Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар

06.03.2015 13:14, шаҳри Душанбе

Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувон ва духтарони Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад.

Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад.

Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.

Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.

Имсол Рӯзи модар дар оғози Соли оила таҷлил мегардад, ки ин ҳам як нишонаи баланди арҷгузорӣ ба номи муқаддаси модар ва заҳмати бонувони кишвар буда, ба хотири ҳифзи оилаи солиму босаодат ҳамчун ниҳоди таҳкимбахши ҷомеа аҳаммияти басо бузург дорад.

Оғози ин маъракаи муҳимро ба тамоми ҳамватанони азизамон табрик гуфта, умед дорам, ки дар ин соли хотирмон ҳар як фарди бонангу номуси Ватан ибтикороти шоистаро амалӣ карда, дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ саҳми муносиб мегузорад ва ба ин восита мақоми зан-модарро, ки нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ мебошад, боз ҳам баланд мебардорад.

Ҳамчунин бо истифода аз фурсати муносиб, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла занони шарофатманд, ҷавонони ватандӯст, ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсии кишвар барои ширкати фаъолонаашон дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки чанд рӯз пештар баргузор шуда, нишонаи равшани болоравии фарҳанги сиёсии ҷомеа, масъулияти ватандорӣ ва рамзи возеҳи суннати таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвари маҳбубамон ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва осоиши ҳар як оила гардид, сидқан миннатдорӣ баён менамоям.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба аҳаммияти бузурги ин масъала изҳори назар карда, таъкид намудам, ки бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон проблемаҳои ҳалталаб дар ин самт ҳанӯз зиёданд.

Аз ин лиҳоз, мо соли 2015-умро Соли оила эълон намудем ва итминони комил дорем, ки ҳамаи мо дастҷамъона барои рафъи пробемаҳои мавҷуда сайъу талош карда, дар таблиғи устувории оила ва рушди фарҳанги оиладорӣ кӯшишҳои бештареро ба харҷ медиҳем.

Албатта, ҳамаи мушкилоту камбудиҳоро дар як сол бартараф кардан мушкил аст, аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ба хотири ҳаллу фасли онҳо ҳамеша саъю талош кунем.

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид.

Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.

Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт.

Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.

Ҳамин нерӯву ҷасорати занонро ба инобат гирифта, бо мақсади тавсеаи ҳарчи бештари нуфузи онҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расонидам, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани занон заминаи мусоид фароҳам овард.

Минбаъд ба хотири дастгирии занон якчанд барнома ва стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ҳар кадоми онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нақши муҳим бозиданд. Дар солҳои истиқлолият барои таҳсили духтарон шароити муносиб муҳайё карда шуд.

Дар ин давра беш аз 120 ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла 6 ҳазорашон тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуданд, ки ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ бо муваффақият кору фаъолият карда истодаанд.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ беш аз 30 ҳазор нафар, таҳсилоти олии касбӣ зиёда аз 53 ҳазор нафар, аз ҷумла дар хориҷи кишвар қариб сеюним ҳазор нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда ҳоло ҳам нокифоя аст.

Аз ин лиҳоз, ба падару модарон муроҷиат карда, бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки пеши роҳи таҳсили фарзандонашонро нагиранд, баръакс, кӯшиш намоянд, ки онҳо хонанд ва босаводу соҳибмаърифат гарданд.

Илова бар ин, таъсиси грантҳои президентӣ мусоидат намуд, ки фаъолияти соҳибкории занон хеле густариш ёфта, онҳо баробари беҳтар намудани шароити оилавии худ ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири бевосита расониданд.

Ҳамин иқдом боис шуд, ки ҳазорҳо нафар бонувони мо ба соҳибкориву тиҷорат рӯ оварданд ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис доданд.

Агар дар оғози даврони истиқлолият шумораи занони соҳибкор ҳамагӣ 64 нафарро ташкил карда бошад, имрӯз шумораи корхонаҳои хурду миёна, ки роҳбаронашон занону духтарон мебошанд, ба 2220 расидааст.

Имрӯз 126 ҳазор нафар занону духтарон ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд. Танҳо соли 2014 аз тарафи бонкҳои кишвар ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ ба занони соҳибкор қариб дуюним миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.

