Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

29.10.2014 16:03, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ифтихор дорам, ки Ҷаноби Олӣ, ҳукумат ва мардуми дӯсти Туркияро ба муносибати солгарди ҷашни миллии кишвар табрик ва таҳният гӯям.

Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи равобит ва муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳар ду кишвар баҳои баланд дода, ҷонибдори таҳкиму густариши ҳар чӣ бештари онҳо буда, муҷаддадан таъкид менамояд, ки дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.

Умедворам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо метавонем мундариҷаи ин равобитро ғанитар гардонида, сатҳи онро болотар бибарем.

Ба бародари азизам, ҷаноби Президент, бурдборӣ, муваффақият ва пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардум ва ба кишвари дӯсти Туркия сулҳу субот ва пешравиҳо орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520