Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Лим Кок Винг

24.06.2014 13:26, Малайзия

Ҷаноби мӯҳтарам Тан Сри Дато Лим Кок Винг,
Устодон ва донишмандони арҷманд,
Хонумон ва ҷанобон,
Донишҷӯён ва ҳозирини гиромӣ,

Қабл аз ҳама, аз ташкили чунин маҳфили пуршукӯҳ ва истиқболи гарму самимонаи шумо сидқан сипосгузор ҳастам.

Вазифаи инсонии худ мешуморам, ки барои маро сазовор донистан ба унвони доктори ифтихории Донишгоҳи Лим Кок Винг самимона арзи сипос намоям.

Ман ин унвонро ҳамчун эътирофи саҳми мардум ва давлати Тоҷикистон дар рушду таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории судманди кишварҳои қитъаи Осиё ва пуштибонӣ аз низоми одилонаи иқтисодиву сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ қабул менамоям.

Дӯстони азиз,

Ин маҳфили мову шумо дар доираи барномаи сафари нахустини давлатии ман ба Малайзия сурат мегирад, ки аз оғоз ёфтани марҳалаи сифатан нав дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Малайзия дарак медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад бо ҳамаи кишварҳои олам ва махсусан бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳамкориҳои фарогири судманд дошта бошад.

Миёни Тоҷикистону Малайзия, сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофии кишварҳои мо барои густариши ҳамкориҳои бунёдӣ имконоти хеле васеъ мавҷуданд.

Малайзия дар қитъаи Осиё ва дар олами ислом нуфузи зиёд ва обрӯи баланд дорад. Чунин дараҷаи рушд ба кишвари зебои шумо бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир муяссар гаштааст.

Вақти он расидааст, ки кишварҳои қитъаи мо – дар асоси дуҷониба ва дар чаҳорчӯбаи Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ – барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳои нисбатан ақибмонда иқдомоти муассиреро амалӣ намоянд.

Дар ин раванд Малайзия низ - чун яке аз кишварҳои пешрафтатарини Осиё - бояд дар сафи пешоҳангон қарор дошта бошад.

Дар иртибот ба мавзӯъ дар ин маҳфили пуршукӯҳу ҷалол мехоҳам чанд нуктаеро, ки, ба назари мо, барои имрӯзу фардои кишварҳо ва мардумони қитъаи Осиё муҳим мебошанд, иброз намоям.

Қитъаи Осиё соҳиби тамаддуни қадима ва фарҳанги ғанӣ буда, комилан ҳақ дорад, ки дар давраи муосир эҳё гардад ва нақшу мавқеи худро дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ таҳким бахшад.

Мо муътақид ҳастем, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия низ дар чаҳорчӯбаи Муколамаи Осиё бояд хислати амалию фаъол касб намуда, дар шароити мушкилоти глобалии молиявӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои муқаррарнамудаи Муколама ва иҷрои 20 барномаи эълоншуда дар арсаҳои энергетика ва амнияти энергетикӣ, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, туризм, рушди соҳибкорӣ, тавсеаи гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва ташаккули бозори захиравии қитъаи Осиё тақвият дода шавад.

Осиё, ки аз захираҳои табиӣ хеле бой аст, барои ҳалли вазифаҳои ҳалталаби зикршуда, ки ба ҳаёту тақдири ҳар як сокини кишварҳои қитъа дахл доранд, комилан қодир аст.

Дар айни замон боиси таассуфу нигаронист, ки тақрибан як миллиард нафар аҳолии ин қитъа, яъне ҳар сокини чаҳорум, имрӯз ба неруи барқ дастрасӣ надорад. Аз ин лиҳоз, ҳамкории байниминтақавӣ оид ба масъалаҳои энергетика бояд яке аз самтҳои афзалиятноки кишварҳои Осиё бошад.

Тоҷикистон солҳост, ки ҷаҳду талошҳои сатҳи байналмилалии ба маҳдуд ва кам кардани истеъмоли сӯзишвории анъанавӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи неру равона гардидаро, фаъолона пуштибонӣ менамояд.

Паҳлуи дигари кӯшишҳои мо дастрас кардани технологияҳое мебошад, ки сарфа намудан ва самаранок истифода кардани захираҳои мавҷудаи табииро таъмин менамоянд.

Дастрас намудани чунин технологияҳо ҳамчунин ба амалӣ шудани вазифаҳо ва Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар мавриди кам кардани таъсири манфии антропогенӣ ба иқлим мусоидат менамояд. Аммо бидуни маблағгузории кофӣ иҷрои чорабиниҳои марбут ба кам кардани партовҳои зараровар ва технологияҳои дахлдор ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна ибтикороти байналмилалиро оид ба афзун гардонидани ҳаҷми кумакҳои молиявӣ ва техникӣ ба кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки дар қитъаи Осиё зиёданд, ҷонибдорӣ менамояд.

Имрӯз Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани натиҷаҳои раванди тағйирёбии иқлим, ки бе он таъмини рушди устувори кишварҳо номумкин аст, саҳми муносиби амалӣ мегирад.

Ин саҳм, пеш аз ҳама, ба он иртибот дорад, ки 95 фисади барқ дар кишвари мо дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, гидроэнергетика яке аз афзалиятҳои калидии рушди устувор маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ кишвари мо аз лиҳози миқдори партови газҳои карбон ба атмосфера дар чои охирин дар минтақа қарор дорад.

Дар айни замон Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, яъне имконияти истеҳсоли 527 миллиард киловатт-соат неруи барқ дар як сол мебошад, ки азхудкунии минбаъдааш ба сарфаи ҷиддии захираҳои нафту газ ва ангишт мусоидат хоҳад кард.

