайрияеро, ки дар давлатҳои исломӣ амал мекунанд, дар маблағгузории гурӯҳҳо ва қувваҳои террористию экстремистӣ айбдор мешуморанд.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам таъкид намоям, ки агар фондҳои мазкур имкониятҳои худро ба хотири пешрафти халқҳои минтақа, кашф ва ҷорӣ намудани техникаву технологияи муосир ва расидан ба сатҳи кишварҳои тараққикарда ва бо ҳамин роҳ торафт кам кардани фарқияти байни давлатҳои мутараққӣ ва ақибмонда сарф мекарданд, бешубҳа ба манфиати кор мешуд. Дар замони пешрафти босуръати илму техника ва технология гуноҳ аст, ки имкониятҳои зеҳнӣ ва моддӣ ба роҳҳои дигар сарф карда ва зарурати баробари инсонияти мутамаддин қадам задан нодида гирифта шавад.

Дигар ин, ки дар кишварҳои минтақа захираҳои зиёди зеҳнӣ, манбаъҳои ниҳоят бузурги ашёи хом, аз ҷумла нафту газ ва дигар сарватҳои табиӣ мавҷуданд. Кишварҳои исломӣ дар бонкҳои давлатҳои мутараққӣ садҳо миллиард маблағҳои озод доранд. Ин ҳама имкониятҳоро низ барои пешрафту тараққиёт истифода кардан лозим аст.

Як нуктаро ба назар гирифтан зарур аст, ки мамлакатҳои осиёӣ наметавонанд ба таври доимӣ ҳамчун кишварҳои содиркунандаи ашёи хом ва ба ҳамин сабаб воситаи бозиҳои сиёсии абарқудратҳо боқӣ монанд. Зеро пӯшида нест, ки имрӯз ва оянда кӯшишҳо барои соҳиб шудан ба манбаъҳои ашёи хом, захираҳои оби тоза ва умуман сарватҳои табиӣ авҷ мегиранд ва бешак дар ин раванд ба роҳ андохтани низоъҳои гуногун як амри воқеӣ мегардад.

Мо умед доштем, ки бо оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир ва қочоқи он кам мегардад. Лекин мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид истеҳсол ва қочоқи ин маводи марговар, баръакс, афзоиш ёфта истодааст.

Аз ин рӯ, дар ин самт низ фаъолияти ҳамоҳанг ва якҷояи ҳамаи давлатҳои манфиатдор, ташкилоту созмонҳои бонуфуз ва кӯмаки онҳо аз ҷумла ба Тоҷикистон аз масъалаҳои доғи рӯз аст. Зеро ягон давлат ба танҳоӣ муборизаи пурсамарро бар зидди ин офати аср таъмин карда наметавонад. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки мо терроризмро аз истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ҷудо тасаввур намекунем.

Бинобар ин, ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, давлатҳои тараққикарда, дигар ташкилоту созмонҳои манфиатдор ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат мекунем, ки дар баробари муайян кардани мафҳуми мушаххаси терроризм ба кишварҳое, ки бар зидди терроризм ва экстремизм мубориза мебаранд, кӯмаки беғаразонаи худро расонанд.

Дар хотир бояд дошт, ки бо баҳонаи фаъолияти ҷоҳилонаи дастаҳои Толибон ва қувваҳои ба онҳо монанд, тамоми халқи бисёрмиллионнафараи афғон ё ягон халқу миллати дигарро террорист эълон кардан мумкин нест.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ки сабаби фалокати ба сари Афғонистон омада дар чист ва манбаъҳои маблағгузории террористон дар куҷоянд. Давлатҳои абарқудрат ва пешрафта ба ҷойи сарфи маблағҳои зиёд барои ихтироъ ва истеҳсоли силоҳ бояд ба хотири аз байн бурдани сабабҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм ҳиссагузорӣ кунанд. Ҳикмати халқ мефармояд: "Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд".

Дустони арҷманд!

