Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чин

15.09.2014 11:28, шаҳри Душанбе

Посух ба саволҳои Радиои байналмилалии Чин

Савол: Пас аз саммити душанбегии СҲШ сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Шумо аз ин сафар чиро интизоред? Ин сафар барои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин чӣ аҳамият дорад?

Ҷавоб: Бовар дорам, ки сафари аввалини давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин ба рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни кишварҳои мотакони ҷиддии тоза мебахшад.

Мо бовар дорем, ки зимни татбиқи амалии бастаи созишномаҳо ва шартномаҳои дуҷониба, барномаҳои ҳамкорӣ то соли 2020 имкон меёбем, ки ба таври мукаммал тамоми афзалиятҳои ҳамсоядорӣ ва пуррагардонии иқтисодамонро амалӣ созем, гуногунӣ ва афзоиши назарраси тиҷорати дуҷонибаро таъмин созем, ҷанбаи фарҳангию гуманитарии ҳамкориҳоямонро тақвият бахшем, яъне - таҳкурсии дӯстии абадии Тоҷикистону Чинро бештар таҳким бахшем.

Савол: Ҷаноби Президент, Шумо ҳолати имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чинро дар бисёр соҳаҳо чӣ гуна баҳо медиҳед?

Ҷавоб: Мо аз Ҳукумати Чин барои кумак ва дастгирӣ дар сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, кӯпрукҳо ва нақбҳо, иншоотҳои бузурги энергетикӣ ва иҷтимоӣ миннатдорем. Ба шарофати қарзҳои имтиёзноки пешниҳодшуда мо тавонистем, ки дар кутоҳтарин давраи таърихӣ низоми ягонаи миллии энергетикиро ташкил диҳем, садҳо километр роҳҳоеро, ки онҳо на танҳо ҷанубро бо шимол пайвастанд, балки бори аввал дар таърих роҳи мустақими мошингардро бо Чин кушоданд, бунёд кунем. Имрӯз ба ҷойи инфрасохтори суст ва арзиши баланди логистика роҳҳои замонавӣ ва нақшаҳои соддаи дастрас намудани мол фароҳам меоянд.

Дар тӯли 15 моҳи охир - баъд аз сафари расмии соли гузаштаи ман ба Чин- дар муносибатҳо миёни давлатҳои мо пешрафти назаррас ба даст омадааст. Сатҳи баланди фаъолнокӣ дар тамоми самтҳо-дар тиҷорат, робитаҳои иқтисодӣ, илм, фарҳанг, варзиш ба мушоҳида мерасад. Робитаҳо миёни вазоратҳои калидӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа хеле мустаҳкам шудаанд. Алоқаҳо миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфтаанд. Ҳамаи ин натиҷаи кӯшишҳои муштарак, татбиқи амалии созишномаҳоест, ки ман ва Раиси ҶМЧ ҷаноби Си Ҷинпин дар се мулоқотамон дар Пекин, Бишкек ва Шанхай дар соли гузашта ва имсол ба даст овардаем.

Ба шарофати кӯшишҳои муштарак иқтисоди Тоҷикистон ва Чин дар амал пурракунандаи ҳамдигар гардиданд. Ҳанӯз чанд сол қабл аз ин мо ҳатто ба худ тасаввур карда наметавонистем, ки ҳудуди думиллиарда (бо доллари амрикоӣ)-ро дар тиҷорати мутақобила мегузашта бошем. Имрӯз мо пеши худ вазифа гузоштаем, ки дар тӯли панҷ соли оянда нишондиҳандаи гардиши дуҷонибаи савдоямонро то се миллиард доллар баланд бардорем. Ва ин вазифа барои ман ва ҷаноби Раис ҳаргиз дастнорас наменамояд.

Савол: Ба фикри Шумо, иқтидори минбаъдаи рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷониба чӣ гуна аст? Аз рӯи кадом самтҳо Тоҷикистон ва Чин метавонанд ҳамкории мутақобилаашонро таҳким бахшанд?

Ҷавоб: Иқтидори ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин беинтиҳост ва азхудкунии мунтазами марҳила ба марҳилаи худро дар тамоми соҳаҳои мувофиқ ба манфиатҳо интизор аст.

Гумон дорем, ки агар дар ояндаи наздик Тоҷикистон ва Чин ҳамкории амалиро дар бахши сарчашмаҳои аз нав барқароршавандаи неруи барқ, пеш аз ҳама, дар соҳаи гидроэнергетика тавонанд оғоз кунанд, ба дастовардҳои калон ноил мегарданд.

Ҳавасмандии мутақобила мавҷуд аст ва дар оянда бояд дар самти беҳгардонии инфрасохтори Тоҷикистон, сохтмони шоҳроҳҳои мошингарду роҳи оҳан фаъолона ҳамкорӣ кард. Зимни ин мо итминон дорем, ки дар солҳои минбаъда ҷанбаи сармоягузории ҳамкориҳои иқтисодӣ бемайлон афзоиш меёбад ва нисбат ба ҷанбаи қарзии ин фаъолият афзалият пайдо мекунад.

