Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Бонки аграрии Чин Лю Шиюй масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, дар навбати аввал барои дастгирии рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз ҷониби ин бонк 100 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Ин маблағҳо ба се самти асосӣ- сохтмони корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва савдо ва омодасозии кадрҳо равона мегарданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону ин бонки бонуфузи Чин мутақобилан судбахш гардида, ба рушди робитаҳои иқтисодию сармоягузории ду кишвар мусоидат мекунад.