Дар баробари пешбурди корҳои зикршуда робитаҳои илмиву фарҳангии байни кишварҳои мо низ, ба назари ман, бояд дар доираҳои васеътар сурат гиранд ва танҳо аз гузаронидани ҷашнвораҳо иборат набошанд. Мо бояд дар заминаи тадқиқоти илмӣ бо мақсади омӯхтани таъриху фарҳанги мардумони ориёинажод ва саҳми онҳо дар тамаддуни башарӣ ҳамкориҳои судманд ва самарабахш дошта бошем. Ин робитаҳоро бо марказҳои илмии минтақаҳои гуногуни ҷаҳон низ барқарор бояд кард. Хусусан, ки сол ба сол сафи даъвогарони бегона ба мероси таърихӣ, илмию фарҳангӣ ва шахсиятҳои фарзонаи халқҳои мо бештар мегардад.

Дар ин маврид ба як нукта таваҷҷӯҳи шуморо ҷалб карданӣ ҳастам. Таърихи миллати мо, анъана ва суннатҳояш, адабиёт ва фарҳангаш, асрҳои аср таваҷҷӯҳи олимони ҷаҳон, аз ҷумла муҳаққиқони Аврупоро ба худ ҷалб намудаанд. Дар ин маврид ҳазорҳо асарҳои илмӣ дар он кишварҳо ба табъ расидаанд. Наслҳои гуногуни олимони Англия, Олмон, Фаронса, Русия, Италия, Чехия ва ғайра ба тамаддуни мо бо меҳру самимият назар кардаанд.

Дар хазинаҳои фарҳангии дунё нодиртарин осори хаттӣ ва арзишҳои мадании мо маҳфузанд.

Шумо - меҳмонони арҷманди Анҷуман, ба ин манбаъҳо ва доираҳои илмиву адабӣ наздиктар ҳастед. Пас шумо дар таблиғи таърих, анъана ва суннатҳои миллии гузашта ва имрӯзаи халқамон, дар бозгуфтани ҳақиқати таърихӣ ва имрӯзаи тоҷикон хизмати хубе карда метавонед. Анҷуман аз шумо чунин ҳамкории самимиро интизор аст.

Як масъалаи нозуки дигар низ ҳаст, ки дар раванди ҳалли он Анҷумани мо метавонад нақши муассир дошта бошад. Чунон ки медонед, солҳои охир бар асари муноқишаҳою воқеаҳои Афғонистон, Чеченистон, Фаластину Балкан ва баъзе маҳаллу минтақаҳои дигари мусулмоннишин аз ҷониби як гурӯҳ воситаҳои иттилооти оммаи кишварҳои гуногун бо ҷидду ҷаҳди том чунин ақида талқин карда мешавад, ки фаъолияти қувваҳои террористӣ ва экстремистӣ гӯё бо моҳият ва асолати дини ислом иртиботи бевосита дорад. Гурӯҳе аз сиёсатмадорон ва сиёсатшиносон низ ин ақидаро пеш меронанд. Онҳо гӯё фаромӯш кардаанд, ки тезутунд шудани муносибати байни дину мазҳабҳои гуногун боиси сар задани чӣ қадар фалокатҳои даҳшатнок дар таърихи башар гаштааст.

Шумо тасаввур мекунед, ки торафт густариш ёфтани ин ақида ба шароити зиндагӣ ва рафтуомади мардуми мусулмон ба кишварҳои дигар то чи андоза таъсири манфӣ дошта метавонад? Боиси таассуф аст, ки ташкилоту созмонҳои байналмилалии ҳимоякунандаи ҳуқуқи башар то ҳол хомӯшанд ва оқибатҳои ин равияро ба назар намегиранд. Мувофиқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, вақтҳои охир дар як қатор кишварҳои мутараққӣ фишору таъқибот нисбат ба тоҷирон, соҳибкорон ва умуман мардуми мусулмон вусъат пайдо кардааст.

Ҳарчанд кӣ маҷлиси имрӯзаи мо рӯҳияи идона дорад, лекин лозим мешуморам як ҳақиқати талхро баён намоям: бо вуҷуди ин ки мо чандин сол инҷониб дар сафи пеши муборизаи зидди терроризм ва экстремизм қарор дорем ва барои таъмини амнияти сарҳадоти ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил талош меварзем, вале аз касофати чунин таблиғоти заҳролуд шаҳрвандони мо дар баъзе кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳар рӯз ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.