Тоҷикистон омода ва ҳавасманд аст, ки таваҷҷуҳи сармоягузорони чиниро ба бозори миллии худ ҷалб намояд. Дар ин замина чунин меҳисобем, ки дар шароити кунунӣ зарур аст, ки баъзе шаклҳои нави ҳамкориро роҳандозӣ намоем. Пеш аз ҳама, мо барои гузаштан аз қолаби содироти маҳсулоти аввалия ба ташаккули ҳалқаҳои истеҳсолии ба оянда нигаронидашуда ҳавасмандем. Ба ибораи дигар, ба мо пойгоҳҳои истеҳсолию технологии рушди тоҷикистонию чиноӣ заруранд. Мо мехоҳем таҷрибаи истеҳсолию технологии чиноиро ба мақсади баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мавҷуда дар ҷомеаамон истифода намоем.

Савол: Дар соли равон Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай раёсат дошт. Шумо ба рушди СҲШ чӣ гуна баҳо медиҳед? Давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон ва Чин бо амалӣ сохтани ҳамкориҳои бисёрҷониба ба кадом дастовардҳо ноил гардиданд?

Ҷавоб: Соли гузашта, соли баъд аз саммити СҲШ дар Бишкек барои Созмон давраи масъулиятнок буд, даврае, ки зери раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки роҳи муштараки тайшуда ва корҳо барои муайян кардани самтҳои нави рушди он дар солҳои наздик идома ёфтанд. Ҳамаи ин дар Эъломияи душанбегии СҲШ, ки мо онҳоро аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши кунунӣ қабул намудем, инъикоси худро пайдо намуд.

«Руҳияи Шанхай» имрӯз ба тамоми ҷабҳаҳои ҳамкориҳои байналмиллалӣ ворид шудааст ва қисми ҷудонопазири он гардидааст.

Ин ба манфиати тамоми онхоест, ки ба таъмини сулҳу субот, рушди устувори минтақа манфиатдоранд.

Барои Тоҷикистон, яксон чун дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо пайдо шудани СШҲ шароитҳо барои рушди бехатар ва устувор ба вуҷуд омаданд ва барои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ такони ҷиддӣ дода шуд.

Аз лаҳзаҳои ташкили СҲШ мо имкон пайдо намудем, ки бо ҳифзи «руҳияи Шанхай», созмони худро дар радифи бонуфузтарин ва обрӯмандтарин созмонҳои ҷаҳонӣ қарор диҳем. СҲШ барои ҳамкориҳои минтақавӣ василаи бисёрҷабҳа ва таъсирнок гардид. Ҳамзамон интизориҳои шаҳрвандони давлатҳои аъзои ин созмон афзуданд. Вазифаи умумии мо дар оянда он аст, ки ҳама гуна корро барои он анҷом диҳем, ки СҲШ вазифаҳои дар пеш гузошташуда, аз ҷумла таъмини сулҳу субот ва шукуфоиро дар тамоми АвруОсиё самарабахш иҷро намояд.

Дар саммити душанбегӣ мо ба Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои созмон супориш додем, ки корҳоро барои анҷом додани мувофиқаи лоиҳаи «Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025» ва пешниҳоди он ба баррасии ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзо ташкил намоянд. Бо қабули он дар соли 2015 дар фаолияти созмон марҳилаи ҷиддӣ шурӯъ мегардад. Дар бисёр мавридҳо он бо дурнамои наздики қабули аъзои нав ба СҲШ алоқаманд мегардад. Дар асл, мо дар остонаи на танҳо афзоиши миқдорӣ, балки рушди сифатии Созмон қарор дорем.

Савол: Шумо дар мавриди иқдоми Раиси ҶМЧ ҷаноби Си Ҷинпин дар бораи ташкили «камарбанди иқтисодӣ»-и Роҳи абрешим аз нуқтаи назари таҳкими ҳамкориҳои амалӣ миёни Тоҷикистону Чин ва дигар кишварҳои аъзои СҲШ чӣ андеша доред?

Ҷавоб: Роҳи бузурги абрешим-дастоварди барҷастаи тамаддуни инсонӣ аст. Осиёи Марказӣ дар тӯли асрҳои зиёд ҳамчун шоҳраги хунгарди Роҳи бузурги абрешим хизмат кардааст. Имрӯз барои давлатҳои мо имконияти аз нав эҳё намудани Роҳи бузурги абрешим фароҳам омадааст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳи бузурги абрешим- ин на танҳо таърих ва анъана, балки сарчашмаи беинтиҳои робитаҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои осиёӣ, қабл аз ҳама бо Чин мебошад.

Моро зарур аст, ки мунтазам ба сӯи ҳамкории истеҳсолӣ ва илмию техникӣ қадам ниҳем. Ин раванд марҳила ба марҳила тавассути ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ пурзӯр мегардад. Бинобар ин, мо иқдоми Раиси ҶМЧ ҷаноби Си Ҷзинпинро барои ташкили он ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Кӯшишҳои дастаҷамъонаи давлатҳо барои эҳёи фазои Роҳи бузурги абрешим ва дар самти рушди муколамаи тамаддунҳо, ки мо онро на танҳо ҳамчун муколамаи фарҳангӣ қабул мекунем, аҳамияти беандоза доранд.

Ин омил масоили рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ё худ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсонӣ фаро мегирад.

