ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини Прокурори генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани
Ваҳобов В.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Ваҳобов Валӣ Манонович муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 марти соли 2015
№386
Ваҳобов Валӣ Манонович
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ваҳобов Валӣ Манонович соли 1963 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 26 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коромӯз дар вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, прокурори шуъбаи назорати риояи қонунҳо дар мақомоти амният ва муносибатҳои байналмиллалии прокуратураи РСС Тоҷикистон, муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Раёсати прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, прокурори калони ҳарбии шуъбаи назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи омор ва таҳлили прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз марти соли 2011 то имрӯз дар вазифаи сардори шӯъбаи омор ва таҳлили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.