Дар роҳи бозгашт аз Япония Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни таваққуфи кӯтоҳи худ дар пойтахти музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардуми Чин шаҳри Тайюан бо намояндагони воломақоми ин музофот ва Президенти ширкати саноати кӯҳӣ "Сзисзин" Чен Сзисзин Хе мулоқот намуд.
Зимни сӯҳбат зикр гардид, ки ин ширкат айни ҳол дорои пакети назоратии саҳмияҳои ширкати "Зарафшон" - и Тоҷикистон буда, аз шарикони стратегии Ҳукумати кишвари мо дар роҳи истеҳсоли тилло ва дигар металҳои қиматбаҳо ба шумор меравад.
Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти ширкати саноати кӯҳӣ "Сзисзин" Чен Сзисзин Хе оид ба нақшаҳои имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳо гуфтугӯйи сцудманд сурат гирифт.
Чунонки аз сӯҳбати мо бо Муовини Президенти ширкати "Сзисзин" Фузенг Лан маълум шуд, роҳбарияти он ният дорад, дар зарфи се соли оянда барои истихроҷи тилло ва дигар металҳои қиматбаҳо зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ сарф намуда, дар рушди ин соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад. Масъулини ширкати мазкур нақша доранд, ки танҳо дар корхонаи муштараки "Зарафшон" истеҳсоли солонаи тиллоро ба 7 тонна расонанд.
Субҳи рӯзи 6 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарору пурмаҳсули худ ба Ватан омад.