Нақшаҳои мо ва гомҳои Тоҷикистон оид ба эҳёи Роҳи бузурги абрешим серҷабҳа мебошанд. Яке аз ин ҷабҳаҳо он аст, ки мо бо Ҳукумати Чин ва дигар кишварҳо дар кори бунёди роҳҳои нави оҳан ва мошингард фаъолона ҳамкорӣ мекунем. Мо бояд ба таври пурра вазифаи масъулиятноки ҳалқаи муҳими ҳамлу нақл буданро дар тиҷорати Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва халиҷи Форс иҷро намоем.

Посух ба саволҳои Агентии иттилоотии «Синхуа»

Савол: Тоҷикистон ва ҶМЧ дар бисёр самтҳо муносиботи хуб доранд. Ҷаноби Президент, Шумо муносиботи имрӯзаи ду кишварро чӣ гуна баҳо медиҳед?

Ҷавоб: Дар давоми муносиботи ду даҳсолаи Тоҷикистону Чин мо роҳи баробар ба садсоларо тай кардем. Тирамоҳ – вақи зебои сол, вақти ҷамъоварии ҳосили фаровон аст. Рамзӣ гӯем, имрӯз мо аз самараи кори ниҳоят бузурги якҷоя баҳраварем, ки имкон дод муносиботи дуҷонибаро ба сатҳи шарикии стратегӣ барорем.

Мо аз Ҳукумати Чин барои кумак ва дастгирӣ дар сохтмон ва азнавсозии роҳҳо, кӯпрукҳо, нақбҳо ва иншооти бузурги энергетикӣ ва иҷтимоӣ сипосгузорем. Ба шарофати қарзҳои имтиёзноки пешниҳодшуда мо тавонистем, ки дар кутоҳтарин давраи таърихӣ низоми ягонаи миллии энергетикиро ташкил диҳем, садҳо километр роҳҳоеро, ки онҳо на танҳо ҷанубро бо шимол пайвастанд, балки бори аввал дар таърих роҳи мустақими мошингардро бо Чин кушоданд, бунёд кунем. Имрӯз ба ҷойи инфрасохтори суст ва арзиши баланди логистика роҳҳои замонавӣ ва нақшаҳои соддаи дастрас намудани мол фароҳам меоянд.

Дар тӯли 15 моҳи охир - баъд аз сафари расмии соли гузаштаи ман ба Чин- дар муносибатҳо миёни давлатҳои мо пешрафти назаррас ба даст омадааст. Сатҳи баланди фаъолнокӣ дар тамоми самтҳо-дар тиҷорат, робитаҳои иқтисодӣ, илм, фарҳанг, варзиш ба мушоҳида мерасад. Робитаҳо миёни вазоратҳои калидӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа хеле мустаҳкам шудаанд. Алоқаҳо миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфтаанд. Ҳамаи ин натиҷаи кӯшишҳои муштарак, татбиқи амалии созишномаҳоест, ки ман ва Раиси ҶМЧ ҷаноби Си Ҷинпин дар се мулоқотамон дар Пекин, Бишкек ва Шанхай дар соли гузашта ва имсол ба даст овардаем.

Ба шарофати кӯшишҳои муштарак иқтисоди Тоҷикистон ва Чин дар амал пурракунандаи ҳамдигар гардиданд. Ҳанӯз чанд сол қабл аз ин мо ҳатто ба худ тасаввур карда наметавонистем, ки ҳудуди думиллиарда (бо доллари амрикоӣ)-ро дар тиҷорати мутақобила мегузашта бошем. Имрӯз мо пеши худ вазифа гузоштаем, ки дар тӯли панҷ соли оянда нишондиҳандаи гардиши дуҷонибаи савдоямонро то се миллиард доллар баланд бардорем. Ва ин вазифа барои ман ва ҷаноби Раис ҳаргиз дастнорас наменамояд.

Савол: Ҷаноби Президент, Шумо муносиботи минбаъдаи Тоҷикистону Чинро чӣ гуна баҳо медиҳед? Чӣ фикр доред, бо кадом усул хуб аст, ки шарикии стратегии ду кишвар рушд кунад? Боз дар кадом самтҳо мумкин аст, ки муносиботи дуҷониба таҳким ёбад?

Ҷавоб: Иқтидори ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин беинтиҳост ва азхудкунии мунтазами марҳила ба марҳилаи худро дар тамоми соҳаҳои мувофиқ ба манфиатҳо интизор аст.

Гумон дорем, ки агар дар ояндаи наздик Тоҷикистон ва Чин ҳамкории амалиро дар бахши сарчашмаҳои аз нав барқароршавандаи неруи барқ, пеш аз ҳама, дар соҳаи гидроэнергетика тавонанд оғоз кунанд, ба дастовардҳои калон ноил мегарданд.

Ҳавасмандии мутақобила мавҷуд аст ва дар оянда бояд дар самти беҳгардонии инфрасохтори Тоҷикистон, сохтмони шоҳроҳҳои мошингарду роҳи оҳан фаъолона ҳамкорӣ кард. Зимни ин мо итминон дорем, ки дар солҳои минбаъда ҷанбаи сармоягузории ҳамкориҳои иқтисодӣ бемайлон афзоиш меёбад ва нисбат ба ҷанбаи қарзии ин фаъолият афзалият пайдо мекунад.