Ин ҳама нишонаи дастгирии занону духтарон буда, аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумат ба онҳо дарак медиҳад.

Дар кишварамон шумораи ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар сафҳои худ занонро муттаҳид менамоянд, рӯз аз рӯз меафзояд ва нақши онҳо дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам боло меравад.

Мо минбаъд низ ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро тақвият бахшида, онҳоро ба раванди таҳияву татбиқи қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ бештар ҷалб менамоем ва робитаи миёни сохтору мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ғайриҳукуматиро боз ҳам устувор мегардонем.

Мавриди амал қарор гирифтани Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» низ имкон фароҳам овард, ки ҳалли тадриҷии як силсила мушкилиҳои дар ин самт мавҷуда таъмин гардида, манфиатҳои ҳуқуқии оилаҳо ҳимоя шаванд.

Дар ин раванд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007- 2016» қабул гардида, ба афзоиши шумораи занону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият мусоидат намуд.

Мо тасмим дорем, ки ҷалби онҳоро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем.

Имрӯз дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, инчунин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон фаъолият карда, 500 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.

Аз шаш ҳазор нафар духтароне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм кардаанд, беш аз панҷ ҳазор нафарашон дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд ва 125 нафари онҳо дар мансабҳои роҳбарӣ ба нафъи давлату ҷамъият бо азму талош ва ташаббусҳои созанда хизмат карда истодаанд.

Ҳукумати мамлакат то имрӯз тавассути таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор барои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии занон дар давраи ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак, инчунин дар давраи нигоҳубини кӯдак тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.

Танҳо дар соли 2014 ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зиёда аз 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Дар баробари ин, рисолат ва фазилати бузурги тарбияи фарзанди солиму солеҳро ба инобат гирифта, тибқи қонунгузории кишвар барои занҳое, ки панҷ ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд кардаанд ё кӯдаки маъюбро нигоҳубин ва тарбия намудаанд, ҳангоми ба нафақа баромадан имтиёз дода шудааст ва онҳо ҳуқуқ доранд, ки панҷ сол пеш аз синни муқарраршуда ба нафақа бароянд.

Имрӯз аз ин имтиёз қариб 67 ҳазор нафар занон истифода мебаранд, ки дар як сол ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зиёда аз 160 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодии ҷаҳони имрӯза, ки ба иқтисодиёти кишвари мо низ бетаъсир нест, чунин дастгириҳо дар оянда низ идома дода шуда, дар доираи имкониятҳои молиявии буҷети давлатӣ ҳаҷми маблағгузориҳо дар ин самт афзоиш меёбад.

Заҳмати софдилонаи занон ҳамасола аз ҷониби Роҳбари давлат қадршиносӣ гардида, дар муддати панҷ соли охир 500 нафар ва танҳо соли гузашта 75 нафар занону духтарон соҳиби мукофотҳои олии давлатӣ гардиданд ва мо минбаъд низ заҳмати занони фаъол, бонувони ташаббускор ва духтарони пешқадамро қадрдонӣ хоҳем кард.

Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон беш аз 20 ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ қабул карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид, ки ин санадҳо барои фаъолияти занону бонувон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварданд.

Вобаста ба ин, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки бинобар сабаби ба анҷом расидани муҳлати “Барномаи тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо”, инчунин таъсиси грантҳои Президенти кишвар барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ то охири соли ҷорӣ натиҷаҳои бадастомадаро таҳлил намуда, лоиҳаи нави санадҳои зикршударо барои солҳои 2016 - 2020 ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад.

Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.

Бузургони гузаштаи мо, ба мисли устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Имоми Аъзам, Унсуралмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон оид ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дастуру насиҳатҳои бисёр арзишманд мавҷуданд.

Устод Садриддин Айнӣ низ дар аввали асри ХХ оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва макони тарбияи атфол эълон намуда буд.

Чунин нишонаи арҷгузорӣ ба падару модарон, эҳтиром ба номи поки зан ва таваҷҷуҳ ба заҳмати духтарону бонувон имрӯз ҳам аз ҷониби аҳли илм, ва адабу фарҳанг идома дошта, дар навбати худ Ҳукумат низ барои дастгирии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардааст.

