ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ректори Муассисаи давлатии
таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
таъин намудани Абдулхолиқзода Л.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдулхолиқзода Лутфия Абдухолиқ ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
27 феврали соли 2015
№376