Дар мавриди истифодаи захираҳои табиӣ мо кӯшишҳои бартарӣ додан ба ҳамкории байналмилалиро пуштибонӣ менамоем. Ҳамкорию ҳамдастии мо дар ин арсаи кор бояд мазмуни амалии мушаххас дошта бошад.

Аз ҷониби худ, мо манфиатдории хешро ба густаришу тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Муколамаи Осиё дар соҳаи эҷоду истифодаи технологияҳо оид ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ баён медорем. Захираҳои бойи обӣ ба мо имкони нодиреро барои рушди бахши гидроэнергетика фароҳам месозанд. Дар ин маврид Тоҷикистон метавонад ҳамкории минтақавии судманд ва муассиреро ба роҳ монад, ки он комилан ҷавобгӯи ниёзҳои имрӯзаи башарият дар роҳи барпо намудани «иқтисоди сабз» дар асоси энергияи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.

Ба маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байниминтақавӣ масъалаи мубориза бо офатҳои табиӣ, ки бо об алоқаманд мебошанд, низ шомиланд.

Масалан, ҳамасола офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон, ки 93 дар сади қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд хисороти зиёди иқтисодӣ ворид мекунанд, садҳо оила бехонаву дар мемонанд ва даҳҳо нафар қурбон мешаванд.

Дар баъзе мавридҳо селобу ярч нуқтаҳои аҳолинишинро пурра аз байн мебарад. Ба хотири барқарорсозӣ давлати Тоҷикистон ҳиссаи назарраси буҷети худро сарф менамояд ва дар ин ҷо бояд на танҳо нақши ҳокимияти миллӣ, балки ҳамкорию пуштибонии мутақобилаи кишварҳои минтақаҳои мухталифи қитъаи Осиё низ муассир бошад. Яке аз воситаҳои тавсеаи ин гуна ҳамкорӣ барои кишварҳои ба баҳр баромади мустақими надошта, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост, дар қитъаи Осиё муҳайё сохтани низоми ҳадди аксари имтиёз дар тиҷорат мебошад, ки дар ин хусус мо дар созмонҳои байналмилалӣ борҳо изҳори назар карда будем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди дорои захираҳои бузурги обию энергетикӣ буданаш, ба ҳалли масъалаҳои об тайи даҳ соли охир пайваста аҳаммияти махсус медиҳад. Маҳз бо ибтикори давлати мо Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба об ду қарори муҳим қабул карда, соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза ва солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда буд. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об дар амри ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола соли 2013 бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» пазируфта шуда буд.

Мо умедворем, ки тадбирҳои ин соли байналмилалии баргузоршуда ба ҳалли самарабахш ва мутақобилан судманди масъалаҳои марбут ба захираҳои об, таҳияву татбиқи барномаҳои муштарак оид ба назорат, ҳифзи оқилонаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар ва, билохира, ба сулҳ ва амнияту субот дар минтақаҳои гуногуни қитъаи Осиё мусоидат хоҳанд кард.

Ба андешаи мо, ба хотири таъмини гузариш ба рушди устувор мувофиқи мақсад аст, ки фаъолияти муштараки кишварҳои қитъаи Осиё аз рӯи якчанд самти умда вусъат пайдо намояд.

Дар миёни ин қабил самтҳо мо паст кардани сатҳи камбизоатиро бо дарназардошти ҳифзи муҳити зист, таъмини дастрасии пойдори аҳолии қитъа ба эҳтиёҷоти асосӣ, аз ҷумла энергия, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ибтикори Муншии умумии Созмони Милал муҳимтарин омил донистааст, инчунин баланд бардоштани сатҳи устувории ҷомеаҳо нисбат ба офатҳои табиӣ ва таҳкиму густариши инфрасохтори минтақавиро дар мадди аввал мегузорем.

Дӯстони азиз!

Осиё гаҳвораи тамаддунҳо ва макони имкониятҳои васеъ мебошад. Имрӯз вазифаи мову шумост, ки аз ин имконот ҳарчӣ бештару оқилона истифода намоем ва нерӯи ақлониву маънавии қитъаро ба нафъи мардумон, барои зиндагии ободу осуда, барои ҳамкориҳои муассиру созанда равона созем.

Барои ин донишу заковати андӯхтаи инсониятро амиқан биёмӯзем ва ташаббусу ибтикороти хешро ба он зам намоем, то ҳамқадами замон бошем.

Ҷавононеро, ки аз Тоҷикистон дар ин маъвои илм донишу маърифат ва ҳунар меомӯзанд, даъват менамоям, ки аз ин шароити беҳтарин, ки Донишгоҳи фанноварии инноватсионии Лим Кок Винг бароятон муҳайё сохтааст, истифода кунед, илм биёмузед, то чӣ тавре ки бузургонамон фармудаанд, шуморо баҳри рафъи ҳаводис ба кор ояд, зеро ободиву пешрафти Ватан дар оянда дар дасти шумост.

Бо изҳори сипос ба ин Донишгоҳи пешсафи минтақа, ки фарзандони Тоҷикистонро ба оғӯш гирифтааст, ба ҳамаи шумо дар ҷодаи омӯзиш ва илмандӯзӣ комёбӣ орзумандам.

Бори дигар барои ба ин ҷониб додани унвони доктори ифтихории Донишгоҳ ба ҳамаи аҳли ин даргоҳи маърифат миннатдорӣ карда, дар тақвияти минбаъдаи дӯстиву ҳамкории кишварҳоямон муваффақият мехоҳам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520