Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба кор даровардани агрегати нахустини нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда- 1"

20.01.2008 11:00, ноҳияи Данғара

Ҳамватанони азиз,
Сергей Евгеневичи мӯҳтарам,
Анатолий Борисовичи мӯҳтарам,
Дӯстони гиромӣ,

Ман бо камоли қаноатмандии бузург ҳамаи шумо - лоиҳакашон, бинокорон, энергетикҳо ва кормандони муҳандисию техникии ин иншооти муҳимро ба муносибати воқеаи фараҳбахш, яъне ба кор даровардани агрегати нахустини нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1 " самимона табрик менамоям.

Бе муҳобот гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи сокинони Тоҷикистон ин рӯзро бесаброна интизор буданд. Аз ҳамин рӯз сар карда, шабакаи энергетикии мамлакат аз ин нерӯгоҳ қувваи барқи иловагӣ мегирад. Басо рамзист, ки агрегати нахустини нерӯгоҳ дар рӯзҳои аввали Соли нав ба кор дароварда мешавад ва ҳар фард нақшаҳо ва орзую омоли худро ба он вобаста месозад. Ояндаи наздик ҳар сокини мамлакат аз самараи заҳмати Шумо баҳравард хоҳад гашт, зеро хонаҳои ҳамдиёрони моро нури барқе равшан хоҳад кард, ки дар ҳамин нерӯгоҳ истеҳсол карда мешавад. Бешубҳа, ҳамаи сокинони мамлакатро дар ин лаҳзаҳо эҳсосоти тасвирнопазири миннатдорӣ ва ифтихор аз меҳнати бинокоронаи шумо фаро гирифтааст.

Ман дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба ҳамаи бинокорон ва пудратчиён, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки бо вуҷуди душвориҳо ба пеш аз мӯҳлат ба кор даровардани агрегати нахустини нерӯгоҳ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям. Меҳнати фидокоронаи шумо аз ҳар ҷиҳат қобили дастгирӣ ва пайравӣ мебошад. Шумо исбот кардед, ки кори муташаккилона ва муттафиқонаи сохторҳои гуногун, бешубҳа, бомуваффақият анҷом меёбад.

Боварии комил дорам, ки суръати баланди сохтмони нерӯгоҳ идома дода мешавад ва ба туфайли он ин иншооти муҳим пеш аз мӯҳлат ба истифода дода хоҳад шуд. Ташаббусҳои шумо дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакат қадами муҳим хоҳанд гашт. Мо имрӯз дар ин роҳ қадами аввалинро мегузорем. То анҷоми сохтмони нерӯгоҳ мо бояд роҳи дурударозро тай кунем.

Воқеаи имрӯза дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия низ муҳим аст. Сохтмони нерӯгоҳе, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ ба нақша гирифта шуда буд, ба шарофати ҳамкории самарабахши ҳар ду давлат - Тоҷикистон ва Русия имконпазир гардид.

Аз фурсат истифода бурда ба ҳамаи дӯстони русиягиамон изҳори сипос менамоям, ки дар сохтмони он бевосита иштирок намуда, сохтмони нерӯгоҳро бо техника ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуданд.

Маҳорати олии касбӣ, ки коллективи сермиллат ва муттафиқи шумо дар сохтмони нерӯгоҳ нишон дод, як навъ рамзи иродаи бунёдкорона ва нишондиҳандаи саҳми калони ҳар кадоми шумо дар роҳи мустаҳкам сохтани муносибатҳои стратегии ҳар ду давлат мебошад.

Бешубҳа, воқеаи имрӯза дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин оғози марҳалаи сифатан нави ҳамкорӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.Хусусияти хоси он амалӣ сохтани барномаҳои калонҳаҷм дар энергетика барин соҳаи стратегӣ мебошад.

Сохтмони нерӯгоҳ аз он ҷиҳат қобили қайд аст, ки ба баркарор сохтани равобити ҳамаҷониба ва анъанаҳои неки энергетикҳо ва бинокорони мо мусоидат намуд.