Тоҷикистон омода ва ҳавасманд аст, ки таваҷҷуҳи сармоягузорони чиниро ба бозори миллии худ ҷалб намояд. Дар ин замина чунин меҳисобем, ки дар шароити кунунӣ зарур аст, ки баъзе шаклҳои нави ҳамкориро роҳандозӣ намоем. Пеш аз ҳама, мо барои гузаштан аз қолаби содироти маҳсулоти аввалия ба ташаккули ҳалқаҳои истеҳсолии ба оянда нигаронидашуда ҳавасмандем. Ба ибораи дигар, ба мо пойгоҳҳои истеҳсолию технологии рушди тоҷикистонию чиноӣ заруранд. Мо мехоҳем таҷрибаи истеҳсолию технологии чиноиро ба мақсади баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мавҷуда дар ҷомеаамон истифода намоем.

Савол: Соли гузашта Раиси ҶМЧ ҷаноби Си Ҷинпин ҳангоми сафари хориҷии худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ идея дар бораи зурурати таъсиси «камарбанда иқтисодӣ»-и Роҳи абрешимро пешниҳод кард. Ҷаноби Президент, Шумо ин идеяи Раиси ҶМЧ-ро чӣ тавр қабул доред? Ин идея дар татбиқи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ чӣ таъсир мерасонад? Тоҷикистону Чин дар кадом самтҳо ҷиҳати бунёд ва рушди «камарбанди иқтисодӣ»-и Роҳи абрешим метавонанд ҳамкорӣ кунанд?

Ҷавоб: Роҳи бузурги абрешим-дастоварди барҷастаи тамаддуни инсонӣ аст. Осиёи Марказӣ дар тӯли асрҳои зиёд ҳамчун шоҳраги хунгарди Роҳи бузурги абрешим хизмат кардааст. Имрӯз барои давлатҳои мо имконияти аз нав эҳё намудани Роҳи бузурги абрешим фароҳам омадааст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳи бузурги абрешим- ин на танҳо таърих ва анъана, балки сарчашмаи беинтиҳои робитаҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои осиёӣ, қабл аз ҳама бо Чин мебошад.

Моро зарур аст, ки мунтазам ба сӯи ҳамкории истеҳсолӣ ва илмию техникӣ қадам ниҳем. Ин раванд марҳила ба марҳила тавассути ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ пурзӯр мегардад. Бинобар ин, мо иқдоми Раиси ҶМЧ ҷаноби Си Ҷзинпинро барои ташкили он ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Кӯшишҳои дастаҷамъонаи давлатҳо барои эҳёи фазои Роҳи бузурги абрешим ва дар самти рушди муколамаи тамаддунҳо, ки мо онро на танҳо ҳамчун муколамаи фарҳангӣ қабул мекунем, аҳамияти беандоза доранд.

Ин омил масоили рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ё худ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсонӣ фаро мегирад.

Нақшаҳои мо ва гомҳои Тоҷикистон оид ба эҳёи Роҳи бузурги абрешим серҷабҳа мебошанд. Яке аз ин ҷабҳаҳо он аст, ки мо бо Ҳукумати Чин ва дигар кишварҳо дар кори бунёди роҳҳои нави оҳан ва мошингард фаъолона ҳамкорӣ мекунем. Мо бояд ба таври пурра вазифаи масъулиятноки ҳалқаи муҳими ҳамлу нақл буданро дар тиҷорати Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва халиҷи Форс иҷро намоем.

Савол: Саммити навбатии СҲШ дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Шумо аз он чӣ интизорӣ доред? Ҷаноби Президент, Шумо саҳми СҲШ-ро дар ҳифзи сулҳ ва амният дар минтақа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ҷавоб: Соли гузашта, соли баъд аз саммити СҲШ дар Бишкек барои Созмон давраи масъулиятнок буд, даврае, ки зери раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки роҳи муштараки тайшуда ва корҳо барои муайян кардани самтҳои нави рушди он дар солҳои наздик идома ёфтанд. Ҳамаи ин дар Эъломияи душанбегии СҲШ, ки мо онҳоро аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши кунунӣ қабул намудем, инъикоси худро пайдо намуд.

«Руҳияи Шанхай» имрӯз ба тамоми ҷабҳаҳои ҳамкориҳои байналмиллалӣ ворид шудааст ва қисми ҷудонопазири он гардидааст.

Ин ба манфиати тамоми онхоест, ки ба таъмини сулҳу субот, рушди устувори минтақа манфиатдоранд.

Барои Тоҷикистон, яксон чун дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо пайдо шудани СШҲ шароитҳо барои рушди бехатар ва устувор ба вуҷуд омаданд ва барои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ такони ҷиддӣ дода шуд.

Аз лаҳзаҳои ташкили СҲШ мо имкон пайдо намудем, ки бо ҳифзи «руҳияи Шанхай», созмони худро дар радифи бонуфузтарин ва обрӯмандтарин созмонҳои ҷаҳонӣ қарор диҳем. СҲШ барои ҳамкориҳои минтақавӣ василаи бисёрҷабҳа ва таъсирнок гардид. Ҳамзамон интизориҳои шаҳрвандони давлатҳои аъзои ин созмон афзуданд. Вазифаи умумии мо дар оянда он аст, ки ҳама гуна корро барои он анҷом диҳем, ки СҲШ вазифаҳои дар пеш гузошташуда, аз ҷумла таъмини сулҳу субот ва шукуфоиро дар тамоми АвруОсиё самарабахш иҷро намояд.

