Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХII ҲХДТ

13.12.2014 13:51, шаҳри Душанбе

Муҳтарам вакилони Анҷуман!
Ҳозирини гиромӣ!

Чанде қабл мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳимми таърихи навини кишварамон - 20 - солагии қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламонро бо шукӯҳи хоса таҷлил карданд.

Дар ин радиф, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ бистсола шуд. Ҳизби мо ҳизби марҳалаи нави бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳизби даврони истиқлолият ё худ ҳизби зодаи истиқлолият мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд.

Бояд ошкоро гуфт, ки роҳи паймудаи он ҳамвор набуд, балки шебу фарози зиёде дошт. Ҳизби мо аз як гурӯҳи хурди ҳаммаслакон имрӯз ба як ҳизби муосири қариб 250 – ҳазорнафара, ба нерӯи пешсафу пешбар ва ташаббускору созанда табдил ёфтааст.

Бинобар ин, ҳамаи ҳозирин, кулли аъзо ва ҷонибдоронамонро ба ифтихори санаи мубораки 20-умин солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Итминон дорам, ки ҳизби мо минбаъд ҳам дар амри навсозии ҷомеа, демократикунонии он ва амалисозии иқдомоти нек ҷиҳати афзун гардонидани дастовардҳои мамлакат ва беҳдошти шароити зиндагии мардум саҳми муносиби худро мегузорад.

Дар шароити имрӯза барои сафарбар намудани одамон ба корҳои хайру созанда чунин нерӯи сиёсие лозим аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун муттаҳид намуда, дар сафи пеши раванди бунёдкории Ватан қарор дошта бошад.

Чунин ғояро ҳанӯз бист сол пеш ман бо ташкили ҳизби нав - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба миён гузошта будам.

Самараи он таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёт ва торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт.

Ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.

Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.

Чунонки гуфтам, имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 4 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ қариб 250 ҳазор нафар аъзои худро муттаҳид кардааст.

Амалияи кори ҳизбӣ нишон медиҳад, ки шумораи хоҳишмандони дохилшавӣ ба сафи ҳизб торафт афзуда истодааст.

Дар сафҳои ҳизби мо ҷавонону бонувони ватандӯст, ба кори ҳизбӣ содиқ, фаъолу ташаббускор ва ташкилотчӣ хеле зиёданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт.

Амалӣ шудани ин ҳадафи барномавии ҳизбро мо дар иқдомоти ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, дар мисоли сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу нерӯгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дар амри дастгирии пайвастаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ – ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат мебинем.

Вакилони муҳтарам!

Моро лозим аст, ки дар ин Анҷуман аз фаъолияти панҷсолаи ҳизб натиҷагирӣ намоем ва нақшаҳои минбаъдаамонро якҷо баррасӣ кунем.

Дар давраи ҳисоботӣ якчанд маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, семинарҳои минтақавӣ ва садҳо ҷаласаи нақшавии комиҷроияҳо ва созмонҳои ибтидоӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли онҳо чораҳои мушаххас андешида шуданд.

Бояд гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра робитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо табақаҳои мухталифи ҷомеа, ҳизбу ҳаракатҳо, васоити ахбори омма ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ таҳкиму густариш ёфт.

Давраи сипаригашта барои ҳизби мо марҳалаи ислоҳоти кадрӣ, сохторӣ ва такмили фаъолияти комиҷроияҳо буд.

Дар натиҷа кулли ташкилотҳои ҳизбӣ ба ҳама гуна сабқату чорабиниҳои сиёсӣ, ки ҷомеаи моро ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ менамоянд, омода гардиданд.

20 –уми апрели соли 2011 дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаи «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо дар устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи ҳизб» ба таври васеъ баррасӣ гардида, бо дарназардошти он, ки имрӯз дар кишвари мо ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа эътироф гардидаанд, Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд, ки аллакай дар байни насли ҷавон мавқеи сазовори худро пайдо кардааст.

Дар Маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, ки 23-юми ноябри соли 2011 доир гардид, масъалаи фаъолияти фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чунонки дар Оиннома ва қарорҳои Анҷумани ҳизб, инчунин дар санадҳои меъёрии қабулкардаи маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Раёсати ҳизб зикр шудааст, кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ бояд бо гурӯҳҳои вакилӣ робитаи доимӣ дошта бошанд ва соле як маротиба ҳисоботи онҳоро шунаванд.

