Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

31.07.2014 09:50, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ вазирони корҳои хориҷии ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро яке чорабиниҳои асосии соли раёсати худ дар ин созмон мешуморад”.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ин ҷаласа мавзӯъҳо ва муҳтавои асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муайяну мушаххас мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла изҳор дошт: “ин созмон дар роҳи ба минтақаи сулҳу субот, дӯстӣ, шукуфоӣ ва рушди бонизом табдил додани минтақаи мо дорои имконоти васеи ҳанӯз истифоданашуда мебошад” ва таъкид дошт: “мусоидат ба татбиқи босамари чунин имконот аз ҳадафҳои асосии раёсати Тоҷикистон аст”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “мо дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир бояд мавқеи ҳамсону ҳамоҳангшуда дошта бошем”.

Дар робита ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳор гардид, ки “дар ояндаи наздик бояд мувофиқасозии омилҳои ташкил ва ба кор даровардани Хазинаи рушд (Ҳисоби махсус) ва Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай бояд ба итмом расонда шавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2015 ва дигар санадҳои мавриди муҳокима қарордошта то ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон омода гардида, ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш мусоидати фаъол мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520