Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.09.2014 18:25, шаҳри Душанбе

Ба муносибати ҷашни иди миллӣ – бисту сеюмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ идома дорад.

Дар номаи шодбошии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Фаро расидани солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ, Давлат ва мардуми он кишвар самимона табрик мегӯям.

Умедворам, бо таваҷҷӯҳ ба пайвандҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангии мардуми ду кишвар раванди тавсеаи муносиботи дӯстонаи дуҷониба аз ин пас низ дар ҳама заминаҳо беш аз пеш идома ёбад ва мардуми Эрон ва Тоҷикистон ва ҳамчунин мардуми минтақа ҳамчунон аз манофеи он баҳраманд гарданд.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб ва беҳрӯзӣ ва некбахтии Давлат ва мардуми Тоҷикистонро орзу дорам».

Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йоахим Гаук дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

«Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва халқи тоҷик аз номи худам ва аз номи ҳамватанонам табрикоти самимӣ ирсол медорам.

Дар давоми зиёда аз бист сол, пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон миёни кишварҳоямон дар бисёр соҳаҳо муносиботи хуб ва боэътимод густариш ёфт. Тоҷикистон дар Осиёи Миёна шарики муҳим аст, ки Олмон минбаъ низ таваҷҷуҳи зиёд мекунад. Ман боварӣ дорам, ки сохтори демократии устувор ва давлати ҳуқуқбунёд беҳтарин гарави рушди бомуваффақи кишвар аст. Олмон дар оянда низ ҳамчун шарик Тоҷикистонро дар роҳи он ҳамроҳӣ ва дастгирӣ менамояд.

Ба Шумо тамоми хушиҳо ва ба халқи Шумо сулҳ, озодӣ ва некӯаҳволиро таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.

Муътакид бар онам, ки муносиботи мавҷудаи таърихии ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобилаи миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон минбаъд низ ба нафъи халқҳои ду кишвар, ба манфиати нигаҳдории субот ва устуворӣ дар минтақаи мо рушд мекунанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, саломатии бардавом, тамоми хушиҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳ ва бурдбориҳо таманно дорам».

Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар номааш гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи халқи Озарбойҷон ва шахсан аз номи худам Шумо ва дар симои Шумо тамоми халқи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни миллии кишвар Рӯзи истиқлолият самимона табрик менамоям.

Озарбойҷон ва Тоҷикистонро муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайванданд. Ҳоло ин муносибот ба самти рушди ҳамаҷониба ва динамикӣ ҷараён гирифта, мазмуни навро касб мекунанд.

Мутмаинам, ки кӯшишҳои якҷояи мо дар оянда низ ба рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ, ба тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон равона мегарданд.

Дар ин рӯзи муҳим ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтӣ, муваффақиятҳо ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳ ва бурдбориҳо таманно дорам».

Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Боиси қаноатмандии ман аст, ки аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин аз номи худам шахсан Шумо ва дар симои Шумо ба ҳамаи халқи дӯсти мамлакати Шумо табрикоти самимиро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям.

Xурсандибахш аст, ки муносибатҳои сатҳи олии мавҷудаи миёни Туркманистон ва Тоҷикистонро, ки доимо дар самтҳои гуногун, аз он ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ-башардӯстӣ ва дигар бахшҳо таҳким ва густариш меёбанд, қайд намоям.

Садоқати тағйирнопазири мамлакатҳоямон барои минбаъд ҳам густариш бахшидани гуфтушуниди байнидавлатии Туркманистону Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони ҳарду кишвар аст.

Cамимона ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил, хушбахтӣ ва шукуфоӣ ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳ, пешрафт ва шукукфоӣ орзу менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Сидқан Шуморо бо иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият таҳният мегӯям.

Қазоқистон ба муносибатҳои дӯстонаи тарафайн бо Тоҷикистон аҳамияти махсус медиҳад. Ба ин рушди муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни давлатҳоямон шаҳодат медиҳанд.

Итминон дорам, ки муносиботи асоснок ва гуногунҷанба байни кишварҳоямон, ки дар заминаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ҳосил шудаанд, дар оянда низ ба нафъи халқҳои бародарамон густариш меёбанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо саломатии бардавом, дар фаъолиятатон комёбиҳои нав ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно мекунам».

Дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати рузи истиқлолияти Тоҷикистон қабул намоед.

Мутмаинам,ки кафолати нигоҳдоштани дустӣ ва ҳамсоягии нек, эҳтироми якдигар ва нигоҳ доштани муқддасоти фарҳангӣ байни мардуми мо, ташкили сиёсати созандае,ки ба рушди ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қирғизистон замина мегузорад, маҳсуб меёбад.

Ба Шумо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии комил, дар фаъолияти давлатиатон барору комёбӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Номаҳои табрикӣ ҳамчунин аз Шоҳи Шветсия – Карл Густаф, Президенти Федеративии Ҷумҳурии Австрия – Хайнс Фишер, Президенти Ҷумҳурии Болгария – Росен Плевнелиев, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика – Энрике Пена Нието, Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия – Башшор Асад, Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои Вазирон ва Вазири мудофиаи Мамлакати Арабистони Саудӣ – Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Жозе Гратсиану да Силва, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиё Марказӣ – Мирослав Енча ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати 23-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520