Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

24.05.2014 13:54, Беларус

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди қасри Истиқлоли шаҳри Минск оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, гузашти сарони ду давлат аз назди қатор, арзи салом кардани меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.

Александр Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки Шумо барои ман ва мардуми Беларус ҳамеша меҳмони дилхоҳ ҳастед. “Тоҷикистону Беларус ва мардумони ду кишвар дӯсту бародаранд ва мо, роҳбарони давлатҳо низ мутобиқ ба ҳамин гуна муносибат амал мекунем”.

Эмомалӣ Раҳмон ба Александр Лукашенко барои даъват ва пазироии бародарона ва барои дастгирии доимӣ аз Тоҷикистон арзи сипос намуд. Изҳори сипос ҳамчунин доир ба кумак дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот карда шуд. 

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520