Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз корхонаи мошинсозии Протони Малайзия

26.06.2014 00:49, Малайзия

Дар фароварди сафари давлатӣ ба Малайзия  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии Протон дидан карда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мошинсозии Протон дар ҳамкорӣ бо брендҳои ҷаҳонии Лотуси Инглистон ва Митсубисии Япония солҳои 80-уми асри гузашта ба кор шуруъ намуда, дар дохил ва хориҷи кишвар бозори фурӯши маҳсулоти худро пайдо намудааст.

Дар ин корхона ҳамасола беш аз 300 ҳазор мошинҳои гуногуни сабукрав истеҳсол мешавад.

Зимни боздид ҳамчунин доир ба ташкили ҳамкории ин корхона бо Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520