Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

16.12.2014 08:36, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,

Табрикоти самимии маро ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Қазоқистон -Рӯзи истиқлолият қабул намоед.

Барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Қазоқистон ҳамчун як ҷузъи асосии афзалиятноки сиёсати берунӣ ҳамеша боқӣ мемонанд. Мо барои рушди рӯзафзуни он ҳавасмандем ва омодаем барои дар амал татбиқ намудани иқтидори бузург ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилае, ки кишварҳоямон соҳибанд, тамоми корҳои заруриро анҷом диҳем. Мехоҳам изҳори умед кунам, ки мо тавассути кӯшишҳои муштарак метавонем он бойигарии бебаҳоеро, ки аз гузаштагонамон ба мерос гирифтаем, боз ҳам ғанитар гардонем.

Ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич, саломатии бардавом ва барои шукуфоии мамлакат расидан ба мақсадҳои пешбинишударо хоҳонам ва ба мардуми бародари Қазоқистон-беҳбудӣ ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520