Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷӣ-Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дидё Буркхалтер

22.11.2014 12:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷӣ-Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дидё Буркхалтер мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ шуд.

Дар оғози суҳбат таъкид гардид, ки “мо САҲА-ро воситаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ мешуморем ва густариши робитаҳо бо он аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.

Ба муносиботи дӯстии дуҷониба ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ бо Швейтсария низ аз ҷониби Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Ҳамзамон зарурати таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои ба ҳарду ҷониб судбахш таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар се самти афзали он – сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ зоҳир карда шуд.

Дар ин замина ба фаъолияти Дафтари САҲА ва Коллеҷи марзбонии ин созмон дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.

Баррасии масоили вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд.

Дар робита ба муносиботи Тоҷикистону Швейтсария, аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки аз ҷониби ин давлат барои дастгирии рушди иҷтимоию зербиноии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 250 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо шудаанд ва соли равон барои ҷудо намудани боз 19 миллион се созишномаи нави дуҷониба ба имзо расид.

Ба Швейтсария ҳамчунин барои нақши намоёнаш дар роҳандозии ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд ва Созмони ҷаҳонии савдо изҳори қадрдонӣ карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520