Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чехия

26.11.2014 12:06, шаҳри Душанбе

Маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан, ки шоми дирӯз ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард, дар назди Қасри Миллат баргузор шуд. Ба ин муносибат дар саҳни қаср ҷузъутомҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва навозандагони оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд. Меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земанро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. 

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштани сарони ҳарду давлат аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салом додани меҳмони олимақом ба сарбозони тоҷик ва ҳамчунин бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо расми гузашти низомии афсарону сарбозони Горди фахрӣ ба поён расид.

Муҳокимаи масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва густариши робитаҳои судманди Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки “Чехия дар сиёсати хориҷии мо мақоми хос дорад, зеро миёни ду ҷумҳурӣ ҳамкории ба ҳурду ҷониб судманд то давлати мустақил шудани Тоҷикистон ҳам вуҷуд дошт”. Изҳори бовар карда шуд, ки робитаҳои судбахши сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар густариши бештар пайдо мекунанд.

Милош Земан дар навбати худ аз фаъолияташ дар шаҳри Душанбеи солҳои 80-уми асри гузашга ёдовар шуда, аз рушди бонизоми кунунии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла, изҳор дошт: “Корҳое, ки ба шумо муяссар шуд, ба бисёр давлатҳои дигар муяссар нагардидааст. Дар муддати кӯтоҳ шумо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, бар терроризм пирӯз шудед”. Бо ишора ба нақшаҳои бузурги рушди иқтисодии Тоҷикистон Милош Земан таъкид дошт, ки дар ин ҷо барои ташкил ва густариши робитаҳои гуногунпаҳлӯ бо Чехия имконот фаровон аст.

Меҳмони олимақом изҳори бовар намуд, ки сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишвари дӯст такони тоза мебахшад. Зимни баррасии имконоти фарохи ҳамкорӣ, ки дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт, доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари ширкатҳои чехословакии КОВО, ТЕХНОПОЛ, ПОЛИТЕХНА ва ДАТАСИСТЕМ дар солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон изҳори бовар карда шуд, ки имрӯз ва оянда ҳам робитаҳои судбахши иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар густариши беш аз пеш пайдо мекунанд. Муҳокимаи масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла авзои Афғонистону дигар нуқтаҳои доғи олам низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зери Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан имзо гузоштанд.

Ду санади дигари имзошуда инҳоянд: Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия; Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ.

Дар нишасти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноат карда, ҳавасмандии амиқи ду кишварро ба таҳким ва густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрпаҳлӯ таъйид намуданд.

Милош Земан аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Чехия сафари ҷавобии расмӣ анҷом диҳанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520