Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

02.01.2015 15:49, шаҳри Душанбе

Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот», «Дар бораи хизмати дипломатӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ташкили назорати содирот, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот оид ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин вобаста ба ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» дар таҳрири нав ҷиҳати танзими асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии соҳаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда, он ба шароити кунунии рушди дипломатия мувофиқ карда шудааст.

Тағйирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе дигар қонунҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф, танзими ҳуҷҷатҳои электронӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, рушди мурофиаи гражданӣ ва соҳаҳои дахлдори ҳаёти кишвар қабул карда шудаанд.

Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520