Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо гурӯҳи номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

13.12.2014 15:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба намояндагии шоиста аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ, риояи фарҳанги волои сиёсию ҳуқуқӣ, бо таҳаммулу тавозӯъ ба роҳ мондани рақобат бо номзадҳо аз дигар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, муаррифии дурусту фаҳмои барномаи пешазинтихоботии ҳизби мазкур, ки шиораш “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум” мебошад, ҳидоят кард.

Хотиррасон бояд намуд, ки ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 нафар пешбарӣ шудаанд. Аз онҳо 11 нафар занон ва аксари куллашон олимону мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои диду нигоҳи нав ба ҳаёти ҷомеа мебошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520