Аз қадим тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор мерафтааст.

Ба ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст.

Замоне, ки мардумони ориёӣ бузургтарин давлатдориҳои дунёи қадимро асос гузошта буданд, усулҳои тарбияи маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд дар онҳо ба ҳукми одат табдил ёфта буд.

Падари таърих Ҳеродот асрори бузурги мардуми ориёиро ҷустуҷӯ намуда, омили асосиро дар анъанаи неки тарбияи фарзанд ва муҳаббат ба Ватан дидааст.

Бино ба иттилои Ҳеродот мардуми ориёӣ чунин одат доштаанд, ки ба писарони аз 5 то 20 – солаи худ се илмро пайваста меомӯзонидаанд. Якум, аспсавориро ба хотири тарбияи ҷисмонӣ ва чусту чолок будани фарзанд, дуюм, тирандозӣ ё камонвариро ба хотири дифои Ватан ва ниҳоят, танҳо сухани ҳақ гуфтан, яъне рост гуфтанро барои тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ.

Инчунин Ҳеродот таъкид мекунад, ки маҳз ҳамин сифатҳо давлати қадимаи ориёиҳо - Ҳахоманишиёнро дар замони худ ба бузургтарин давлат табдил додаанд.

Модарон ва хоҳарони азиз!

Гарчанде мову шумо дар ин толор ба хотири гиромидошти Рӯзи модар ҷамъ омадаем, вале мехоҳам бо истифода аз ҳузури шумо дар бораи баъзе нуқсу камбудиҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа вуҷуд доранд, ибрози назар намоям.

Зеро ҳалли саривақтии онҳо занону модарон, бахусус оилаҳои ҷавонро боз ҳам хушбахт мегардонад ва баръакс, нодида гирифтан ё ба ҳоли худ гузоштани ин мушкилот ва камбудиву норасоиҳо боиси ғаму андӯҳ ва гузашта аз ин, бадбахтии оилаҳои навбунёд, дар навбати аввал, модарону хоҳарони азизи мо мегардад.

Махсусан, бо сабаби беназоратӣ, дуруст тарбия наёфтан, аз мактаб дур мондан ва аз муҳити тарбияи хонавода ва ҷамъият берун шудан боис гардидааст, ки иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд.

Қисми дигари фарзандон бо ҳамин сабабҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ҳамроҳ шуда, дар давлати ба ном исломии Ироқу Шом ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд ва аллакай даҳҳо нафари онҳо дар хоки бегона ба ҳалокат расидаанд.

Ҳол он, ки дар ояти 93 сураи Нисои Қуръони карим омадааст, ки “ҳар кӣ муъминро бар қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст”.

Оё модарон ва худи ин афроди гумроҳ намедонанд, ки ҷойи чунин ҷавонон дӯзах аст? Намедонанд, ки давлатҳои Сурияву Ироқ кишвари мусулмонҳо мебошанд ва аксари одамоне, ки ҳар рӯз қурбон мешаванд, мусулмонанд?

Бори дигар таъкид менамоям, ки ба чунин вабои аср бетараф будани оилаҳо ва аҳли ҷамъият оқибати ниҳоят бад дорад. Мо бояд фарзандонро дар дохил ва хориҷи кишвар зери назорати қатъӣ қарор диҳем, нагузорем, ки онҳо фирефтаи тарғиботи гурӯҳҳои тундрав шаванд, ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҳамроҳ гарданд, ба модар - Ватани худ хиёнат кунанд ва ба одамкушиву қотилӣ ном бароранд.

Аз хиёнат ба Ватану падару модар гуноҳи азиму бузургтаре нест. Аз ин рӯ, ба падару модарон ва аҳли ҷомеа муроҷиат менамоям, ки ба масъалаи тарбияи фарзандон бисёр ҷиддӣ муносибат кунед, барои таҳсили онҳо монеа эҷод насозед ва пеши ҳар гуна амалҳои нодурусти онҳоро гирифта, фарзандони лоиқи давронро тарбия намоед.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст, ҷудо шудани оилаҳои ҷавон мебошад.

