Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси ботантана бахшида ба 15-солагии Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.11.2007 14:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Субҳи рӯзи 16 ноябр дар қасри таърихии "Арбоб"-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ботантана бахшида ба 15-солагии Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Қабл аз оғози ҷамъомади тантанавӣ дар саҳни ҳавлии қасри "Арбоб" Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аҳли илму фарҳанг, пирони хирад, мактаббачагону донишҷӯён ҳунармандони касбию ҳаваскор ва умуман намояндагони мардуми шукргузор аз фазои сулҳу оромӣ, тантанаи ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоии кишвар истиқбол гирифта, баҳри хизматҳои шоёнаш дар роҳи барқарорсозии ҳаёти осоишта, таҳкиму тақвият додани давлату давлатдории миллӣ ва амалӣ намудани умеду ормонҳои ҳазорсолаи миллати бостонии тоҷик арзи сипосу қадрдонӣ мекарданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо дохил шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба толори асосии ин қасри бошукӯҳ ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар ҷамъомади идона вакилон ва аъзои ҳамонвақтаи Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзо ва вакилони парлумону Ҳукумати имрӯзаи мамлакат, шахсиятҳои муътабари ҷумҳурӣ, аҳли зиёи кишвар ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ 15 - солагии Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро санаи мубораки барқарор гардидани сохти конститутсионии кишварамон ва оғози наҷоти давлату миллат арзёбӣ намуда, ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона табрик гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 15-солаи Тоҷикистон, дарду ранҷ, ғаму андӯҳ, кулфату даҳшатҳои муноқишаҳои дохилӣ ёдовар шуда, таклиф намуд, ки хотираи неки қурбониёни ҷанги таҳмилиро гиромӣ дошта шавад.

Президенти мамлакат ҳамчунин дастовардҳои бузурги давлати Тоҷикистон ва мардуми шарафманди онро дар ин солҳо баҳри таҳкиму тақвият додани давлатдории миллӣ, ба шоҳроҳи рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ ворид сохтани кишвар, бурун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ, гузошта шудани қадамҳои устувор дар роҳи расидан ба амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва татбиқ намудани нақшаю барномаҳои стратегӣ баҳри таъмини рӯзгори шоистаи мардум хотиррасон карда, даъват намуд, ки аз ин оромию субот ва пешрафту шукуфоӣ шукрона дошта бошем ва ба қадру қиммати комёбиҳои имрӯза бирасем.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки ҳар як фарди баору номуси кишвар барои таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ободиву осудагии ҳар хонадон ва ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азиз саҳми содиқона, софдилона ва ватандӯстонаи худро мегузорад.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсиятҳои шинохтаю муътабари кишвар, собиқ намояндагони мардумӣ, шоҳидони Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олӣ ва дигар рӯйдодҳои тақдирсоз аз он рӯзҳо ёдоварӣ намуда, ба Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон баҳри паси сар кардани ҳамаи он мушкилоти сангин ва ба ҳаёти осоиштаю бунёдкорона равона намудани аҳли ҷомеа изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо консерти идонаи бошукӯҳи устодони санъати Тоҷикистон ба поён расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520