Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баёнияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия

23.06.2014 17:31, Малайзия

1. Бо даъвати Аълоҳазрат Янг ди-Пуртуан Шоҳи Малайзия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз 22 то 25 июни 2014 бо сафари давлатӣ ба Малайзия ташриф овард.

2. Дар рафти сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бинои Парлумон дар Куала-Лумпур бо тантана истиқбол намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Разоқ музокироти судманд ва густарда, ки дар муҳити гарму ҷушон ва самимӣ гузашт, анҷом дод. Дар музокирот як қатор масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоли тарафайн баррасӣ гардиданд.

3. Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Разоқ аҳамияти густариши умумии ҳамкориҳо миёни Малайзия ва Тоҷикистонро, ки ҷавобгӯи  манфиатҳои воқеӣ ва интизории мардумони ҳарду кишвар мебошанд, қайд намуданд. Ин амр дар таҳкими дустӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои ҳарду кишвар ва пешбурди сулҳу субот на танҳо дар минтақаи Осиё, балки тамоми дунё саҳми муҳим хоҳад гузошт.

4. Ҳарду Роҳбар ҷиҳати таҳким ва густариши минбаъдаи муносибатҳо, ки ба манфиатҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ мебошад, ба мувофиқа расиданд. Ҳарду Роҳбар ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои зичро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ давом диҳанд ва изҳори итминон карданд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич байни ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда то ба шарикии зич заминаи устувор фароҳам меорад.

5. Ҳарду Роҳбар ҷиҳати рушди шарикии иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия дар асоси манфиати баробар ва мутақобила ки дорои иқтидори бузург аст ва дар қатори дигар самтҳо ҳамчунин пешбурди тиҷорат ва сармоягузориро дар бар мегирад,  ба таъсис додани шабакаҳо миёни ниҳодҳои иқтисодӣ, аз қабили палатаҳои савдо ва корхонаҳои давлатӣ, изҳори омодагӣ карданд. Онҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид дар соҳаҳои иқтисод, молия ва дигар соҳаҳо бо мақсади мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои иқтисодии ҳарду кишвар, ҳамчунин таъмини дастгирии лозима ба мувофиқа расиданд.

6. Дар мавриди татбиқи пурраи иқтидори муносибатҳои дуҷониба, ҳарду ҷониб зарурати ба роҳ мондани тамосҳои мунтазам, машваратҳо ва ҳамоҳангсозиҳои зичро дар ҳама саҳтҳо, ҳамчунин ба таври мунтазам ба роҳ мондани табодули назар ва андешаро оид ба масъалаҳои байналмилалии мавриди эҳтимоли тарафайн дар ҳошияи ҷаласаҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалии муҳим, эътироф намуданд.

7. Ҳарду ҷониб аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро эътироф карда, таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо соҳаҳои маориф, фарҳанг, илму технология (фановарӣ), воситаҳои ахбори омма (матбуот), туризм, варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дар бар гирад. Ҳарду ҷониб ҳамчунин барномаҳои табодулотиро миёни мактабҳои олӣ, донишқадаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, созмонҳои ҷавонон ва дустии ҳарду кишвар ҷиҳати пешбурди тамос миёни мардумон ва якдигарфаҳмӣ дастгирӣ намуданд.

8. Бо эътирофи он, ки амният, субот, рушди устувори иқтисодӣ, ҳамчунин пешрафти босуръати иҷтимоӣ аз манфиатҳои асосии мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, Малайзия талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаҳои мусоидат ба амният, субот ва рушди минтақа баланд арзёбӣ менамояд. Ҳарду ҷониб бори дигар тааҳҳудоти худро ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои зич барои ҳалли муассири масъалаҳои туризми байналмилалӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва маводи психотропӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, паҳн гардидани силоҳи ҳаставӣ, мусобиқаи таслиҳотӣ ва дигар чолишу таҳдидҳои замони муосир тасдиқ карданд.

9. Бо таъкиди назари умумии ҳарду кишвар дар як қатор масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Разоқ ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳамкориҳои худро дар доираи Созмони Милал ва дигар созмонҳои байналмилалӣ таҳким медиҳанд. Ҳарду ҷониб ҳадаф ва принсипҳои Устави Созмони Милал ва дигар меъёрҳои Қонуни байналмилалии бар пояи эътимод, манфиати мутақобила, баробарӣ ва ҳамкорӣ асосёфтаро қатъиян риоя менамоянд. Тоҷикистон ва Малайзия ҳамчунин ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези низоъҳои байналмилалӣ буда, нақши калидии Созмони Милали Муттаҳидро дар таъмини сулҳ ва амният қайд намуда, тамаддунҳо ва моделҳои рушди гуногунро эътироф ва эҳтиром намуда, барои таъмини сулҳу суботи бар пояи амният ва шукуфоии муштарак асосёфта мусоидат менамоянд.

10. Ҳарду Роҳбар зарурати талошҳои ҳамоҳанг гардонидашударо ҷиҳати фароҳам овардани муҳити эътимод ва якдигарфаҳмӣ ва таҳкими суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ махсусан таъкид карданд. Ҳарду Роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ бояд тавассути роҳҳои дипломатӣ ва муколама ҷараён ёбад.

11. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Разоқ аз натиҷаи мулоқотҳои дуҷонибаи дар рафти сафари якуми давлатӣ дар сатҳи олӣ байни ҳарду кишвар баргузор гардида, ки муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав бароварданд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

12. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз раисии дарпешистодаи Малайзия дар АСЕАН дар соли 2015 истиқбол намуд. Малайзия умедвори фаъол намудани ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистон тавассути платформаи АСЕАН дар рафти раисии Малайзия дар соли 2015 мебошад.

13. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Разоқ барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии саховатмандона барои ӯ ва ҳайати Тоҷикистон дар рафти будубоши онҳо дар Куала-Лумпур изҳори миннатдорӣ кард.

14. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб аз Аълоҳазрат Янг ди-Пертуан Шоҳи Малайзия, ҳамчунин Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Разоқ даъват овард, ки бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Разоқ даъватро бо миннатдорӣ қабул кард. Мушахассоти сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.

Путраҷая, «23» июни соли 2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

 

Сарвазири Малайзия

Дато Шри Mоҳд Наҷиб

Tун Абдул Разак

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520