Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбат бо роҳбарият ва аъзои пешнҳодшудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.12.2014 10:22, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсонеро, ки ба ҳайси раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2 моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” раис, муовини раис ва 13 нафар аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти кишвар аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар давоми 3 рӯзи пас аз эълон шудани интихобот интихоб карда мешавад.

Тавре аён гардид, ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда пешниҳод гардидаанд ва 4 нафари онҳо занон мебошанд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки интихобот бояд бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки татбиқи талаботи қонун ва меъёрҳои демократии интихоботӣ бояд барои ҳамаи номзадҳо бо шароити баробар ва яксон таъмин карда шавад.

Изҳори бовар карда шуд, ки интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор мегардад, дар фазои орому осуда ва бо риояи меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷараён гирифта, ба таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон ва рушди босуботу бонизоми ояндаи кишвар мусоидати фаъол менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520