Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон

28.10.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Барномаи боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ки шоми дирўз ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, дар назди Қасри Миллат бо маросими истиқболи бошукўҳ оғоз ёфт.

Меҳмони олимақомро дар саҳни ҳавлии қасри Миллат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус, тибқи муқаррароти протоколи давлоатӣ, бо сафкашии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасии мусиқӣ, гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузашти сарони давлатҳо аз назди қатори низомиён, бо нимтаъзим арзи эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони давлатҳо ҷараён гирифт.

Баррасии масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Беларус дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфта, бо музокироти расмии ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

«Тоҷикистон ба рушди ҳамкории бисёрсоҳа бо Белорус таваҷҷуҳи зиёд дорад», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Александр Лукашенко Тоҷикистонро «шарики муҳими Беларус дар минтақаи Осиёи Марказӣ» номида, ҳавасмандии устувори кишварашро ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунпаҳлў бо он таъкид намуд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмию техникӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангӣ муфассал баррасӣ шуд.

Аз ҳамкории босамари Тоҷикистон, аз ҷумла бо корхонаҳои саноатии БелАЗ, МАЗ ва МТЗ – Беларус изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон корхонаи муштарак барои ҷамъу истеҳсоли тракторҳо ва мошинолоти кишоварзии сохти Белорус ва марказҳои хизматрасонии техникаҳои БелАЗ ва МАЗ бунёд ёфта, ба фаъолияти босамар шуруъ менамоянд.

Бо ёдоварӣ аз ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки дар 7 моҳи соли равон ба 45 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 171% афзудааст, дурнамои робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ низ умедбахш номида шуд.

Гуфтугўйи судманд доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тавассути мубодилаи устодону олимон ва донишҷўён ва ифтитоҳи филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус дар Тоҷикистон сурат гирифт.

ҳамчунин доир ба густариши ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва ҳамгироии Тоҷикистону Белорус дар чаҳорчўби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар карда шуд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус;

Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар бораи ҳамкории дарозмуддат барои солҳои 2011-2020 ва Барномаи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2011-2020;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба фаъолияти муваққатии меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Беларус;

Созишнома дар бораи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус;

Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат мулоқоту музокироти дуҷонибаро пурсамар номида, ба дурнамои ҳамкории ду кишвари дўст баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520