Оё доираҳои муайяне, ки ҷавононро бар зидди миллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон меситезонанд, намедонанд, ки террористон кистанду фаъолияти харобкоронаи онҳоро кадом доираҳо маблағгузорӣ мекунанд?

Вобаста ба ҳамин, мавзӯи торафт фаъол шудани қувваҳои неофашистӣ ва шовинистиро такроран хотирнишон месозам. Агар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳон минбаъд низ ба рафтори чунин қувваҳо бетафовутӣ зоҳир намоянд, дар ояндаи наздик инсоният боз бо як проблемаи глобалӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар ин робита, мехоҳам таъкид намоям: ҳаракатҳои шовинистӣ, яъне ба ҳам муқобилгузории халқу миллатҳои гуногун, ки ҳама фарзанди одаманд ва ба қавли Саъдии бузург дар рӯзи офариниш аз як гавҳар халқ шудаанд, на ба муқаррароти асноди байналхалқӣ мувофиқ меояду на ба қоидаҳои зиндагии инсон ва ҷомеаи муосир мутобиқ аст. Башарият набояд сабабҳои сар задани ду ҷанги даҳшатноки ҷаҳониро дар асри бистум фаромӯш намояд, балки ба хотири осоишу амнияти сайёра, зиндагии ороми наслҳои ояндаи инсоният бояд тадбирҳои бетаъхир андешад.

Ман дар суханрониҳоям аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҳангоми мулоқот бо сохторҳои гуногун, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва зиёиёни Тоҷикистон хатари чунин тарғиботу ташвиқоти ғаразнокро борҳо таъкид кардаам. Ва имрӯз бояд гӯям, ки ғараз аз ин тарғиботу ташвиқот ғайр аз муқобилгузорӣ ва ангехтани ихтилофу нифоқ байни одамон, бадном кардани дини ислом ва мардуми мусулмон чизи дигаре нест.

Мо исломро аз сиёсати ифротии исломгароӣ фарқ мекунем, озодии эътиқоду имонро эҳтиром дорем ва дар ин ақида устуворем, ки фишору зӯроварӣ, таҷовуз ва истибдоду таассуб ба асолати дини мубини ислом бегона аст. Бинобар ин, ислом бо терроризм ва экстремизм на танҳо умумияте надорад, балки моҳиятан чунин падидаҳоро маҳкум мекунад. Дар баробари ин, бояд хотирнишон кард, ки аз омезиш додани ислом ба сиёсат чеҳраи тобноку мусаффои дин ҳамеша догдор мегардад. Аз ин рӯ, Анҷумани мо ва аъзои фаъоли он дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба фаҳмондадиҳии ин нукта бояд ҷиддан машғул шаванд. Хусусан аҳли адаб, рӯзноманигорон, марказҳои илмиву тадқиқотӣ метавонанд дар ин ҷода корҳои муҳимро анҷом диҳанд.

Раванди глобализатсия имрӯз ҳамаи халқу кишварҳоро маҷбур месозад, ки ба хотири таъмини амнияти аҳли башар, пешгирӣ кардани равияву ҷараёнҳои хатарнок ва хулоса наҷоти сайёра тадбирҳои дастҷамъона андешанд. Тоҷикистон аз ҷониби худ омода аст бо тамоми давлатҳо ва созмону ташкилотҳое, ки мақсадашон ҳамкорӣ ба хотири пешрафт, муборизаи одилона барои таъмини амният дар ҳамаи кишварҳо ва густариши робитаҳои дӯстона байни халқҳои гуногунзабону гуногуннажоди олам мебошад, ҳамкорӣ намояд ва дар ҳалли проблемаҳои мухталиф ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар миқёси ҷаҳон саҳми арзанда дошта бошад. Зеро мо аз нахустин рӯзҳои ҳамчун субъекти муносибатҳои байналхалқӣ эътироф гардидани давлати соҳибистиқлоли худ эълон карда будем, ки сулҳ ва ҳамкорӣ асоси сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Мо ба ин роҳи пешгирифтаамон минбаъд низ содиқ мемонем.

