Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафарзода Пӯлод Сафар
Сардори идора – сармуҳосиби Ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафарзода Пӯлод 20 июни соли 1959 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.

Соли 1981 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шӯъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ дар саноатро хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро соли 1981 ба сифати иқтисодчии калони Комбинати хизмати маишии ноҳияи Данғара оғоз кардааст.

Аз соли 1987 то соли 1988 дар вазифаи директори Комбинати хизмати маишии ноҳияи Данғара кору фаъолият намудааст.

Аз соли 1988 дар вазифаи сармуҳосиб ва аз соли 1995 то соли 2002 дар вазифаи директори Муассисаи хӯроки умуми ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз соли 2002 то соли 2004 дар вазифаи сармуҳосиби ҶСШП «ММД» ва солҳои 2004-2007 сармуҳосиби КВД «Маркази марка»-и Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи декабри соли 2007 то январи соли 2012 дар вазифаи муовини Сардори Идора – муовини сармуҳосиби Ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда аз 28 январи соли 2012 тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Аз 3 феврали соли 2015 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори идора - Сармуҳосиби Ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Оиладор, соҳиби 8 фарзанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520