Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Хунвей

30.10.2014 11:36, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Хунвейро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони ду кишвар, аз ҷумла дар доираи муносиботи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои таҳкими ҳамгироӣ миёни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар шароити фаъол гардидани хатару таҳдидҳои муосир зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои татбиқи саривақтии барномаҳои ҳамкории ба ин самт равонагардида ҳарду ҷониб саъю талош ба харҷ медиҳанд.

Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520