Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммад

21.07.2014 17:48, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммадро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, зоҳир гардид.

Чунонки зикр гардид, ҳоло мувофиқасозии охирин бандҳои санадҳои ниҳоӣ миёни иштирокдорони татбиқи ин лоиҳа идома дорад. Тибқи нақша, ояндаи наздик бояд кашидани ин хат оғоз ёфта, то соли 2017 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Тавре иттилоъ доданд, Тоҷикистону Покистон комиссияи муштарак доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъсис дода, ҳоло талош доранд то рӯзҳои ташрифи навбатии Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли равон ҷараён хоҳад дошт, санадҳои муҳим омода сохта, барои имзо пешниҳод намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти ду кишвар, аз ҷумла иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва бартарафсозии монеаҳои минтақавии тиҷоратӣ, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520