Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле

21.11.2014 11:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григулеро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, ки солҳои охир рӯй ба рушду густариш овардаанд, изҳори қаноат карда, аз ҷумла таъкид дошт: “Иттиҳоди Аврупо дар симои Тоҷикистон метавонад шарики боэътимоди худро дар минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ басо муҳими Осиёи Марказӣ, ки дар хатти пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир қарор дорад, дошта бошад”.

Аз робитаҳои судбахши байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, ки аз ҷумла дар доираи Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва “Гурӯҳи Дӯстӣ”-и Тоҷикистон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо сурат мегиранд, изҳори хушҳолӣ карда шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки “таҳкими муносибот бо Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои он, аз ҷумла Парлумон, яке аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.

Аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҳам изҳори қаноат карда шуд. Тавре зикр гардид, ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо аз 362 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2012 ба 534 миллион дар соли 2013 расидааст.

Чунонки таъкид гардид, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, зербино ва амнияти минтақавӣ се самти афзали робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба раванди рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520