Хусусан корро дар самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар маҳалҳо пурзӯр намоянд, то ки паҳншавии таъсири равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ пешгирӣ карда шавад.

Дар ин раванд бояд ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва назари воқеӣ ба рӯйдодҳои ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон меҳвари асосии фаъолияти ҳизбиёнро ташкил диҳад.

Яке аз самтҳои муҳимму муассири кори ҳизбӣ аз он иборат аст, ки фаъолони ҳизб ва умуман ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои ҳизбӣ бояд дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум фаҳмонида тавонанд.

Дар робита ба масъалаи қабули аъзои нав ба сафи ҳизб ба масъулини ҳизбӣ бори дигар таъкид месозам, ки набояд танҳо аз пайи шумора рафт, баръакс бештар ба сифатҳои шахсии аъзои ҳизб эътибор дода, пеш аз ҳама, хоҳишмандон ва шахсонеро ба сафҳои ҳизб ҷалб бояд кард, ки маърифату маънавиёти баланд дошта бошанд ва ғояҳои созандаи ҳизбро содиқона ҷонибдорӣ намоянд.

Яке аз вазифаҳои муҳимми ташкилотҳои ҳизбӣ робитаи доимии онҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Мо бояд бо ҳамватанони худ мунтазам кор барем, зеро ҳамватанони бурунмарзиамон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ низ фарзандони халқи мо ва гузашта аз ин, шаҳрвандони кишвари мо мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар кори ҳизбӣ фаъолияти фаҳмондадиҳиву маърифатӣ нақши муҳим дорад.

Аз ин лиҳоз, шӯъбаҳои дахлдори комиҷроияҳои ҳизб дар ин самт тарзу усулҳои замонавиро истифода бурда, ба ин кор бояд шахсиятҳои обрӯманду соҳибтаҷриба ва олимону зиёиёни маъруфро ҷалб намоянд, аз васоити ахбори омма ва шабакаҳои коммуникатсионии электронӣ ба таври васеъ истифода баранд.

Дар марҳалаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ истифодаи самараноки нерӯи созандаи занон яке аз омилҳои муҳимми таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва болоравии сатҳи худшиносиву худогоҳии мардум мебошад.

Гузашта аз ин, таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳалли масоили занон ва ташаккули чеҳраи сиёсии онҳо яке аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизби мост.

Тадбирҳои ҳизб дар ин бобат бояд ба ташаккули ҷаҳонбинии муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳимояи манфиатҳои занон, воридшавии онҳо ба раванди муносибатҳои нави ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои созандаи занон равона карда шавад.

Ба хотири боло бурдани сатҳи маърифати ҷавонон, тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон ва духтарони лаёқатманди деҳоти дурдаст, таъмини минтақаҳои дурдаст бо кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷавонон тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997 то ҳол қариб 15 ҳазор нафар духтарону писарон барои таҳсил ба мактабҳои олӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 9 ҳазор нафар духтарон мебошанд.

Дар ин муддат қариб 347 ҳазор нафар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатро хатм кардаанд, ки 160 ҳазор нафари онҳо духтаронанд.

Имрӯз занону духтарон дар ҳамаи зинаҳои мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ фаъолият доранд ва мо дар барномаи пешазинтихоботии худ пешбинӣ кардаем, ки дар панҷ соли оянда барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи намояндагии духтарону бонувони мамлакат талош мекунем.

Вобаста ба ин, пайваста таъкид месозам, ки мусоидат кардан ба масъалаи ҳарчи бештар таъсис додани корхонаҳои истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосир, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, аз ҷумла ҷавонон дар баробари сохтору мақомоти давлатӣ вазифаи ҷонии ташкилотҳои ҳизбӣ низ мебошад.

Онҳо бояд дар баробари Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳдошти ҳаёти ҷавонон ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Тавре ки ёд доред, аз аввали соли 2010 кулли аъзои ҳизб дар ҷараёни омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор доштанд.

