Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе

15.08.2014 13:45, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Барои ман мояи сарфарозист, то табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллии кишваратон ба Шумо ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея тақдим намоям.

Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳарчӣ бештари муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар манфиатдор буда, дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.

Итминони комил дорам, ки раванди ҳамкории созанда ва мутақобилан судманди ду кишвар боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Дар ин рӯзи саид ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Корея саодат ва комгорӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520