Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ

18.12.2014 09:24, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Мояи хурсандии ман аст, ки ба Волоҳазрат табрикоти самимона ва орзуҳои неки бародаронаи худро ба муносибати фарорасии Иди миллии Давлати Қатар бифиристам ва ба Шумо сиҳҳатии бардавом ва ба мардуми бародари Қатар таҳти роҳбарии Шумо пешрафту шукуфоӣ орзу намоям.

Ман аз сатҳи робитаҳо ва ҳамкориҳои босамари мардумони бародари мо изҳори қаноатмандӣ намуда, ин фурсати некро ғанимат мешуморам, то бори дигар рағбати самимиамро дар идома додани кор бо Волоҳазрат баҳри таҳкими равобит ҷиҳати истиқрори амну субот ва пешрафти ҳар ду кишвар ва минтақа таҷдид намоям.

Хоҳишмандам ғояти эҳтироми маро бипазиред».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520