Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Маркази такмили ихтисоси кормандони Раёсати андози вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд

21.08.2014 14:23, шаҳри Хуҷанд

Дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази такмили ихтисоси кормандони Раёсати андози вилоят, ки аз се ошёна ва  таҳхона иборат аст, ифтитоҳ ёфт.

Тавре иттилоъ доданд, дар ошёнаи якуми бинои мазкур ҳамчунин нозироти андозсупорандагони миёна дар вилояти Суғд ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм утоқҳои корӣ барои такмили ихтисоси кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон ҷой гирифта, дар онҳо барои 60 шунаванда ҷойи нишаст омода гардидааст.

 Дар таҳхонаи бино ошхона бо 60 ҷои нишаст ҷойгир шудааст.

Тарҳи берунаи бино бошад, бо масолеҳи ҳозиразамони «силк коат стоун» (silk coat stone) пӯшонида, бо он ороиш дода шудааст. Дар рафти ҳамаи корҳои сохтмонию  васлкунӣ дар иншооти мазкур технология ва масолеҳи сохтмонии ҳозиразамон истифода шудааст.

Масоҳати умумии бино 1144 м2 буда, бо харҷи 3 млн. 207 ҳазор сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст.

Ташкили Маркази такмили ихтисоси Раёсати андоз дар вилояти Суғд имкон медиҳад, ки  ҳар сол  бо истифода аз технологияи муосир ва устодони ботаҷриба  ҳам кормандони мақомоти андоз ва ҳам андозсупорандагон савияи дониши худро баланд бардоранд.

Барои  гузаронидани  машғулиятҳо устодони донишгоҳҳои иқтисодии вилоят, кормандони ботаҷрибаи соҳа ва дигар мақомот, ки ба масъалаҳои андоз вобастагӣ доранд, аз қабили Кумитаи замин, Раёсати гумрук, Раёсатҳои молия ва иқтисод даъват карда мешаванд.

Дар маркази мазкур давоми як сол имкони то 300 нафарро ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтан мавҷуд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳузури шумораи зиёди кормандони соҳаи андози вилояти Суғд онҳоро ба такмили пайвастаи донишу малакаи касбии худ ва муомилаю муоширати хуб бо андозсупорандагон ҳидоят намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520