Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии ИМА генерал Ллойд Остин III

31.07.2014 12:56, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии ИМА генерал Ллойд Остин III-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ шуд.

“Тоҷикистон ҳамкории худро бо Амрико дар соҳаҳои мухталифи амниятӣ омили муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа медонад”, -изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки “ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ самарабахш аст”.

Ллойд Остин III ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба тарғиби ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои Афғонистон, хусусан пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар ва идомаи дастгирӣ аз сохторҳои марбутаи Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи сарҳади тӯлонӣ бо ҳамсояи ҷанубии он гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Доир ба иштирок ва мусоидати Амрико дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии иқтисодию коммуникатсионӣ, ки ба густариши робитаҳои миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва тавсиаи имконоти иқтисодӣ ва транзитии Афғонистон нигаронда шудаанд, табодули назар карда шуд.

Ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб изҳори андеша карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520