Дар саммити душанбегӣ мо ба Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои созмон супориш додем, ки корҳоро барои анҷом додани мувофиқаи лоиҳаи «Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025» ва пешниҳоди он ба баррасии ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзо ташкил намоянд. Бо қабули он дар соли 2015 дар фаолияти созмон марҳилаи ҷиддӣ шурӯъ мегардад. Дар бисёр мавридҳо он бо дурнамои наздики қабули аъзои нав ба СҲШ алоқаманд мегардад. Дар асл, мо дар остонаи на танҳо афзоиши миқдорӣ, балки рушди сифатии Созмон қарор дорем.

Посух ба саволҳои Телевизиони марказии Хитой

Савол: Таъсисёбии «Камари иқтисодӣ» - и Шоҳрои Абрешим ба Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи Хитой чӣ имконият медиҳад?

Ҷавоб: Шоҳрои бузурги Абрешим – дастоварди ноёби тамаддуни башарият мебошад. Осиёи Маркази дар тӯли қарнҳои зиёд ҳамчун артерияи хунгузари Шоҳрои бузурги Абрешим хизмат кардааст. Имрӯз ба давлатҳои мо имконият даст додаст, ки Шоҳрои бузурги Абрешимро дар шакли нав эҳё намоем.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳрои бузурги Абрешим – ин на танҳо таърих ва анъана балки манбаи тамомнашавандаи рушди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои Осиё, пеш аз ҳама бо Хитой ба ҳисоб меравад.

Ба мо зарур аст, ки мунтазам ба кооператсияи истеҳсолӣ ва илмию техникӣ пайгирӣ намоем ва манфиятҳои умумии иқтисодиро ташаккул диҳем. Ин раванд аллакай тадриҷан дар ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои CҲШ тақвият ёфта истодааст. «Ҳалқаи тиллоӣ» - и ин раванд, метавонад «Камари иқтисодӣ» дар саросари Шоҳрои Абрешим гардад. Бинобар ин мо ҳамаҷониба тасмими Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷаноби Син Ҷинпин – ро оид ба таъсиси он дастгирӣ хоҳем кард.

Аҳамияти бузургро кӯшишҳои дастаҷамъонаи давлатҳо оид ба эҳё намудани фазои Шоҳрои бузурги Абрешим ва дар нақшаи рушди гуфтугӯи тамаддунҳо, ки мо на танҳо ва на он қадар ҳамчун муколимаи фарҳангҳо мефаҳмем, доро мебошанд. Ин формула ҳам масъалаҳои рушди манфиятҳои мутақобила дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳам тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими инсониятро фаро мегирад.

Нақшаҳо ва иқдомҳои Тоҷикистон бобати эҳёи Шоҳрои бузурги Абрешим бисёрҷанбаанд. Яке аз ҷанбаҳо аз он иборат аст, ки мо бо Ҳукумати Хитой ва дигар кишварҳо дар сохтмони роҳҳои автомобилӣ ва оҳан фаъолона ҳамкорӣ ва пурра масъулияти бузурги муҳими ҳалқаи транзитӣ барои тоҷорати Хитой бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс иҷро хоҳем кард.

Савол: Саммити Душанбегии CҲШ чӣ дастовардҳо меорад? CҲШ барои аъзоёнаш чӣ аҳамият дорад?

Ҷавоб: Соли гузашта, пас аз Саммити Бишкеки CҲШ, ба таври истисно давраи муҳими Созмон буд, вақте, ки таҳти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки мувофиқаҳои якҷояи роҳи тайнамуда давом меёфт ва бобати муайян намудани самти нави рушди он дар солҳои наздик кор мерафт. Ҳамаи ин дар Декларатсияи Душанбегии CҲШ, ки мо дар ҷамъбасти Саммити ҳозира қабул намудем, нақши худро пайдо намуд.

«Руҳи Шанхай» имрӯз ба тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои байналхалқӣ ворид шуд ва қисми ҷудонашавандаи он гардид. Ин ба манфиати касоне ҳаст, ки самимона дар таъмини сулҳ ва субот ва рушди устовори иқтисодии минтақа манфиатдоранд.

Барои Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои Осиёи Маркази, бо пайдо гардидани CҲШ вазъи рушди бехатар ва устовор беҳтар шуд ва ба ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ таккони ҷиддӣ дод.

Ах лаҳзаи таъсиси CҲШ мо тавонистем «Руҳи Шанхай» - ро нигоҳ дошта Созмонамонро ба яке аз Созмонҳои бонуфузи ҷаҳон табдил диҳем. CҲШ механизми бисёрҷабҳа ва амалии ҳамкории минтақавӣ гардид. Ҳамзамон интизориҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзои Созмон афзуданд. Ҳадафи ягонаи мо дар ояндаи наздик ин иҷрои саривақтии ҳадаф ва вазифаҳои дар пешгузоштаи CҲШ оид ба таъмини сулҳ, субот ва рушд дар тамоми фазои АвруОсиё мебошад.

Дар Саммити Душанбегӣ мо Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмонро вазифадор намудем, ки кори анҷомёбии ҳамоҳангии лоиҳаи Стратегия рушди CҲШ- ро то 2025 омода сохта, онро барои муҳокима дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзо пешниҳод намоянд. Аз лаҳзаи қабули он, соли 2015 дар фаъолияти Созмон давраи нав оғоз меёбад, ки аз бисёр ҷиҳат он ба дурнамои қабули аъзои нав ба CҲШ иртибот дорад.