Ба ақидаи ман, нодида гирифтани равобити дар давоми даҳсолаҳо ташаккулёфта ғайриоқилона аст, зеро дар ҳамаи нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, ки шумораи онҳо хеле зиёд аст, намунаҳои зиёди ҳамкории самарабахшро дарёфт намудан мумкин аст. Боварӣ дорам, ки ҳамкории бародаронаи мо дар соҳаи энергетика аз имтиҳони замон бомуваффақият гузаштааст ва бо бунёди якҷояи нерӯгоҳҳои нав боз ҳам бештар мустаҳкамтар ва ғанитар мегардад.

Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва мавриди истифода қарор додани он вазифаи ҳаётан муҳими мо ба шумор меравад. Мо қарор додаем, ки дар ин бобат бо дӯстони русиягиамон ҳамаҷониба ҳамкорӣ кунем. Аминам, ки мову шумо дар сохтмони нерӯгоҳҳои оянда якҷоя иштирок хоҳем кард.

Дӯстони азиз, дар шароити имрӯзаи камбуди қувваи барқ ва торафт боло рафтани нархи он, соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон барои сармоягузорон диққатҷалбкунанда хоҳад гашт. Рушди ин соҳа имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ ба қувваи барқ қонеъ гардондашуда, пешрафти иқтисодиёт аз ҳисоби қувваи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ безарар таъмин карда шавад. Дар шароити минтақаи мо, ки ба он торафт бештар гарм шудани иқлим, хушк шудани баҳри Арал ва оқибатҳои фоҷиабори он, инчунин нарасидани об зарари калон мерасонанд, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ роҳи оқилона ва самарабахши истифодаи захираҳои обу энергетика мебошад.

Фалокатҳои табиии солҳои охир ва хусусан зимистони қаҳратуни имсола зарурати андешидани тадбирҳои муштаракро барои ҳалли проблемаҳои энергетикӣ нишон медиҳанд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мегардад. Маҳз сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқӣ имкон медиҳад, ки на танҳо камбуди қувваи барқ бартараф карда шавад, балки ҳамаи давлатҳои минтақа дар мавриди хушксолӣ бо об таъмин гарданд.

Бинобар ин мо мехоҳем бо роҳи амалӣ сохтани барномаҳо дар соҳаи энергетика захираҳою имкониятҳои худро ба хизмати ҳамаи халқҳои Осиёи Марказӣ гузорем, зеро содироти қувваи барқ ба воситаи шабакаҳои байнидавлатӣ ва таъминоти муттасили об ба манфиати ҳамагон мебошад. Бояд гуфт, ки ман дар ин бора ба қарибӣ дар мулоқоти роҳбарон ва намояндагони давлатҳо ва мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором сухан ронда будам ва онро ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ карда буд.

Бо назардошти ҳамаи ин, мо ҷонибдори ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои минтақа дар бобати амалӣ сохтани ин нақшаҳо мебошем ва тайёрем, ки нақшаҳои ҳамкориро бо шариконамон дар ин бобат мушаххасан муқаррар намоем. Ин талаботи зиндагист ва бори масъулиятро дар назди наслҳои оянда ба зиммаи мо мегузорад.

Ман борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид менамоям, ки танҳо заҳмати фидокоронаи ҳамаи сокинони Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳҳои нав, амалӣ сохтани барномаҳои рушди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, истифодаи доманадори манбаъҳои дигари қувваи барқу гармӣ, инчунин истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ба истиқлолияти энергетики мамлакат мусоидат карда метавонад.

Дар ин бобат сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1 " намунаи ҳамкории самарабахш мебошад, ки умед аст моро ба идомаи кӯшишҳоямон барои осонтар сохтани проблемаҳои нарасидани қувваи барқ ва об рӯҳбаланд хоҳад сохт.

Дӯстони азиз, дар робита ба ҳамаи шумо барои бомуваффақият анҷом додани сохтмони нерӯгоҳ барори кор орзу карда, хоҳони саломатӣ ва фараҳмандии рӯзгори шумо мебошам. Бигузор сохтмони нерӯгоҳ ҳамчун рамзи дӯстии Тоҷикистону Русия ва ҳамкории самарабахш рамзи намунаҳои нав ба нави муносибатҳои ояндаи мо гардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520