Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Боғи Фахрободи ноҳияи Хуросон

07.10.2014 18:20, ноҳияи Хуросон

Ҳамчунин имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои вилояти Хатлон ба мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон ташриф оварда, ба фаъолияти боғу токпарварони ин мавзе ошно гардид.

Сараввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои боғу токпарварони мавзеи Фахробод, ки ба маъраз гузошта буданд, дидан намуд. Соҳаи боғу токпарварӣ дар пешрафт ва рушди кишоварзии мамлакат нақши муҳим дорад. Чунки меваю ангур ва маҳсулоти аз он тайёр шуда, агар аз як тараф барои ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ зарур бошад, аз ҷониби дигар чун маҳсулоти содиротӣ нуфузи калон дорад. Табиат ва обу ҳавои кишвари мо барои парвариш ва бунёди боғу токзор хело мувофиқ буда, тамоми навъҳои меваю ангурро дар ҷумҳурӣ истеҳсолд кардан мумкин аст. Бо назардошти ин, таи даҳ солаи охир қабул гардидани ду барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» пешрафту муваффақияти соҳаро ба маротиб таъмин намуд. Мавзеи Фахробод ҳамчун хазинаи тиллоии мамлакат барои истеҳсоли меваю ангури шаҳдбор маҳсуб меёбад.

Бо ташаббус ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳёи дубораи ин макони пурганҷ ба миён гузошта шуд ва шурӯъ аз соли 2010 бунёду азнав эҳё намудани боғу токзор дар мавзеи Фахробод оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Ёзӣ ва боғи себи навбунёд омада, бевосита дар ҷамъоварии себ иштирок намуд. Дар мавзеи Фахробод дар муддати 4 соли аз нав ба фаъолият шурӯъ карданаш дар майдони 1452, 36 гектар боғӯ токзори нав бунёд ёфтааст, ки қисман аз ин боғҳо алакай ба ҳосил даромадаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ ва мулоқот бо меҳнаткашони хоҷагӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти кори онҳо баҳои баланд дод.

Дар хоҷагӣ дар баробари бунёди боғу токзори нав ҳамчунин 55, 28 гектар боғ ва 447 гектар токзори кӯҳна мавҷуд аст, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои агротехникӣ ва нигоҳубини хуб ҳосили дилхоҳ медиҳанд. Сарвари давлат аз токзори ғарқи ҳосил, ки хӯшаҳои пурбораш шаддаҳои марҷонро пеши назар меоварад дидан намуда, чанд хӯшаи ангури шаҳдборро аз токзор ҷамъоварӣ намуд. Дар боғи челон низ ҳосил хуб пухта расидааст ва бо ташрифи Сарвари давлат меҳнаткашони хоҷагӣ ба ҷамъоварии челон шуруъ намуданд.

Имрӯз ҳар як фарди соҳибдилу соҳибватан ҳарфи шукрона ба лаб баҳри ободию шукуфоии диёри азизу арҷманди хеш саъю талош меварзанд. Ҳамаи навгонию пешрафтҳо самара ва бозёфти даврони соҳибитиқлолии ҷумҳурӣ мебошанд. Меваҳои боғу токзори мавзеи Фахробод низ меваҳои боғи даврони соҳибистиқлолии кишваранд, ки комҳоро ширин ва зиндагию рӯзгори мардумро ободу шукуфон мегардонад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520