Посух ба саволҳои маҷаллаи «Global People»

Савол: Ҷаноби Президент, Шумо зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) Ван Йи иброз доштед, ки муносибатҳо миёни роҳбарони ду давлат беҳтарин боварии дуҷониба буда, муносибатҳои дӯстона ва расонидани кумаки  мутақобила таҳким ёфтаанд. Марҳамат карда ба мо дар бораи робитаҳои дуҷониба бо Раиси ҶМЧ ҷаноби Си Ҷинпин ва роҳбарони пешинаи Чин нақл кунед. Шумо ба шахсияти Раиси ҶМЧ ҷаноби Си Ҷинпин ва собиқ роҳбарони Чин чӣ гуна баҳо медиҳед?

Ҷавоб:  Баробари ба даст овардани истиқлолият  Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои худро бо ҶМЧ «аз сифр» ба роҳ монд. Имрӯз муносибатҳои байнидавлатии мо ба сатҳи шарикии стратегӣ баромаданд, табодули мол ҳанӯз се сол қабл аз нишондиҳандаи ду миллиард доллар гузашта буд.

Ҳамаи ин ба шарофати он имконпазир гардид, ки баъди 22 соли барқарор шудани муносибатҳои дипломатии ду давлат дӯстии шахсӣ, ошкорбаёнӣ  ва боварии пурраи мутақобила дар муносибатҳои дутарафаи пешвоён меъёр гардиданд.

Ҳаргиз тасодуфӣ набуд, ки ба ҳайси роҳбари давлат моҳи марти соли 1993 ман аввалин сафари расмии хориҷиамро берун аз ҳудуди фазои пасошӯравӣ маҳз ба Чин анҷом додам. Баъди аз нав интихоб гардиданам ба вазифаи Президенти кишвар моҳи ноябри соли 2006 аввалин сафари расмии хориҷии ман ҳамчунин ба ин кишвар иттифоқ афтод.

Вохӯриҳои зиёдамро чи  дар Чин ва чи дар Тоҷикистон бо собиқ раисони ҶМЧ, дӯстонам Тзин Тземин ва Ху Тзинтао, ки барои барқарорсозӣ ва афзоиши густариши муносибатҳои байни ду кишвар,  ҳалли муваффақонаи  масъалаи мураккаби сарҳадӣ, ки ба мо аз гузаштаи таърихӣ ба мерос монда буд, корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд, бо дилгармӣ ба ёд меорам.

Ман аз Раиси ҳозираи ҶМЧ ҷаноби Си Ҷинпин бисёр миннатдорам, ки даъвати маро барои  анҷом додани сафари давлатӣ ба Тоҷикистон пазируфт ва дар кори Шӯрои сарони кишварҳои аъзои СҲШ саҳми калони худро гузошт. Ин боз як намунаи дурахшони он аст, ки торҳои дӯстӣ ва ҳамсоядории нек ду миллати бародар ва давлатҳоро бо ҳам мепайванданд.

Шиносоии шахсии ман бо ҷаноби Раис аз моҳи майи соли 2013 маншаъ гирифтааст. То мулоқот дар Душанбе мо бо ҳам се маротиба -дар Пекин, Бишкек ва Шанхай вохӯрда будем. Ман эҳсос мекунам, ки миёни мо дӯстии самимӣ тавлид мешавад. Ман дар симои ҷаноби Раис шахси бисёр хуб ва соҳибистеъдод, яке аз пешвоёни баландмартабаи замони муосир, роҳбари пурқувват ва ҳадафманди  Чин, тарафдори самимии таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷонибаро мебинам.

Бовар дорам, ки сафари нахустини ҷаноби Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни кишварҳои мо такони бузург мебахшад.

Савол: СҲШ соли 2001 ташкил гардид. Ҷаноби Президент, Шумо ҳамчун шоҳид ва иштирокчии рушди ин Созмон ба аҳамияти таърихӣ ва вазифаи имрӯзаи он  чӣ гуна баҳо медиҳед? Дар ҳамоишҳои пешинаи СҲШ барои Шумо  ягон рӯйдоди фаромӯшнашаванда  буд?

Ҷавоб:  Дар ҳақиқат Тоҷикистон дар саргаҳи ташкили  СҲШ қарор дошт. Бори аввал дар бораи шакливазкунии «Панҷгонаи Шанхай» ба  созмони байналмилалӣ, тавре ки маълум аст, моҳи июли соли 2000 маҳз дар шаҳри Душанбе дар саммити сарони давлатҳои аъзои Шанхай сухан ба миён омад.

СҲШ- низоми нави ҳамкориҳои байниминтақавӣ мебошад. Созмони мо аллакай худро ҳамчун қисми ҷудоинопазири сохтори  амнияти ҷаҳонӣ тавсия кардааст. Ва аҳамияти он на танҳо дар ин аст. СҲШ- нигоҳи нав ба созмони минтақавист, ҷойи ӯ дар ҷаҳони муосир ва зудтағйирёбанда, ки дар он масоили сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳанг ва маориф якҷоя печидаанд. СҲШ, бе муболиға дар муносибатҳои мутақобилаи ҷуғрофиёи сиёсии «Шарқ-Ғарб»  марҳилаи навро кушод.

