Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев

31.07.2014 19:51, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими муносиботи ҳамсоягӣ, ҳалли мушкилоти марзию ҳудудӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёту боркашонӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима шуд.

Таъкид гардид, ки барои таҳкими дӯстии миёни ду ҳамсоякишвар, ҳалли масоили баҳсталаб аз тариқи василаҳои дипломатӣ, пешгирӣ аз низоъҳои алоҳидаи марзӣ миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияҳои вилояти Бодканди Қирғизитсон аз тамоми имконоти мусоид бояд пурсамар истифода бурд.

Ҳамчунин таъкид бар он шуд, ки шарикии пурсамари минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон бояд халалнопазир боқӣ монад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520