ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Варзоб озод намудани
Ятимзода А.Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ятимзода Акбар Табарӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
10 марти соли 2015
№394