Бағоят муҳим аст, ки  дар қатори амалӣ сохтани муборизаи муштарак бо «се офат» ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, дар доираи Созмони мо тадбирҳои амалиро оид ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи  иқтисодӣ  меандешад. Масалан, Чин барои таҷдиди тиҷорати бузурги миллӣ ва минтақавӣ-лоиҳаҳои дохили фазои «Шанхай» маблағ ҷудо мекунад.

Дар мавриди таассуроти фаромӯшнашавандаи ман аз саммитҳои пешинаи СҲШ бояд гӯям, ки  дар ёди ман дар бораи ҳамаи онҳо хотираҳои нек боқӣ мондаанд. Ҳар кадоми он ба таври худ аслӣ, такрорнашаванда, самаранок ва ибратомӯз мебошад. Вале   эҳсоси аз ҳама баланди ман, албатта, аз саммити нахустини СҲШ аз моҳи июни соли 2001 дар Шанхай мебошад, замоне ки мо-сарони давлатҳо Эъломияро дар бораи таъсиси Созмон эълон кардем.

Савол: Роҳи Абрешим роҳи таърихӣ ва пайвандгари  муносибатҳои дӯстонаи Чин ва дигар кишварҳои авруосиёӣ ба шумор меравад.

Ҷаноби Президент, дар гузаштаи на он қадар дур Шумо изҳор доштед, ки Тоҷикистон таъсиси «камарбанди иқтисодӣ»-и Роҳи абрешимро дастгирӣ менамоед. Марҳамат карда гӯед, ки Тоҷикистон чӣ нақшаҳои мушаххас дорад  ва дар ин самт чӣ чораҳоро мебинад?  Шумо «Роҳи абрешимро» чӣ гуна мефаҳмед  ва ба он чӣ баҳо медиҳед?

Ҷавоб:  Роҳи бузурги абрешим- дастоварди барҷастаи тамаддуни инсонӣ мебошад. Осиёи Марказӣ дар тӯли асрҳои зиёд ҳамчун шоҳраги хунгарди Роҳи бузурги абрешим хизмат кардааст. Имрӯз барои давлатҳои мо имконияти аз нав  эҳё намудани Роҳи бузурги абрешим даст додасст.

Барои Чумҳурии Тоҷикистон Роҳи бузурги абрешим- на танҳо таърих ва анъана, балки сарчашмаи беинтиҳои робитаҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои осиёӣ, қабл аз ҳама бо Чин мебошад.

Моро зарур аст, ки мунтазам ба сӯи ҳамкории истеҳсолӣ ва илмию техникӣ қадам ниҳем.  Ин раванд марҳила ба марҳила тавассути  ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ пурзӯр мегардад. Бинобар ин, мо иқдоми Раиси ҶМЧ ҷаноби Си Ҷзинпинро барои ташкили он ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Кӯшишҳои дастаҷамъонаи давлатҳо барои эҳёи фазои Роҳи бузурги абрешим ва дар самти рушди муколамаи тамаддунҳо, ки мо онро на танҳ ва на он қадар ҳамчун муколамаи фарҳангӣ қабул мекунем, аҳамияти беандоза дорад. 

Ин омил масоили рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ё худ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсонӣ фаро мегирад.

Нақшаҳои мо ва гомҳои Тоҷикистон оид ба эҳёи Роҳи бузурги абрешим серҷабҳа мебошанд. Яке аз ин ҷабҳаҳо он аст, ки мо бо Ҳукумати Чин ва дигар кишварҳо дар кори бунёди роҳҳои нави оҳан ва мошингард фаъолона ҳамкорӣ мекунем. Мо бояд ба таври пурра вазифаи масъулиятноки ҳалқаи муҳими ҳамлу нақл будани Чинро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва халиҷи Форс иҷро намоем.

Посух  ба суолҳои шӯъбаи рӯзномаи «Женьмин Жибао»

Суол: Соли гузашта сарони ду давлат ташкили шарикии стратегӣ миёни Чин ва Тоҷикистонро, ки марҳилаи нави рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Чинро боз намуд, эълон намуданд.Ҷаноби Президент, шумо рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Чинро чӣ гуна арзёбӣ менамоед ?

Ҷавоб: Мо ба муносибат бо Чин баҳои баланд медиҳем.Барои давлати мо муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек бо ҳамсояи  бузурги Чин - аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамчун  самти асосии сиёсати хориҷӣ, афзалияти мутлақи он боқӣ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи саъю кӯшишро барои таҳкими минбаъда ва рушди муносибатҳои шарикони стратегӣ бо Чин равона намуда, дар ғанӣ гардонидани доимӣ ва рушди он саҳми худро мегузорад.

Суол: Ҷаноби Президент, шумо аз муносибатҳои оянда миёни Тоҷикистон ва Чин чӣ умед доред? Шумо чӣ фикр доред, шаклҳои хушбинона ва беҳтарини рушди шарикии стратегӣ миёни ду кишвар чӣ гунаанд? Боз бо кадом самтҳо  метавон ҳамкории Тоҷикистону Чинро таҳким бахшид?

