Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

17.12.2014 09:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо даҳшату ғазаб ва дарду андӯҳ хабари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ба як мактаби шаҳри Пешоварро, ки боиси ҳалокати беш аз сад нафар кӯдакону омӯзгорон ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони Покистон гардидааст, дарёфт намудам.

Ман итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод.

Хоҳишмандам маротиби тасаллиёт ва ҳамдардии мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро қабул фармоед ва эҳсоси гарми дӯстонаи моро ба пайвандони бегуноҳ кушташудагон ва маҷрӯҳон бирасонед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520