Барои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва тибқи меъёрҳои демократӣ озоду шаффоф гузаронидани он ташкилотҳои ҳизбӣ омодагии ҳаматарафа диданд.

Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 таҳти шиори «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон» ба ҳайси барномаи амал ба ҷомеа пешниҳод гардид.

Рӯзи 28 - уми феврали соли 2010 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид, ки дар он беш аз 3 миллиону 300 ҳазор нафар, яъне 90,3 фоизи интихобкунандагон ширкат варзиданд.

Тибқи натиҷаи ҷамъбасти интихобот 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуривӣ интихоб гардид.

Ба ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон 45 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуданд.

Дар Анҷумани Х-уми ҳизб ҳангоми муаррифии барномаи фаъолият ман изҳор дошта будам, ки дар сурати ба пирӯзӣ расидани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин барнома ҳамчун барномаи ҳукуматӣ барои амалӣ гардонидан пазируфта мешавад.

Ин фикрро дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тақвият бахшида, таъкид доштам, ки пешниҳодҳои муҳимми барномавии аҳзоби сиёсии дигар низ омӯхта, барои татбиқи амалии онҳо тадбирҳо андешида мешаванд.

Ин чунин маънӣ дорад, ки ин Ватан барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон азизу муқаддас аст ва мо бояд онро бо саъю талоши якҷоя ва бо истифода аз нерӯи зеҳнӣ ва имкониятҳои ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар обод кунем.

Соли 2010 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи худидоракунии маҳаллии шаҳраку деҳот” бори аввал интихобот ба маҷлисҳои вакилони халқи шаҳраку деҳот доир гардид.

Барои 10 274 ҷой 15 132 нафар талош карда, аз ин шумора 6 618 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вакилони маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот интихоб шуданд.

Чунин нишондиҳанда гувоҳи равшани аз ҷониби сокинони кишвар дастгирӣ ёфтани ғояҳои ҳизб мебошад.

Ин маъракаи сиёсӣ далели возеҳи он аст, ки меъёрҳои демократӣ то ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пазируфта шуда, имкон медиҳанд, ки мардум ҳарчи бештар дар корҳои давлатдорӣ фаъолона иштирок намоянд.

Ҳозирини арҷманд!

Тоҷикистони азизи мо ҳоло ба сӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, ба шарофати ин раванди нек сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад.

Воқеан, истиқлолият ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумла аъзои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳар як узви ҳизби мо ба қадри он расанд ва ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва таҳким бахшанд.

Барои ин зарур аст, ки раисони комиҷроияҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, масъулони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон ва ҳар як узви ҳизб бо дарназардошти вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза амал карда, ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа мардумро ба ободониву созандагии Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастовардҳои таърихи навини халқамон – истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар намоянд.

Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолият ва осудагиву ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд кунем.

Дар баробари ин, махсус таъкид месозам, ки мо наметавонем нисбат ба равандҳои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон бетараф бошем.

Зеро бар асари таъсиру пуштибонии доираҳои муайян дар баъзе манотиқи ҷаҳон нерӯҳое сар бардошта, фаъолона амал карда истодаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳон оқибатҳои фоҷиабор доранд.

Имрӯз мо шоҳиди густариши бесобиқаи фаъолияти ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва ифротгароии динӣ мебошем.

Яке аз онҳо давлати ба ном исломии Шому Ироқ мебошад, ки ҳомиёну сарпарастони маънавии он ҷавонони зиёдеро қариб аз 80 кишвари гуногуни олам ба доми ғаразноки худ дароварда, ба ҷангҳои бисёр даҳшатноку ҷоҳилона бар зидди худи мардуми мусулмон сафарбар карда истодаанд.

Мутаассифона, чунин аъмоли ваҳшатнок бо истифода аз номи ислом сурат мегирад, ки боиси бадномии дини мубини ислом ва мардуми мусулмон мегардад.

Табиист, ки як қисми чунин ҷавонон минбаъд ба кишварҳои худ бармегарданд ва барои нооромиҳои иҷтимоӣ замина мегузоранд. Аз чунин ҳолат Тоҷикистони мо низ истисно нест.

