Субҳи имрӯз дар идомаи сӯҳбатҳои телефонӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Сарбанд, Хуросон, Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои додашуда дар самти иҷрои буҷети давлатӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла ҷамъоварии ҳосили ғалладона, меваю сабзавот, кишти такрорӣ ва захираи маводи озуқа шуниданд.
Президенти кишвар ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда махсусан доир ба вусъат бахшидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои нав ва таъсис додани ҷойҳои нави кории иловагӣ супоришҳои мушаххас доданд ва таъкид намуданд, ки дар ин самт ҳамкорӣ бо соҳибкорон, хусусан соҳибкорони истеҳсолӣ ҳарчи бештар густариш дода шавад.
Ҳамзамон бо ин, Роҳбари давлат аз раисони шаҳру ноҳияҳои зикршуда тақвият додани корҳои ободонӣ, тармиму азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва бунгоҳу марказҳои саломатиро талаб карданд.