Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин

07.11.2014 16:48, Чин

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, Ван Чишан, узви Бюрои сиёсӣ, Котиби  Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин  доир ба масоили сиёсию ҳуқуқӣ Мэн Ҷянчжу ва муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Чэн Гопин мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ роҳҳои татбиқи босамари санадҳои миёни ду кишвар имзошуда ва тавофуқоти зиёди дар сатҳи олӣ ҳосилгардида муфассал баррасӣ шуд. 

Тавре зикр гардид, рушди бесобиқаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин воқеан аз ҳамшарикии стратегӣ ва ҳамсоягии ибратбахши ду кишвари дӯст гувоҳӣ медиҳад.

Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамгироии амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии ду ҳамсояи наку ба таҳкими оромию субот ва рушди иқтисодӣ дар минтақа мусоидати фаъол мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520