Бинобар ин, на танҳо сохтору мақомоти дахлдор, балки падару модарон, аҳли зиё, инчунин ташкилотҳои ҳизбии мо низ вазифадоранд, ки дар ин самт, хусусан доир ба пешгирӣ кардани ифротгароии зӯроварона ва радикализми ба терроризм баранда корҳои таблиғотиро вусъат бахшанд ва ҷавонони раҳгумзадаро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд.

Ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст, ки робитаҳои худро бо аъзои ҳизб, ки ба сифати муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои дигар қарор доранд, ҳарчи бештар қавӣ гардонанд.

Зеро ҷавонон бештар аз байни онҳо ба узвияти ҳаракату равияҳои экстремистиву ифротгаро, аз ҷумла барои ҷангҳои Сурияву Ироқ ҷалб карда мешаванд.

Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ дар ин самт баъзе корҳоро анҷом дода истодааст.

Масалан, дар асоси нақшаи кории Дастгоҳи ҳизб бо даъвати ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия 12 гурӯҳи кории ҳизби мо ба шаҳрҳои гуногуни Россия сафар карда, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик як силсила мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.

Аммо кор дар ин самт ҳанӯз ҳам самаранок нест. Аз ин лиҳоз, ҳар як комиҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳия бояд дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат мушаххас намояд, ки дар хориҷи кишвар чӣ қадар аъзои ҳизб ҳастанд ва ба чӣ корҳо машғуланд.

Вакилони муҳтарам!

Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки аз ҷониби ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буданд, вусъати тоза пайдо намуд.

Дар асоси талаботи Оинномаи ҳизб бори аввал дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои вакилӣ созмон дода шуданд.

Дар соли 2013, ки соли вусъати фаъолияти ташкилотҳои ҳизбамон эълон шуда буд, ташаббускории ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои он боз ҳам ҷоннок гардид. Иқдомҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз ҳар вақти дигар ба муттаҳид гаштани табақаҳои мухталифи ҷомеа мусоидат намуданд.

Шумораи зиёди одамон дар баробари ба таври оммавӣ ширкат варзидан дар чорабиниҳои иҷтимоиву сиёсӣ тақдири худро бо ҳизби мо пайвастанд.

Воқеаи муҳимму хотирмони соли гузашта интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ҳизби мо ба ин раванд ворид гардид ва дар миёни 6 номзади дигар бо гирифтани аксарияти овозҳо ба пирӯзӣ расид.

Интихоботи президентӣ ба таври озоду шаффоф ва демократӣ баргузор шуд ва он нишон дод, ки аксарияти кулли интихобкунандагон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизбро пазируфта, ба ҷонибдории он раъй доданд.

Зимни вохӯриҳо мардум ба ояндаи ободу осудаи худ эътимоди комил доштанашонро иброз медоштанд.

Онҳо бо ифтихор мегуфтанд, ки бо саъю кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумат Тоҷикистони азизи мо торафт ободу зебо гашта, сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мунтазам баланд шуда истодааст.

Ман бо итминони комил изҳор медорам, ки ин пешрафту комёбиҳо, пеш аз ҳама, ба шарофати хизмати худи халқи Тоҷикистон ба даст омадаанд, ки дар ин раванд ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократӣ, фаъолон ва ҷонибдорони он нақши арзанда доранд.

Аъзои ҳизб ҳамеша дар сафи пеши фаъолият ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафту тараққиёт қарор доранд, ки чунин мавқеи устувор обрӯи онро дар миёни мардум боз ҳам афзун мегардонад.

Ман ҳамаи ин далелҳоро барои он хотиррасон мекунам, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан интихобкунандагон дар самти амалӣ кардани фаъолияти сиёсӣ таҷрибаи хуб андӯхтаанд.

Онҳо аллакай тарзу услуби муборизаи сиёсиро дар як кишвари бисёрҳизбӣ ва демократӣ азхуд кардаанд.

Мо минбаъд низ бояд талош намоем, ки зиёдаравӣ накарда, усулҳои наву муосири рақобати солим ва муборизаро дар маъракаҳои сиёсӣ аз кишварҳои демокративу мутараққии ҷаҳон омӯзем ва дар фаъолияти ҳизбиву сиёсии худ истифода барем.

