Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар карнавали бошукӯҳи Душанбе-90

19.10.2014 13:59, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт ба истиқболи солгарди 90-уми шаҳри Душанбе карнавали бошукӯҳи идона баргузор шуд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти олии ҳокимияти давлатии қонунбарор ва иҷроияи Тоҷикистон, меҳмонони сершумор аз дохилу хориҷи мамлакат ва сокинони бешумори Душанбешаҳри нозанин иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар майдони Нишони давлатии Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва аҳли ҷамоаи пойтахт бо шукӯҳи хоса ва шукргузории самимӣ аз фазои орому осуда ва ободию сарсабзии ватани азизамон истиқбол гирифтанд.

Барои карнавали идона бахшида ба солгарди 90-уми шаҳри дилорои Душанбе аз майдони Нишони давлатии Тоҷикистон то боғи зебои Наврӯзгоҳ ҳама ҷо ба таври идона ороста буд.

Таҳиягарону ташкилкунандагони ин тантанаи бузург саҳни шаршараи боғи Наврӯзгоҳро макони марказии карнавали идона интихоб намуда, онро хеле зебо ороста буданд.

Дар барномаи бошукӯҳи карнавали идона устодони санъату фарҳанг, аз театрҳои касбӣ, дастаҳои гуногуни ҳунарӣ, сарояндагону навозандагони шинохта ва ҳам гулғунчаҳои наврӯидаи санъати тоҷик иштирок намуда, фазои бошукӯҳи идона ба миён оварданд.

Аз чеҳраҳои хандону шукуфон ва дилхушии иштирокдорону бинандагони ин тантанаи бузург ҳувайдо буд, ки ин карнавали шукӯҳманди хотирмон дар хотири кулли онҳо то дер нақш хоҳад баст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520