Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи асфалт дар ноҳияи Ҷиликӯл

07.10.2014 10:16, ноҳияи Дӯстӣ

Рӯзи дуюми сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷиликул оғоз ёфт.

Дар даромадгоҳи ноҳияи Ҷиликул Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти амиқ истиқбол гирифтанд.

Дар ин ноҳия бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи асфалт, ки бо кумаки грантии Ҳукумати Япония сохта ва бо техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа муҷаҳҳаз шудааст, расман ба кор дароварда шуд.

Тавре иттилоъ доданд, ин корхона дар майдони 4 гектар замини бекорхобидаи ноҳияи Ҷиликул дар муддати хеле кӯтоҳ бо харҷи 41 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Барои таъмини кори мунтазами корхона ва истеҳсоли асфалти хушсифат ба ин ҷо 64 адад техникаю механизмҳои навтарини ин соҳа ва технологияи муосири японӣ ворид карда шудааст. 8 мошини калони боркаш, 6 адад мошини махсус, 6 автогрейдер, 3 булдозер, 2 боркунаки фронталӣ, 6 эксватор, 2 ғалтак ва дигар таҷҳизоти роҳсозӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар як соат дар ин корхонаи нав 36 тонна асфалт истеҳсол мешавад.

Тамоми раванди кори корхона тавассути компютер аз ҷониби ду нафар мутахассисони маҳаллӣ, ки махсус барои ин кор омӯзонда шудаанд, идора карда мешавад.

Дар назди ин корхона барои таъмини он бо қисме аз ашёи хом ду корхонаи коркарди сангу шағал ва шустани маводи зарурӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар сохта, ба кор дароварда шудааст. Битум, ки яке аз ашёи асосии хом барои истеҳсоли асфалт мебошад, асосан аз кони нафт ва корхонаи нафтии ноҳияи Қумсангир дастрас карда мешавад.

Ин корхона барои таъмини тамоми муасисаҳои давлатии роҳсозӣ ва нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.

Дар корхонаи мазкур 35 нафар сокинони ноҳия соҳиби кори доимӣ ва музди баланд шудаанд.

Аз ҷониби мутахассисони Япония бо сармоягузории Агентии ҳамкории байналмилалии ин давлат чунин як корхонаи дигар дар шаҳри Ваҳдат низ сохта шудааст ва ин дуюмин корхонаи японии асфалт дар Тоҷикистон аст. Ҳарду корхона бо харҷи беш аз 66 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо 118 адад техникаю механизми махсус таъмин карда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520