Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси ҳайати мудирияти ҳолдинги Издони Давлати Қатар шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ

18.09.2014 12:25, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи Давлати Қатарро, ки бо роҳбарии раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издон шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуд.

Шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ зимни ибрози ҳадафҳои ин ҳайати бонуфуз, аз ҷумла иттилоъ дод, ки Давлати Қатар омода аст бо Тоҷикистон дар бахшҳои бонкдорӣ, суғурта, тандурустӣ ва ҳам дар татбиқи лоиҳаҳои судбахши кишвари мо иштироки фаъол дошта бошад. Ба иттилои ӯ сохтмон ва фаъол гардондани як бонк, ки бо низоми бонкдории исломӣ фаъолият хоҳад дошт, як шифохонаи муосир ва дигар корҳо аз иқдомҳое мебошанд, ки барои татбиқи амалиашон аз ҷониби Қатар аллакай тасмим гирифта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Қатар баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки ҳолдинги Издон, дигар ширкатҳои бонуфуз ва ҳам сохторҳои гуногуни ин кишвар барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон тасмимҳои судбахш хоҳанд дошт, зеро заминаи мусоиди рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳам фарҳангӣ миёни ин ду давлати дӯст муҳайё аст.

Ҳарду ҷониб ба ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520