Қобили зикр аст, ки дар шароити ҳозираи пешрафти ҷомеа, таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ нақши васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ торафт меафзояд.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар баробари вусъат бахшидан ба фаъолияти нашрияҳои ҳизбӣ, пеш аз ҳама, нашрияи марказии ҳизб «Минбари халқ» робитаро бо дигар расонаҳои хабарӣ тақвият дода, ба он муваффақ гардем, ки ба мардум танҳо сухани ҳақ ва инъикоси воқеии ҳодисаҳо манзур карда шавад.

Дӯстони азиз!

Чунонки маълум аст, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҳозира яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҳизб маҳсуб меёбад.

Бинобар ин, робитаҳои байналмилалии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон асосан дар ду самт роҳандозӣ мегарданд.

Аввал ин, ки Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ, ташкилотҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии он мустақиман дар доираи ҳамкориҳои байниҳизбӣ ва дар заминаи созишномаҳои дуҷонибаи миёни аҳзоб баимзорасида табодули таҷриба, омӯзиши тарзи фаъолият ва сафарҳои хизматии ҳайатҳоро ба роҳ монда истодаанд.

Ғайр аз ин, ҳамкории байнипарламентӣ бо ширкати вакилони мо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сурат мегирад.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ширкаткунандаи фаъоли равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир мебошад.

Бинобар ин, истифодаи тамоми василаҳо дар ин самт метавонад ба раванди татбиқи сиёсати хориҷии давлат мусоидат намояд.

Маҳз бо дарназардошти ҳамин омил вакилон-аъзои фраксияи ҳизби мо дар фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иштироки ҳадафмандона дошта, дар кори ассамблеяҳои байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди АвруОсиё, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Осиё ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ иштироки фаъолона доранд.

Густариши робитаҳои байнипарламентӣ дар масъалаи омӯзиши қонунгузории ин давлатҳо ва истифодаи таҷрибаи онҳо дар фаъолияти қонунгузории вакилон ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар аҳаммияти хоса доранд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки аъзои фраксияи ҳизб дар парламент минбаъд низ фаъолияти худро дар ин ҷодаи муҳим тақвият бахшанд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тақвияти муносибатҳо дар байни кишварҳои гуногуни олам ҳизби мо омодагии худро барои ҳамкориҳои муфид бо ҳамаи аҳзобе, ки барномаҳояшон бо Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон наздиканд, изҳор дошта, барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳояш талош меварзад.

Вакилони муҳтарам!

Фаъолияти мақоми олии қонунгузор, бешубҳа, дар бобати беҳтар шудани некӯаҳволии мардум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолату ҳимояи онҳо нақши бисёр арзишманд дорад.

Аз ин лиҳоз, ба мақоми қонунгузор бояд шахсони соҳибмаърифату баландихтисос, забондону сухандон ва обрӯманду соҳиби хислатҳои баланди инсонӣ пешбарӣ карда шаванд, то ки дар раванди қонунэҷодкунӣ, яъне таҳияву қабули санадҳои барои пешрафти ҷомеаи демократиамон зарурӣ фаъолона иштирок намоянд ва дар байни мардум намунаи ибрат бошанд.

Доштани чунин сифатҳо барои вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ низ зарур аст.

Имрӯз барои парламент ва дигар шохаҳои ҳокимият дарки сиёсати ягонаи давлатӣ, такмил додани идоракунӣ ва ҳамоҳанг намудани кори ҳамаи шохаҳои ҳокимият масъалаи муҳимтарин ба шумор меравад.

Идоракунии самарабахш ва таъмини волоияти қонун моро ба зинаи нави иқтисодиву иҷтимоие мерасонад, ки натиҷаи он беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва пирӯзии адолати иҷтимоӣ мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

То интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вақти кам мондааст.

Моро лозим аст, ки ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ тайёрии ҷиддӣ бинем ва аз корҳои дар зарфи панҷ соли гузашта анҷомдодаамон дар назди аъзои ҳизб ва интихобкунандаҳо ҳисобот диҳем.

