Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Баҳрайн

28.05.2014 16:08, Баҳрайн

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди қасри Суҳайри Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн баргузор гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Мамлакат шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъҳои Горди фахрии Подшоҳ, садо додани оҳанги сурудҳои миллии ду кишвар, гузашт аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои фахрии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб оғоз ёфт.

Доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Мамлакати Баҳрайн, ҳамчунин дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа баррасӣ шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ;

Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар;

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;

Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя;

Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ;

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ.

Ҳамчунин Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Баҳрайн эълон гардид, ки дар он самтҳои асосӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи муносибот ва ҳамкории ду кишвар дарҷ гардидааст.

Дар охир сарони ду давлат бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо волотарин мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ”(ордени Подшоҳӣ) сарфароз гардид.

Ба Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 супурда шуд. 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520