Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кэтсян

08.11.2014 09:23, Чин

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кэтсян мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи санадҳои нави имзошуда  баррасӣ шуд.

Изҳор гардид, ки Тоҷикистон аз ташаббуси Чин доир ба ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим дастгирӣ менамояд.

Изҳори бовар карда шуд, ки тавассути ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноии аз ҷониби Чин дастгиришаванда имконоти транзитии Тоҷикистон дар масири Шоҳроҳи Абрешим ба маротиб афзун мегардад.

Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520