Мо ҳамчунин бо роҳи бебозгашт интихобкардаи худ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иқтисоди бозории ба иҷтимоиёт нигаронидашуда устуворона пеш меравем. Ҷойи ифтихор аст, ки дастовардҳои мо дар эҷоди институтҳои демократӣ ва ҷомеаи озод аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, дастгирӣ ёфта истодаанд.

Ҳамаи ин корҳоро мо ба хотири ҳифзи манфиатҳои истиқлолияти давлатиамон, таҳкими дастовардҳои он ва дар ниҳояти кор ташкили ҷомеаи пешрафта анҷом медиҳем. Зеро хурду калони кишвари мо хуб мефаҳманд, ки барои аҳли башар ягон неъмати дигар аз истиқлолияту озодӣ бартар, гуворотар ва афзалтар нест.

Мардуми шарафманду босипоси мо ба қадри ин неъматҳои бузург мерасад. Болоравии бомаром ва устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ, торафт густариш ёфтани эҳсоси гарми ватанхоҳиву ватандӯстӣ дар замири фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар кору пайкори созанда ва ободгарии онҳо зоҳир мешавад ва ман дар сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бори дигар ба ин боварии пурра ҳосил кардам, далели боэътимоди ин қадршиносӣ ва шукргузорӣ мебошад.

Ман дар бораи самтҳои асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, проблемаву мушкилоте, ки дорем ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал изҳори назар карда будам. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки имрӯз бори дигар оид ба ин масъалаҳо муфассал таваққуф кардан ҳоҷат надорад.

Мо хуб мефаҳмем, ки ҳанӯз сатҳи зиндагии мардумамон, нафақа, маош ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ мувофиқи матлаб нест. Бинобар ин, барои зина ба зина ҳал кардани мушкилоти халқамон аз рӯйи имкон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.

Чанде пештар Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро қабул кардем, ки дар се соли оянда барномаи миллии стратегии иқтисодӣ буда, ҳадафи ниҳоии он тавассути таъмини рушди устувор баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Вале дар ин робита бояд гӯям, ки то мардуми кишвар ба ҳалли ду масъала, яъне ба низом даровардани расму оинҳо ва танзими оила ҷиддӣ муносибат накунад, татбиқи стратегия ва барномаҳои дигар натиҷаи дилхоҳ намебахшад. Аз ин рӯ, мо мушкилотамонро бояд ботадриҷ ҳал кунем, ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаётамонро густариш бахшем, саноат, илм ва маорифро инкишоф диҳем, кадрҳои болаёқат, бонангу номус ва бофарҳангу ватандӯстро тарбия намоем.

Албатта, иҷрои ҳамаи ин корҳо вақт ва меҳнати фидокорона мехоҳад. Давлатҳои пешрафта дар давоми даҳсолаҳо ва садсолаҳо давлат шудаанд. Роҳи пешгирифтаи мо ҳам мушкил аст ва кӯшишу ғайрати зиёдро тақозо мекунад. Вале аз ҳама муҳимаш, давлати соҳибистиқлол, азми қавӣ ва умеди равшан ба ояндаи шукуфонро дорем.

Истиқлолияти мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хоса пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.

Мо минбаъд низ сарзамини аҷдодии худро бо ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои беҳтарини умумиинсонӣ, бо мадади рӯҳи бузургони миллатамон, бо ҳиммати фарзандони баору номуси кишварамон ва бо хайрхоҳии дӯстонамон дар тамоми олам обод мекунем. Ва итминон дорем, ки рӯзи пурсаодати дар қатори кишварҳои пешрафта ҷоӣ гирифтани Тоҷикистони азизи мо дур нест.

Бо изҳори итминон ба ояндаи шукуфону ободи Тоҷикистон ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва меҳмонони арҷманд, тамоми мардуми кишварро бори дигар ба ифтихори ёздаҳумин солгарди Истиқлолият ва даҳсолагии таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табрик мегӯям.

Орзуманди саломатӣ, хушбахтӣ ва сарбаландии ҳамаи шумо ҳастам.

Бигзор, Истиқлолият асрҳои аср дар роҳи фатҳу кушоишҳои мо чароғи раҳнамо бошад!

Бигзор, Истиқлолият ҷовидона тоҷи заррин ва пуршукӯҳи миллати тоҷдори мо бошад!

Ид муборак, ҳамватанони азиз!

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520