Дар бартараф кардани ин проблема низ оила нақши муҳим мебозад ва яке аз сабабҳои ҷудошавиро мо дар дуруст ба роҳ намондани тарбияи фарзандон ва омода накардани онҳо ба ҳаёти мустақилона мебинем.

Мутаассифона, баъзе падару модарон ба фарзандони худ аксари масъалаҳои ҳаётӣ ва нозукиҳои зиндагиро намефаҳмонанд, ба ибораи Ибни Сино тадбири манзилро ёд надода, ҳамаи онро ба худи духтарон ҳавола менамоянд ва дар шуури онҳо ҳисси таҳаммулгароӣ ва сабуриву пуртоқатиро ташаккул намедиҳанд.

Дар натиҷа чунин духтарон бе тайёрии оилавӣ ба шавҳар мебароянд ва ба мушкилоти хонаводагӣ тоб наоварда, хонавайрон мешаванд.

Бинобар ин, мо дастур додем, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо роҳи ҷорӣ намудани фанни “Маърифати оиладорӣ” ба шогирдон тадбири манзил ё рӯзгордорӣ таълим дода шавад, то фарзандони мо аз асосҳои зиндагӣ огоҳӣ ёфта, ба ҳаёти мустақилона тайёр шаванд.

Аммо ин маънои онро надорад, ки модарон масъулияти тарбияи духтаронро аз худ дур карда, ба онҳо нозукиҳои зиндагиро таълим надиҳанд.

Модарон ҳамчун чароғи хонадон барои тарбияи фарзанд масъул мебошанд ва танҳо бо меҳру муҳаббат ва сухани нарми онҳо фарзандон дуруст ба камол расида, обрӯи оиларо дар миёни хешу табор, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардоранд.

Модарони азиз! Ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ диҳед, онҳоро дуруст ба воя расонед, маърифати оиладориро ба нури чашмонатон хуб таълим диҳед, ба онҳо маданияту одоб омӯзонед, то онҳо беҳтарин ворисони шумо гардида, кишвари моро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд.

Мардуми мо як ҳикмати бисёр соддаву зебо ва воқеан ҳаётӣ дорад: модар чӣ гуна, духтар намуна. Яъне духтар тамоми фазилатҳои зиндагӣ, аз ҷумла ҳаёву одоб, тарзи рӯзгордорӣ, ҳунари пухтупаз ва дигар заруратҳои ҳаётиро аз модари худ ёд мегирад.

Инчунин ҳурмату эҳтиром намудани шавҳар ба сифати сарвари оила ва ҳамчун сутуни хонадон нигоҳубину эҳтиёт кардани ӯро ба духтари худ танҳо модар меомӯзонад.

Дигар масъалае, ки дар ҳаёти ҷавонон бисёр муҳим аст, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштани онҳо мебошад.

Баъди пешниҳоди масъала дар паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардум дар васоити ахбори омма доир ба мавзӯи мазкур назару андешаҳои ҷолиб баён шуда истодаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз муоинаи тиббӣ нагузаштани ҷавонон яке аз сабабҳои ҷудо шудани оилаҳои онҳо ба шумор меравад. Бисёр кишварҳои пешрафта ин масъаларо дуруст ҳал намуда, санадҳои дахлдор қабул кардаанд.

Масалан, дар якчанд штати Амрико аз солҳои 50-ум, Миср аз соли 1994, давлати Урдун аз соли 2004, Амороти Муттаҳидаи Араб аз соли 2005, Қатар аз соли 2006, Арабистони Саудӣ аз соли 2008, Федератсияи Россия аз соли 2009 ба қонунҳои худ тағйирот ворид намуда, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштанро ҷорӣ кардаанд ва ҳатто дар баъзе кишварҳои зикршуда бе шаҳодатномаи тиббӣ никоҳро иҷозат намедиҳанд.

Дар кишвари мо ҳарчанд ки дар Кодекси оила масъалаи ба таври ихтиёрӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштан пешбинӣ шудааст, вале бисёриҳо онро чандон муҳим нашуморида, оқибатҳои вазнини оиладории фарзандонашонро андеша намекунанд.

