Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати роҳҳои оҳани Чин Чжан Зунян

07.11.2014 13:48, Чин

Зимни мулоқот бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати роҳҳои оҳани Чин Чжан Зунян масоили вобаста ба сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Доир ба тезондан ва бо сифати баланд анҷом додани татбиқи ин лоиҳа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Тавре зикр гардид, сохтмони ин роҳи оҳан бо нақбҳо ва пулҳояш бояд то соли 2016 анҷом дода шавад. Дарози ин қитъаи роҳи оҳан 40,7 км буда, иборат аз 3 нақб бо дарозии умумии 3755 м ва 5 пул бо дарозии умумии 712 м мебошад.

Ҷойи зикр аст, ки қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисону коргарони тоҷик иҷро карда мешавад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахш сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520