Ҷавоб: Дар чаҳорчӯби  аввалин сафари давлатии Раиси ҶМЧ ҷаноби Си Ҷинпин имзои Эъломияи муштарак дар бораи тақвияти муносибатҳои шарики стратегӣ ва қабули Барномаи ҳамкорӣ то соли 2020 дар назар аст. Дар матни ин ҳуҷҷатҳо, ки хусусияти ошкоро  доранд ва барои матбуот дастрасанд, ҷавоби саҳеҳу  возеҳ  ба суоли шумо оварда шудааст.

Изҳори умед менамоям, ки татбиқи амалии ин ҳуҷҷатҳои муҳим ба мо имкон медиҳад,ки ҳамаи афзалиятҳои ҳамсоягии некро пурра амалӣ созем ва афзоиши ҳисшавандаи минбаъдаи савдои дуҷониба, густариши бемайлони ҷанбаи сармоягузории ҳамкориҳои иқтисодиро таъмин ва ҷиҳати гуманитарии ҳамкориямонро тақвият ва таҳкурсии дӯстии чандинасраи байни Тоҷикистону Чин ва халқҳоямонро ҳарчӣ бештар мустаҳкам карда метавонем.

Суол: Шумо аз ҷаласаи СҲШ, ки дар кишваратон мегузарад, чиро интизоред? Шумо саҳми СҲШ-ро дар дастгирии сулҳ ва суботи минтақа чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Ҷавоб: Ҳар як ҷаласаи СҲШ - рӯйдоди бузург дар ҳаёти байналмилалӣ мебошад. Ҷаласаи Душанбе -истисно нест. Беҳуда нест, ки барои инъикоси он қариб 500 рӯзноманигор омадааст. Ҷаласаи 14-уми СҲШ дар рушди созмон боби навро мекушояд. Пеш аз ҳама сухан дар бораи қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки бозкунандаи дурнамо барои қабули давлатхои нави аъзои СХШ мебошанд, меравад. Моҳиятан, мо на танҳо дар остонаи афзоиши миқдорӣ, балки рушди сифатии СҲШ низ қарор дорем.

Дар вазъияти нави зудтағйирёбандаи байналмилалии СҲШ бояд маҳорати зуд мутобиқ шудан , фавран эътино кардан ва вазифаҳои мураккаби  таҳкими сулҳи минтақа ва субот нишон дода шаванд.

Ба фикри мо ҳар чи қадаре ки ҳамкории мутақобилаамонро дар доираи СҲШ пурқувват намоем, ҳамон қадар бо эътимод метавонем  соҳибихтиёрии миллӣ ва амният, роҳи мустақили  интихобнамудаи рушдро ҳифз кунем.

Суол:  Ҷаноби Президент, дар баромади худ дар ҷаласаи давлатҳои иштирокчии Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки моҳи маи соли равон дар Шанхай доир шуд, Шумо изҳор намудед, ки ҳамаҷониба ташаббусро оид ба таъсиси «минтақаи иқтисодии Роҳи Абрешим» дастгирӣ менамоед».Ин минтақаи иқтисодиро аз нуқтаи назари имконоти татбиқшаванда ва дурнамо чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Тоҷикистон дар татбиқи ин ташаббус чӣ нақш мегузорад?

Ҷавоб:  Роҳи бузурги абрешим- дастоварди барҷастаи тамаддуни инсонӣ мебошад. Осиёи Марказӣ дар тӯли асрҳои зиёд ҳамчун шоҳраги хунгарди Роҳи бузурги абрешим хизмат кардааст. Имрӯз барои давлатҳои мо имконияти аз нав  эҳё намудани Роҳи бузурги абрешим пешниҳод шудааст.

Барои Чумҳурии Тоҷикистон Роҳи бузурги абрешим- ин на танҳо таърих ва анъана, балки сарчашмаи беинтиҳои робитаҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои осиёӣ, қабл аз ҳама бо Чин мебошад.

Моро зарур аст, ки мунтазам ба сӯи ҳамкории истеҳсолотӣ ва илмию-техникӣ равона гардем.  Ин ҷараён марҳила ба марҳила аз ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ пурзӯр мегардад. Бинобар ин мо ҳамаҷониба иқдоми Раиси ҶМЧ ҷаноби Си Ҷзинпинро барои ташкили он дастгирӣ менамоем.

Кӯшишҳои дастаҷамъонаи давлатҳо барои эҳёи фазои Роҳи бузурги абрешим ва дар самти рушди муколамаи тамаддунҳо, ки мо онро на он қадар ҳамчун муколамаи фарҳангӣ қабул мекунем, аҳамияти беандоза доранд. 

Ин омил масоили рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ фаро мегирад, ё худ тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсониро фаро мегирад.

Он чизе, ки ба нақшаҳои мо ва гомҳои Тоҷикистон оид ба эҳёи Роҳи бузурги абрешим дахл дорад, ин аст, ки онҳо серҷабҳа мебошанд. Яке аз ин ҷабҳаҳо он аст, ки мо бо Ҳукумати Чин ва дигар кишварҳо дар кори бунёди роҳҳои нави оҳан ва мошингард фаъолона ҳамкорӣ мекунем. Мо бояд ба таври пурра вазифаи масъулиятноки ҳалқаи муҳими ҳамлу нақл будан дар тиҷорати Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва халиҷи Форсро иҷро намоем.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520