Ҳол он, ки агар фарзандон пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаранд, бо ин амали худ барои бунёди оилаи хушбахт ва ба дунё омадани кӯдакони солим, ки меваи умри одамӣ мебошанд, замина мегузоранд.

Бинобар ин, ба ҷавонони азиз муроҷиат мекунам ва хотиррасон месозам, ки ин масъаларо саҳл нагиранд ва як умр зиндагии хешро бо кӯдакону фарзандони бемор хазон насозанд.

Вобаста ба ин, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, вазифадор карда мешаванд, ки механизми ба танзим даровардани муоинаи тиббиро бо мардум ҳамаҷониба муҳокима карда, пешниҳодоти худро дар хусуси ба танзим даровардан ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдор ҳарчи зудтар ба Ҳукумат манзур намоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар заминаи никоҳҳои хешутабории наздик низ таваллуди фарзандони маъюб зиёд гаштааст.

Воқеан, илми тиб зараровар будани никоҳҳои хешутабории наздик, аз ҷумла сабабҳои таваллуди фарзандони дорои нуқсҳои ақливу ҷисмониро аз чунин никоҳҳо исбот намудааст.

Олимони дунё, аз ҷумла донишмандони мо дар ин масъала як қатор ҳолатҳои ташвишоварро ба мушоҳида гирифтаанд.

Донишмандони соҳаи генетика ва тибби тоҷик сабаби бемориҳои солҳои охирро ба никоҳи хешутабории наздик низ мансуб дониста, тамоюли рӯ ба афзоиш будани онро илман исбот намудаанд.

Чунончи, аз 165 ҳазор нафар маъюбе, ки дар кишвар ба қайд гирифта шудааст, 35 фоизаш ба иллати никоҳи хешутабории наздик ба миён омадааст.

Инчунин, бо гуноҳи падару модароне, ки тамоку мекашанд ё гирифтори бемории нашъамандӣ мебошанд, кӯдакони зиёде бо нуқсу иллатҳои модарзодӣ ба дунё меоянд.

Аз никоҳи хешовандии наздик нуқсҳои модарзодии дил то 60 фоиз, бемориҳои асаб то 33 фоиз, рӯҳӣ то 19 фоиз ва чашм то 16 фоизро ташкил дода, як қатор бемориҳои ирсӣ низ зиёд шуда истодаанд.

Худатон тасаввур кунед, ки 165 ҳазор оила агар якнафарӣ маъюб дошта бошад, пас зиёда аз як миллион нафар ҳамватанони мо зиндагии маъюсонаву талх доранд.

Акнун ҳар яки шумо қазоват кунед, ки чаро мо бо дасти худ ва бо ихтиёри худ зиндагиамонро талх мекунем. Як сабаби паст шудани қаду қомат, заиф гардидани ҳофиза, барвақт фавтидани тифл ва маъюбии модарзодӣ никоҳи хешовандии наздик мебошад.

Барои муқоиса чунин мисолҳоро аз дигар кишварҳо низ овардан аз манфиат холӣ нест. Дар 70 тадқиқоте, ки олимони тибби Британия вобаста ба никоҳи хешутабории наздик дар миёни муҳоҷирони мусулмонтабори муқими кишварашон гузаронидаанд, дар ҳамаи онҳо хатари беморӣ, бахусус кару гунгшавӣ ва бармаҳал фавтидани кӯдак муайян карда шудааст.

Чунин ҳолатҳо дар Дания ва Швейсария низ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар масъалаи никоҳи байни хешу таборони наздик аз намояндагони мазҳаб, олимон ва донишмандони гузаштаву ҳозира ривоятҳо ва таъкидҳои зиёде мавҷуданд, ки дар онҳо никоҳи хешутабории наздик маҳкум карда мешавад.

Масалан, яке аз саҳобагони пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад ривоят овардааст, ки “ба хешу ақрабои худ издивоҷ накунед, вагарна фарзандони шумо лоғар ба дунё меоянд”.

Унсурмаолии Кайковус менависад, ки “зан аз қабилаи дигар интихоб намо, то бегонагонро хеш карда бошӣ, ки ақрабои ту аҳли ту бошанд”.