Зеро бурду бохти ҳар як ҳизби сиёсӣ дар интихоботи оянда ба он вобаста хоҳад буд, ки он имрӯз дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ чӣ мақому мавқеъ дорад ва мардум ба ҳадафҳои сиёсӣ ва барномаи пешазинтихоботии ин ҳизб то чӣ андоза таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Интихобот дар сурате ба меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин мувофиқат мекунад, ки фаъолияти ҳамаи ширкаткунандагони он дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва демократӣ сурат гирад.

Гузашта аз ин, интихобкунандагон ба воқеият такя кунанд ва нисбат ба тақдири давлату миллат бетараф набошанд.

Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои муҳимми муайян ва мушаххас намудани мақому манзалат ва нуфузи воқеии ҳизби сиёсӣ иштирок дар маъракаҳои интихоботӣ ва гирифтани раъйи интихобкунандагон мебошад.

Дар робита ба ин, ман ҳамчун Роҳбари давлат борҳо таъкид кардаам, ки дар раванди маъракаҳои пешазинтихоботӣ ба ягон ҳизб, аз ҷумла ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, берун аз муқаррароти қонун ягон имтиёз дода намешавад.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам дорад ва мо бояд ин дастовардро ҳифз намуда, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем.

Зеро ҳар ҳизбе, ки дар ҷомеа нуфуз дорад, имконияти бештари иштирок дар такмили фазои қонунгузории кишварро пайдо намуда, ба ин восита ба равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Дар робита ба ин, бояд ҳар як ташкилоти ҳизбӣ ва аъзои он бо эҳсоси масъулияти баланд дар раванди демократикунонии ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва рушду тараққиёти кишвар саҳми арзанда гузорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботии аввали соли оянда танҳо ба нерӯ ва имконоти воқеии худ такя намуда, бояд дар доираи қонунҳои амалкунанда рақобат карда тавонад, барои озоду шаффоф гузаштани интихобот саҳм гузошта, дар байни дигар ҳизбҳои сиёсӣ намунаи ибрат бошад.

Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб тамоми сохторҳои ҳизбиро ба интихоботи соли 2015 сафарбар намуда, вазифадор аст, ки дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои кишвар боз ҳам фаъолтар бошад.

Аъзо ва масъулини сохторҳои ҳизбӣ вазифадоранд, ки ҳангоми пешбурди корҳои таблиғотиву ташвиқотии пешазинтихоботӣ танҳо дар доираи қонун амал намоянд ва бо одоби баланди сиёсӣ намунаи ибрати ҷомеа бошанд.

Фаъолияти таблиғотӣ бояд ҳамчун мактаби тақвияти фарҳанги сиёсии мардум барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии ҷомеа хизмат намояд.

Рисолати мо, ҳизбиён аз он иборат аст, ки ба истиқболи мардум равем, сухани онҳоро шунавем ва масъалаву мушкилоти мавҷударо дар доираи имкониятҳоямон ҳаллу фасл намоем.

Яъне мо бояд бо ғояҳои созандаву ободгаронаи худ ба дили мардум роҳ ёбем ва нуфуз пайдо кунем.

Мо бояд намунаи таҳаммулгароӣ бошем, яъне ҳангоми пешбурди корҳои омодагӣ ба интихобот маданияти баланди сиёсиву ҳуқуқӣ нишон диҳем, ба эҳсосот дода нашуда, фикру мулоҳизаи дигаронро шунида тавонем.

Ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ бояд ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсӣ мусоидат намоянд.

Ин масъаларо ҳар як узви ҳизб ва тамоми масъулони ҳизб бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд.

Бори дигар таъкид месозам, ки мо бояд бо сабру таҳаммул бошем, маданияти баланди сиёсӣ нишон диҳем ва танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонун амал кунем.

Ҳар як узви ҳизби мо бояд ба ҳадафҳои пешгирифтаи он эътимоди қавӣ дошта, дар ҳама ҳолат ба кори ҳизб ва ғояҳои созандаи он содиқу устувор боқӣ монад.

Муҳтарам вакилони Анҷуман!

