Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараён ва натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Малайзия

23.06.2014 13:59, Малайзия

Масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдураззоқ баррасӣ шуд.

Суҳбати судбахш дар мулоқоти хоса оғоз ёфта, сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ низ ҳавасмандии амиқи Малайзияро ба ташкил ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Малайзия дарҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо истифода аз таҷрибаи ғании худ ба рушди босуботи иқтисодии кишвари шумо мусоидати фаъол намоем”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои тараққикардаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва хусусан Малайзияро “аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон” номид.

Доир ба рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Барои таҳкими бештари муносиботи дӯстӣ ва тавсиаи робитаҳо муҳайёсозии заминаи қавии қарордодиву ҳуқуқӣ ва ҳарчи зудтар таъсис додани комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкорӣ зарур дониста шуд.

Дар ин робита Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари ҷавобии давлатӣ ташриф биёрад.

Наҷиб Абдурраззоқ пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмонро доир ба ташкили комиссияи муштараки ҳамкорӣ ва боздид аз Тоҷикистон хуш пазируфта, ин тадбирҳоро омили муҳими густариши робитаҳо миёни ду кишвар номид.

Аз рушди намоёни ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олии миёни ду кишвар изҳори хушӣ карда шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло беш аз 200 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд.

Ҳамкорие, ки миёни Тоҷикистону Малайзия дар соҳаи энегетика, аз ҷумла барои сохтмони як маркази барқугармидиҳӣ бо истифода аз ангишти маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст, оғозбахши робитаҳои фарохи иқтисодию сармоягузории ду кишвар номида шуд.

Ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ҳавасмандии ҳарду ҷониб таъкид гардид.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ як зумра санадҳо ба имзо расид, ки ба нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Малайзия асос мегузоранд.

Нахуст зери Баёнияи муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ имзо гузоштанд.

Санадҳои дигари имзошуда:

Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба машваратҳои дуҷониба;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;

Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш;

Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Малайзия.

Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот изҳори қаноат намуда, бори дигар ҳавасмандии ду кишвари дӯстро ба густариши бештари робитаҳои судбахш таъйид намуданд.

Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ муносиботи Тоҷикистону Малайзияро дорои ояндаи умедбахш номида, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Малайзия ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои судбахш бо Тоҷикистон амиқан ҳавасманд аст”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Ҳар ду ҷониб ҳамфикр буданд, ки ҳамкории фарох, фарогир ва созандаи ду кишвар ҷавобгӯи комили манфиатҳои дарозмуддати мардумони мо, густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар Осиё мебошад”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520