Ё худ дар изҳороти уламои Донишгоҳи ал-Азҳар омадааст: “Ба шарике издивоҷ кунед, ки дорои бемориҳои меросӣ набошад ва аз издивоҷ бо хешу ақрабои худ худдорӣ намоед”.

Мо бояд аз ин ишораву фармудаҳо хулоса бароварда, эҳтиёткор бошем, таъкидҳо ва гуфтаҳои гузаштагонро фаромӯш накунем, аз илми муосири тиб ва дастовардҳои он огоҳона истифода намоем ва якҷоя пеши ин хатарро гирем, то ки генофонди миллати азизамон ҳифз гардад ва наслҳои солим оилаҳои моро боз ҳам хушбахттар намоянд.

Тавре ки дар ёд доред, ман дар Паёми имсола як масъаларо беҳуда хотирнишон накардам. Мо дар ҳаққи фарзандони худ ҳамеша дуо мекунем, ки саломат бошанд, хушбахт шаванд, умри дарозу бобаракат бинанд, соҳиби фарзанд ва набераву абера гарданд.

Пас, биёед, ҳама якҷоя дар фикри амалӣ гардидани ин нияти неки худ шавем ва барои зиндагии хушбахтонаи оилаҳои ҷавон, ки давомдиҳандагони умри мову шумо мебошанд, шароит муҳайё созем.

Вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи падару модарон, омӯзгорон, табибон, оилаҳои пешқадам, занҳои бомаърифат ва уламои дин, пеш аз ҳама, ба шарҳи ҳамин масъалаи муҳим бояд равона карда шавад, то мо тавонем фарзандони хешро ба зиндагии мустақилона омода карда, дар оянда хушбахтии онҳоро бинем, на ин ки аз дарди ҷонкоҳи ҳаёти пажмурдаи онҳо як умр азоб кашем.

Вобаста ба ин, ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, супорида мешаванд, ки оқибатҳои издивоҷи хешовандони наздикро ба мардум дуруст шарҳ дода, пешниҳодоти худро доир ба ворид намудани тағйирот ба қонунҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ кардани никоҳи хешутабории наздик ҳарчи зудтар ба Ҳукумат манзур намоянд.

Бонувон ва модарони азиз!

Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.

Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест.

Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд.

Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд.

Мувофиқи маълумот вақтҳои охир баъзе занону духтарони сиёҳпӯш ба ҷанозаи одамони тамоман бегона ҳозир шуда, дар байни заноне, ки дар ҷаноза иштирок доранд, ба ҳар гуна тарғиботи дур аз таъриху фарҳанги деринаи халқи мо даст мезананд.

Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони соҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падару модарон ҷиҳати пешгирии ин масъала чорае андешида намешавад ва ин ҷиҳати кор низ ба дӯши давлат ҳавола гардидааст.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки Шӯрои уламо, Маркази исломшиносӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба масъалаи дин, танзими анъана ва маросимҳои миллӣ, телевизион ва радио якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пеши роҳи паҳншавии фарҳанг ва либоспӯшии бегонаро гирифта, аз натиҷааш мунтазам ба Ҳукумат гузориш пешниҳод намоянд.

Инчунин, ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд.

Вобаста ба ин, бо дарназардошти мафкура ва дастовардҳои замони нав ва дар асоси хусусиятҳои оиладории миллии тоҷикон, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи “Консепсияи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гурӯҳи корӣ таъсис дода, баъди омода гардидан ба Ҳукумат пешниҳод карда шавад.

Таҷрибаи таърихи гузашта ва воқеияти имрӯзаи кишварҳое, ки ба масъалаи таҳкими оила диққати ҷиддӣ надодаанд, нишон медиҳад, ки чунин беэътиноӣ боиси ба буҳронҳои шадиди маънавӣ ва демографӣ дучор шудани онҳо мегардад.

Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки ба хотири ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ талош намуда, симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманди халқамон устуворона ҳифз ва нигоҳдорӣ намоем.

Бонувон ва модарони гиромӣ!