Акнун мехостам назари худро дар хусуси баъзе нуктаҳои лоиҳаи Барномаи пешазинтихоботии ҳизбамон, ки аз ҷониби гурӯҳи калони мутахассисону олимон, коршиносону сиёсатмадорон ва масъулини ҳизбӣ таҳия шудааст, иброз намоям.

Асоси онро нақшаву вазифаҳои стратегӣ ва ҷорие ташкил медиҳанд, ки онҳоро дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта будам.

Марҳалаи имрӯза аз ҳар як узви ҳизби мо, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти гуногун ва ҳамаи шаҳрвандони мамлакат тақозо менамояд, ки ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта эътибори ҷиддӣ диҳем.

Чунки дар баробари комёбиҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб хеле зиёданд.

Сатҳи ислоҳоти иқтисодӣ, вазъи кунунии саноат, энергетика, кишоварзӣ, дараҷаи пасти истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, истифодаи техникаву технологияҳои муосир дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт, таркиби савдои беруна, сатҳи камбизоатӣ, норасоии ҷойҳои корӣ, вазъи мавҷудаи соҳаҳои иҷтимоӣ моро водор менамоянд, ки дар татбиқи вазифаҳои иқтисодии давлат ҳарчи бештар ва фаъолона саҳм гузорем.

Дар Барномаи ҳизб омадааст, ки вазифаи стратегии мо дар солҳои наздик аз таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бунёди корхонаҳо, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, рушду таҳкими низоми демократӣ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва идома додани сиёсати самарабахши хориҷӣ бо дарназардошти волоияти манфиатҳои милливу давлатиамон иборатанд.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии пешбинишуда такмили минбаъдаи низоми сиёсии ҷомеа ва дар ин замина таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи устувори ҷомеа, тартибу низоми ҷамъиятӣ, ҳамаҷониба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зарур аст.

Ҳамзамон бо ин, рушди минбаъдаи институтҳои демократӣ, аз ҷумла гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот ва фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ки ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳанд кард, яке аз вазифаҳои муҳимми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Бунёди чунин ҷомеа, пеш аз ҳама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои сиёсиро дар асоси принсипи волоияти манфиатҳои умумимиллӣ ташкил медиҳад.

Дар ҷомеаи демократӣ меъёри муайянкунандаи доира ва ҳудуди ҳар гуна амалу рафтор қонун мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолияти худ ба масъалаи таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад, зеро эҳтиром ва риояи қонунҳои кишвар кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадон аст.

Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳҳои дастёбӣ ба муҳимтарин ҳадафу вазифаҳоро дар бар гирифта, вазифаи ҳар як узви ҳизбро дар рушди иқтисодиёт ва бахшҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ бо такя ба фарҳангу анъанаҳои мардуми Тоҷикистон муайян менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизбе, ки ҳақиқату адолатро маҳаки фаъолияти худ қарор додааст, талош мекунад, ки дар заминаи дастёбӣ ба рушди устувори иқтисодии кишвар зиндагии мардум боз ҳам беҳтару осудатар гардонида шавад.

Мо Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои солҳои 2015-2020 таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ҳамчун барномаи амал ба ҷомеа пешниҳод менамоем, ки он бо барномаҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҳамоҳанг мебошад.

Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди афзалиятноки соҳаи саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун вазифаҳои стратегии марҳалаи нав арзёбӣ мегарданд.

Қисми таркибии барномаи пешазинтихоботиро бахши иқтисодӣ ташкил медиҳад, ки дар он масъалаҳои тақвият бахшидани рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ махсус таъкид шудаанд.

Тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва то соли 2020 то 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии мо мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳим мусоидат намудан ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷонибдор аст, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ боз ҳам қавитар гардонида шаванд.

Дар ниҳоят, зикр намудан бамаврид аст, ки ҳизби мо нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ҳанӯз ҳам ба қадри зарурӣ истифода накардааст.

Бинобар ин, эътимоди қавӣ дорам, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иқдомҳои нави созанда ва барномаҳои воқеии худ мардуми кишварро ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз - Ватани маҳбуби ҳамаи мо чун ҳарвақта муттаҳиду сафарбар менамояд.

Ба ҳамаатон дар роҳи пурифтихори созандагӣ, ободии Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол пирӯзиву сарбаландӣ орзу менамоям!

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520