Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Тоҷикистон

10.06.2014 10:14, шаҳри Душанбе

Барномаи имрӯзаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Тоҷикистон бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат ёфт.

Барои истиқболи расмӣ аз меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзиншро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани суруди миллии ду кишвар, гузашти сарони ду давлат аз назди қатор, арзи саломи меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат –Эмомалӣ Раҳмон ва Андрис Берзинш оғоз ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки миёни Тоҷикистону Латвия фазои хуби сиёсӣ ва заминаи мусоиди қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мавҷуд аст. Танҳо зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат, ки моҳи феврали соли 2009 ҷараён гирифта буд, 4 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, оид ба алоқаи ҳавоӣ ва машваратҳои сиёсии миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ба имзо расида буд.

Ҳамон вақт эълон гардида буд, ки Тоҷикистон метавонад дарвозаи Латвия ба Осиёи Ҷанубӣ ва Латвия дарвозаи Тоҷикистон ба Аврупо гардад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520