Фикр мекунам, ки дар атрофи боз як масъалаи дигари муҳим - доир ба ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқи кӯдакон ҳамчун асоси хушбахтии оила бори дигар изҳори назар кардан дар Соли оила аз манфиат холӣ нест.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар паёми навбатии худ дастур додем, ки дар кишвар институти ваколатдори ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад, то ки манфиатҳои кӯдакон ва наврасон тавассути он ҳифз карда шаванд.

Баробари ин, волидайн ва махсусан модаронро зарур аст, ки аз синни тифлӣ сар карда, ба тарбияи кӯдакон диққати махсус диҳанд ва барои саодатманду соҳибмаърифат гардидани онҳо сайю талош намоянд.

Барои амалӣ гардидани ин мақсади наҷиб дар мамлакат ҳамаи шароити муносиб фароҳам омадааст ва бовар дорам, ки занони меҳрубони кишварамон минбаъд дар тарбияи кӯдакони худ бештар кӯшиш карда, насли солиму сазовори давронро ба воя мерасонанд.

Ба хотири ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон, амалӣ намудани ин ҳадафҳои нек ва дар доираи Соли оила пешниҳод менамоям, ки дар шаҳри Душанбе “Муҷассамаи модар” ва як маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” бунёд карда шавад ва дар он барои тарбия кардан ва ба воя расонидани кӯдакон тамоми шароити ҳозиразамон муҳайё карда шавад.

Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки барои сохтмони ин маҷмаа замин ҷудо намояд ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон лоиҳаи онро бо истифода аз беҳтарин анъанаҳои меъмории миллӣ ва муосир омода созад.

Модарону хоҳарони азиз!

Зан-модар посдори забони миллӣ низ мебошад. Беҳуда халқ забони давлатиро забони модарӣ намегӯяд.

Ин ҳақиқатест, ки кӯдакон онро аз синни хурдӣ шунида, бо ҳамин забон фозилу донишманд ва сухангӯву машҳур мегарданд.

Аз ин рӯ, таъкид менамоям, ки модарон ва ҳар яки шумо бояд ба фасоҳати забонамон диққати махсус диҳед, ба фарзандон дар баробари одоб ёд додан тарзи сухан гуфтан, тарзи муомила намуданро омӯзонед ва дар қалби онҳо меҳру муҳаббатро ба забони модарӣ афзун намуда, забонро поку беолоиш ва софу бегазанд нигоҳдорӣ кунед.

Дар баробари ин, завқи фарзандонро ба азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бедор карда, барои онҳо шароит муҳайё созед, то фарзандони шумо забондону соҳибихтисос ва шоистаи даврон гарданд.

Умедворам, ки дар Соли оила кору пайкори шумо боз ҳам фаъолтар гардида, ҳар яки шумо тамоми нерӯ ва заковати хешро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар мекунад ва дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзанда мегузоред.

Дар ин роҳи ниҳоят пурифтихор ба ҳар кадоми шумо барори кор орзу менамоям. Ҳамчунин, ба ҷавонмардони миллат хотиррасон месозам, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳмати ӯ расед, модарону занони худро самимона дӯст доред, доим пуштибони онҳо бошед ва коре кунед, ки модарону занони тоҷик на ашки ғаму ғусса, балки фақат ашки шодӣ резанд.

Бигзор, Рӯзи модарон ба ҳар пиру барнои диёр, занону модарони азиз ва духтарони меҳрубони мо хушрӯзиву саодатмандӣ насиб гардонад!

Бигзор, духтарони кишварамон хушбахту хуштолеъ бошанд ва дар оянда соҳиби хонаи ободу оилаи солим гарданд!

Бигзор, Соли оила боиси таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва рушди ҳаёти иҷтимоии он гардад ва занон чун парчамбардорони диёр дар он пешсафу сарбаланд бошанд!

Бигзор, ин соли хотирмон фарҳанги оиладории моро боз ҳам баланд бардорад ва ба ҳар оилаи мардуми шарифи Тоҷикистон сарфарозиву сарбаландӣ насиб гардонад!

Бори дигар Рӯзи модар, Соли оила ва иди баҳор ба ҳар яки шумо ва аҳли хонадонатон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Ҳамеша хушбахту хуштолеъ бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520